четверг, 18 июня 2009 г.

Оид ба маънои Масчо

Дар як мақола аз ин пеш навиштаам, тахмине карда будам, ки вожаи Масчо аз вожаи дар деринзамон дар шакли Меҳрҷо буда бо тағйири овозҳо ҳосил шудааст. Ин тавр ҳам метавонад шавад, агар забоншиносон тибқи қонунҳои фонетикии забон дар тўли торихи дароз амалӣ гардидани онро табиӣ бишморанд.

Аммо аз Масеҳҷо ҳосил шудани Масчо осонтар ба назар мерасад ва касе забоншинос набошад ҳам шакке нахоҳад кард.

Масеҳҷо будани Масчо ин вожаро аз оини Меҳрӣ берун нахоҳад андохт. Зеро дар торих трансформатсияи Меҳр бо Исои Масеҳ исботи худро ёфтааст.

Эҳтимоли қавӣ меравад, ки номи ин ноҳияи води Зарафшонруд дар аввал Меҳрҷо буда ва пас аз фаромўш шудани оини меҳрӣ ва зуҳури дини масеҳӣ мардум Меҳрҷоро Масеҳҷо гуфтаанд.

Хоқонӣ низ Офтобро Масеҳ мепиндорад:
Субҳ шуд Марям, Офтоб Масеҳ,
Қатраи жола ашки Марями субҳ.


Аз қадимзамон дар Самарқанд ва атрофи он ибодатхонаҳои масеҳӣ вуҷуд доштаанд.

В.Вяткин дар китобчае, ки соли 1900 таҳти унвони «Материалы к исторической географии Самаркандского вилаята» чоп карда буд, оиди номи деҳаи «Она зиёрати»-и Шаҳрисабз гуфтааст, ки ин ном маънои бо модари худ вохўрдани паёмбар Исоро ифода мекунад.

Кўҳҳои ин ҷо Кўҳи Сафед ва Тахтгоҳи ҳазрати Исо-паёмбар ном доранд.

Яъне барои мардуми водии Зарафшон дар замонҳои тоисломӣ низ масеҳият як падидаи тамоман ношинос набудааст.

Дар кўҳистони Самарқанд як деҳаи тоҷикнишин Оқсой ном дорад. Ин ҷо як ғоре ҳаст мавсум ба Ҳазрати Довуд, ки зиёратгоҳаш кардаанд. Ҳама аз торих медонанд, ки паёмбар Довуд боре ҳам ба ин марз пой нагузоштааст. Яъне ин ғор дар замони бостон ягон номи авестоӣ ё меҳрӣ доштааст, ки мардум бар асари ягон фоҷиа аз ёд бурдаанд ва ба ғор номи қудсии нав додаанд. Зеро дар замони оини меҳрӣ одамхудо Меҳр (Митро) худ дар ғоре таваллуд шуда дер гоҳ ғорҳоро иқоматгоҳи худ ва ибодатгоҳи дини худ қарор дода будааст.

Комментариев нет: