среда, 6 мая 2009 г.

Бо ташаккур ба Абдулмаҷид Достиев

Ташаккури зиёд ба Равшани Темуриён, ки шумораи дувуми «Тоҷикони Русия»-ро ба почтаи ман партофтааст. Равшани Темуриён оиди даргузашти Тоҳири Абдуҷаббор сўгномаи пурдарде навиштааст, ки дар ин нашрия рўи чопро дидааст. Ман низ ин донишмандро яке аз шахсиятҳои намоёни миллат меҳисобам.

Тоҳири Абдуҷаббор чун узви комиссиюни герби нави ҷумҳурӣ пешниҳоди каминаро оиди ҳатман ворид намудани намоди шерухуршедӣ ба герби Тоҷикистон дастгирӣ карда буд. Афсўс, ки имрўз дар Тоҷикистон чунин донишмандоне, ки маълумоти қомуси дошта бошанд, яъне ҳам торихи фарҳанги 7-ҳазорсоларо донанду ҳам иқтисодшиносу сиёсатдон бошанд, ангуштшуморанд.

Дар ин шумора мақолаи Абдулмаҷид Достиевро, ки ҷавоб ба як мулоҳизаи Борис Литвинский дар рунет будааст, хондам. Ҷавоби Достиевро, ки ҳам донишманду ҳам фарҳангдўст аст, бе ҳаяҷон мутолиа наметавон кард. Дар ҳақиқат китоби «Тоҷикон» бо тору пуди фикри шахсии Б.Ғафуров саршор аст. Бояд дар назар дошт, ки ин асари ҷамъбасткунанда аст ва Б.Ғафуров наметавонист, аз асарҳои Литвинский ва дигар донишмандон истифода накунад.

Камина «Тоҷикон»-ро чанд бор хондаам. Ва доим баъди мутолиа ба чунин хулоса меомадам, ки Б.Ғафуров барои як асари аз «Тоҷикон» даҳ маротиб калонтари торихи тоҷикон дастури методологӣ навиштааст.

Ман бар чунин ақидаам, ки торихро аз рўи асарҳои торихшиносӣ не (зеро дар торихшиносӣ субъективизм ҳаст), балки аз рўи манбаъҳои торихӣ бояд омўхт.

Б.Ғафуров ба бозёфтҳои археологӣ ва дастхатҳои торихӣ чӣ гуна бояд обектив муносибат кард, омўзондааст. Афсўс, ки нашри манбаъҳои торихӣ дар Тоҷикистон ба дараҷае, ки мебояд, ба роҳ монда нашудааст. Аз нашри китоби «Тоҷикон» 37- сол гузашт. Дар Тоҷикистон ва дигар манотиқи тоҷикнишин бозёфтҳои нави археологӣ кашф шуданд. Яъне маълумотҳои нави дар 40-50 соли охир ба даст овардаи илми торих дар дар китоби «Тоҷикон» нестанд. Замона дигар шуд. Б.Ғафуров наметавонист, дар нивиштани «Тоҷикон» дастурҳои идеологии шўравиро пушти по бизанад. Ба ин сабаб торихи тоҷиконро асосан ҳамчун торихи муборизаҳои синфӣ қаламдод намуд, ба нақши динҳои меҳрпарастӣ, зардуштӣ ва ислом дар ташаккули фарҳанги тоҷик эътибор дода наметавонист.

Акнун донишмандони торихи Тоҷикистонро мебояд, ки кори саркардаи Б.Ғафуровро давом дода дар навиштани китобҳои нави торих ба ин доғҳои сафед барҳам диҳанд.

Комментариев нет: