суббота, 9 мая 2009 г.

Саразм маркази оини митроист?

Баҳси мо дар Интернет оиди герби собиқи Тоҷикистон аз муаммои тадқиқ нашудани торихи оини меҳрпарастӣ дар ин ҷумҳурӣ гувоҳӣ дод.

Дар як посух ба бостоншиноси ҷавон Фаҳод навишта будам, ки нишонаҳои оини митроӣ, яъне меҳрпарастиро аз деҳшаҳри Саразми 5500-сола пайдо кардаанд.

Имрўзҳо ба сабаби аз тарафи роҳбари ЮНЕСКО изҳори баррасии дохил кардани Саразм ба рўйхати ёдгориҳои нодири ҷаҳонӣ дар соли оянда боз Саразмро ба ёд оварданд.

Гуфта будам, ки бо роҳбари корҳои археологӣ дар Саразм Абдурааф Раззоқ сўҳбате доштам. Солҳои пеш чанд бор бо роҳбари базаи археологӣ дар Панҷакент марҳум Абдуллоҳи Исҳоқӣ низ сўҳбат карда будам. Саразми 5500-сола соли 1976 кашф шуда буд.

Деҳашаҳри Саразм ба асрҳои сангу биринҷӣ таалуқ дорад, бостонитарин маскани инсони маданӣ дар ин минтақа аст.

Абдуллоҷон Исҳоқӣ муътақид буд, ки Саразм дар ҳазорсолаҳои IV-III пеш аз мелод маркази тамаддуни води Зарафшон будааст. Дар тамоми Мовароуннаҳр дигар ягон шаҳраки аз Саразм қадимтарро наёфтаанд, мегуфт ў.

Бори аввал омўзиши археологии Саразм соли 1977 аз ҷониби Абдуллоҷон Исҳоқӣ шурўъ шуд. Ковишҳои то соли 1994 идома ёфта гувоҳӣ доданд, ки Саразм аз чаҳор қабати маданӣ иборат аст. Яъне чаҳор маротиба ба хок яксон шуда аз нав қомат афрохтааст. Археологҳо дар қабати мадании энеолитӣ, яъне 3500 ва 3000 сол пеш аз мелодии он хонаҳои зист, ибодатхонаҳо, анборҳо, гўрхона, зарфҳои сафолӣ, олоти сангину мисин, муҷасссамаҳои гилин ва аз ороишоти занонаи марҷону тиллову симин ва сангҳои гаронбаҳоро пайдо намудаанд. Тарзи ҷойгузинии хонаҳо ва кўчаҳо аз нақшаи муайяни меъмории шаҳрӣ гувоҳӣ медиҳанд 5500 сол пеш саразмиён асосан бо чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул буданд. Аммо дертар кулолӣ, бофандагӣ, чармгарӣ барин касбҳои хоси маданияти шаҳр пайдо шудааст.

Аммо мақсади мо муайян кардани оини саразмиён аст.

Бозёфтҳои қадимтарини Саразм гувоҳӣ медаҳанд, ки саразмиён мурдаҳои худро тибқи оини зардушти дафн накардаанд.

Саразмиён баъди кофтани гўр дар он хезум гузошта оташ меафрўхтаанд ва баъди хомўш гардидани оташ баъд майитро ба он ҷо мегузоштаанд. Баъди гўр карда шудан болои гўр боз як бор оташ меафрўхтаанд. Ин баёнгари он аст, ки оташ ҳамчун берунронандаи нерўҳои бадӣ истифода мешудааст. Археологҳо дар Саразм шаш ибодатхонаи тозардуштиро пайдо кардаанд. Аз инҳо ду ибодатхона қадимтарин буда 5500-5300 сол дорад. Ибодатхонаҳо аз рўи тарҳи муайян сохта шудаанд, аз тороли калон ва хонаҳои паҳлуӣ иборатанд. Дар байни толорҳо оташгоҳҳо ҳастанд ва онҳо доирашакл сохта шуда сурати офтобро таҷассум мекунанд. Чукурии пурхокистири оташгоҳҳо ва девори дар таъсири оташ пухтаи он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар он оташро доимо фурўзон нигоҳ медоштаанд.

Деворҳои яке аз маъбадҳо ранги сурх дорад, ки нишони қурбони чорво ба худои офтоб Меҳр аст.

Яке аз маъбадҳо дар шаклҳои мудаввари дохили ҳамдигар иборат аст ва шакли офтобро гирифтааст. Ин биноро Абдуллоҷон Исҳоқӣ «Маъбади офтоб» номида буд.

Тадқиқи антропологии устухонҳои аз гўрхонаҳои Саразм ёфташуда маълум сохт, ки саразмиён ба нажоди ҳинду аврупоӣ таалуқ доранд. Яъне пешгузаштагони мардуми тоҷиканд.

Дар Саразм бўстонсароҳо ва кохи ҳокимро низ кашф кардаанд, ки дар онҳо низ ибодатхонаи оташпарастӣ будааст. Бостоншинос Исҳоқӣ гуфта буд, ки бозёфтҳои археологӣ аз мавҷудияти 40 намуди касбу ҳунар гувоҳӣ медиҳанд, ки аз пешрафти тамаддун дар он замонҳо гувоҳӣ медиҳад.

Маданияти Саразм танҳо хоси як мавзеъ нест, масалан аз Дашти Қозӣ гўрхонаи бостониеро кашф кардаанд, ки мурдаҳоро ба усули тозардуштӣ гўрондаанд.

Аз Саразм то Панҷакент масафа 15 км ва то шаҳри Самарқанд 45 км аст. Ба ин сабаби наздикияш ба Самарқанд онро яке аз шаҳракҳои ба Самарқанд асосгузошта метавон ҳисобид. Бостоншиносони тоҷикро мебояд, ки дигар ашёҳои аз Саразм пайдогардидаро аз нуқтаи назари тааллуқоти онҳо ба оини Митроӣ биёмўзанд.

Он гоҳ метавон хулоса кард, ки Саразм яке аз марказҳои асосии оини меҳрпарастӣ буд.

Сангнигораҳои замони энеолити саргаҳи Зарафшонро низ аз рўи пайванди онҳо бо оини меҳрпарастӣ аз нав бояд тадқиқ намуд. Абдурауф Раззоқ навишта буд, ки дар Сои Сабоҳи Масҷоҳ дар байни сангнигораҳо суратиҳои чархи ароба ва одами офтобсар дучор мешаванд.

Чархи ароба яке аз рамзҳои ориёист ва одами офтобсар ҳамон худои офтоб Меҳр (Митро) мебошад.

Агар чунин тарзи тасвири Меҳр ягона мебуд, мегуфтем, ки ин ҷо тасодуфест. Аммо дар сангнигораи аз мавзеи Тамгали пайдогардида, ки ба ҳазораи якуми то мелод тааллуқ дорад, айнан тасвири чунин худои офтобсарро мебинед. Нигаред дар ин бора ба боби тасвирҳои китоби Л.Ремпель «Искусство Среднего Востока». Дар ин китоб сурати як муҷассамаи сангини Митро низ ҳаст, ки ба замони Искандари Мақдунӣ тааллуқ доштагист.

Комментариев нет: