воскресенье, 24 мая 2009 г.

Оид ба «Торихчаи шеру хуршед»

Ба шарофати Интернет аз сайти rezafazeli.net китобчаи донишманди эронӣ Аҳмади Касравии Табрезӣ «Торихчаи шеру хуршед» (чопи Теҳрон, иборат аз 35 саҳфа) ба дастам омад.

А.Касравӣ дар муайян кардани торихи пайдоиши намоди шеру хуршедӣ дар Эрон аз манбаъҳои мўътамад истифода бурдааст. Ҳамон манбаъҳое, ки дар Эрон ба онҳо дастрасӣ доштааст. Ў оиди он бозёфтҳои археологӣ ва манбаъҳои торихие, ки дар таъини нақши шуру хуршед камина дар блоги худ ҳарф задаам, чизе нагуфтааст. Яъне аз онҳо хабаре надоштааст. Касравӣ аз торихномаҳо танҳо ба асари Ибн Абрӣ «Мухтасари торих-ал-дувал» такя кардааст. Ва аз рўи нақли ин манбаъ пайдоиши намоди шерухуршедиро ба замони саҷуқиён ва ҳукмронии Ғиёсиддин Кайхусрав мутааллиқ медонад.

Ин шоҳи салҷуқӣ аз шоҳзодаҳои гурҷӣ зани зебое доштааст ва хостааст, ки бо чеҳраи ин зан пул сикка занад. Аммо уламои ислом монеи ин амали ў шудаанд. Ў бошад ба қавли хеш пофишорӣ мекардааст. Сипас маслиҳат додаанд, ки сурати зани гурҷии ўро дар рўи танга даруни офтоб ва болои шер ҳаккокӣ кунанд.

Баъд дар замони муғул низ бо намоди шеру хуршед сикка задаанд ва дар замони сафавия ривоҷи бештаре пайдо мекунад.

Дар сиккаи салҷуқӣ офтоб бо чеҳраи зан шакли давраи пурра дорад ва болои шер бошад ҳам аз он ҷудост.

Аммо дар сиккаҳои сафавиён офтоб нимдоира тасвир шуда аз паси шер тулўъ мекунад. Аз сафавиён ба ин рамз шоҳ Аббос бештар эътибор додааст, зеро аз замони ў сиккаҳои шерухуршедӣ зиёд расидаанд. Сафавиён дар дирафшҳо офтобро ҷудо аз шер пурра тасвир мекардаанд. Баъд аз сафавиён сулолаҳои дигар ин анъанаро идома додаанд, вале танҳо дар замони қоҷориён шеру хуршед рамзи давлати Эрон мегардад.

Носириддиншоҳ зулфиқор (шамшери) Алиро, ки дар баъзе сиккаҳои шоҳони пешин ҷудо тасвир меёфт, ба дасти шер мегузорад. А.Касравии Табрезӣ дар ин асар оиди тасвири шеру хуршед дар пештоқи қасри Гулистони қоҷориён ва қасри Амир Темур, ки Клавихо соли 1403 бо чашмони худ дида буд, чизе намегўяд.

Ў ба оини митроӣ вобаста будани намоди шеру хуршедро рад кардааст, ки ба ин хулосаи ў розӣ наметавон шуд. Оиди то замони салҷуқиён низ дар Эрон ва Осиёи Марказӣ вуҷуд доштани нақшҳои шер ва хуршед дар блоги Герби шердор далелҳои зиёде ҳастанд.

Аммо барои пажўҳишгароне, ки оиди торихи намоди шеру хуршедӣ асаре навиштан мехоҳанд, китобчаи А.Касравӣ яке аз манбаъҳои боарзиш хоҳад буд.

Оиди торихи сароғози намоди шерухуршедӣ ҳикояти Ибн Абрӣ боварбахш нест. Эҳтимол ин намод пеш аз салҷуқиён будааст ва вақте онҳо ба сикка ҷой додаанд, ин ривоятро бофтаанд, чун дар он замон мазмуни нақшҳои оини меҳрпарастӣ тамоман аз ёдҳо рафта буд. Салҷуқиён дар Самарқанд қасре насохтаанду чаро дар ин ҷо намоди шерухуршедӣ пайдо шудааст?

Агар Аҳмади Касравӣ пеши худ чунин суоле мегузошт, ба хулосаҳои хато роҳ намедод.

Комментариев нет: