вторник, 12 мая 2009 г.

Пўзиш аз Бобоҷон Ғафуров

«Ҳавнўз дар асри панҷуми пеш аз милод дар шаҳри Мемфиси Миср маъбади худои эронӣ Митро вуҷуд дошт. Дар давраи империяи Рим парастиши Митро дар бисёр мамлакатҳо расм гардида то ҷазираҳои Британия расида буд.» навиштааст Б.Ғафуров («Тоҷикон» саҳ.113).

Аз ин пештар таъкид карда будам, ки ба сабабҳои идеологӣ Б.Ғафуров аз оини меҳрпарастӣ ном набурдааст. Дирўз «Тоҷикон»-ро аз нав хонда ба сатрҳои боло дучор шудам. Боиси тааҷҷуб аст, ки оини митроӣ ба дигар кишварҳо ихтиёрӣ паҳн мешудааст на ба воситаҳои зўрӣ. Дар замони шўравӣ идеологияи атеистии коммунистӣ ба ҳама гуна асарҳои торихӣ нақши худро мегузошт. Ба ин сабаб Б.Ғафуров дар ин асар оиди дини зардуштӣ маълумот дода бошад ҳам имкон наёфтааст, ки дар бораи оини оппозитсионии зарвонизм муфассал ҳарф бизанад.

Аммо дар китоби Холиқ Мирзозода «Таърихи адабиёти тоҷик» (Душанбе, 1987) оиди зарвония маълумот ҳаст. Намедонам чаро, аммо ба ман нисбат ба зардуштия оини зарвония хуштар менамояд. Эҳтимол ба ҷиҳати бештар фалсафӣ буданаш (категорияи замон – асоси асосҳо) ё пешрафтатар буданаш.

Мақсад аз навиштани торих муайян кардани панди торих аст. Мо бояд ба суоли «чаро дини ислом тавонист ҷойгузини дини зардуштӣ шавад?» ҷавоби илмии асоснок пайдо карда тавонем.

«Зарвониҳо материалист ва зиндикиён пешбарандагони ақидаи даҳригӣ ва моддиюнӣ будаанд ва онҳо ҷаҳонбинии фалсафии худро ба метериализми Юнон ва Ҳинд омехта, онро пурқувват карда буданд» - навиштааст Х.Мирзозода.

Чаро зарвония натавонист ҷойгузини зардуштия шавад? Консерватизм танҳо хоси рўҳониёну давлатдорон буд ё тамоми мардуми Эрон? Оё ин консерватизм имрўз низ мушоҳида мешавад? Муҳим ин аст, ки аз маълумотҳои торихшинос дар китоби торих оварда мо барои пешрафти фикрии мардум дар замони ҳозира низ панде гирифта тавонем.

Комментариев нет: