среда, 28 октября 2015 г.

Палави софӣ



Оид ба палави софакӣ, ки ду-се нафар ошпази моҳир дар се дегу се оташдон дар Бухорою Самарқанд мепазанд, ягон вақти дигар хоҳам навишт.

Ин палавро танҳо дар маъракаҳо барои одами бисёр мепазанд ва ман надидаам. Палави софиро бошад, дар шароити хона тайёр кардан мумкин аст ва тарзи пухтани он дар китобҳои кулинарӣ дарҷ аст.

Палави софӣ таоми парҳезист, ба ин сабаб аз гӯшти гӯсфанди ҷавон ё гӯсола истифода кардан мебояд.


Ба як кило биринҷ якуним кило гӯшт мегиранд. Сабзию пиёз ҳамон қадар, ки дар боби палави самарқандӣ гуфтаам. Мавизи шибирғонии сафедро 300 грамм мегиранд. Дар аввал ба дег гӯшту пиёзу сабзиро андохта бо мурчу зира мепазанд, баъд мавизу биринҷро андохта меҷӯшонанд, то вақте ки биринҷ пурра оби дегро кашида гирад. Яъне ҳамон миқдор об истифода мешавад, ки дар боби палави самарқандӣ гуфтаам. Баъд дар байни биринҷ бо дастаи кафгир чандин сӯрохӣ месозанд.

Миқдори равғани растанӣ барои ин намуди палав 400 грамм аст барои як кило бирринҷ. Равғанро дар зарфи дигар 150-200 градус тафсонда ба ин чуқурчаҳо мерезанд ва баъд 20-30 дақиқа буғдам ба табақ мекашанд.

Ин намуди палавро бо пиёзи сабзи резакардашуда ва салатҳои помидор ва дигар навъҳои сабзавот истеъмол мекунанд.

Баъзан бо зирбак нахӯди як шаб пеш дар оби соддаи хӯрокӣ (пищевая сода) таркардаро мепазанд. Дар ин сурат миқдори нахӯд ба як кило биринҷ набояд аз як пиёла зиёд шавад, яъне 50-60 грамм. Ва миқдори биринҷро ҳамин қадар кам кардан лозим.

Палави софӣ низ мероси фарҳангии Самарқанду Бухорост ва он намудҳои палаве, ки дар Эрон ҳастанд, тамоман дигар хеланд.

Азбаски дар палави софию софакӣ амалиёти дар равған бирён кардан нест, ин палавҳо нисбат ба навъи палави самарқандӣ парҳезтаранд. Аммо инро дар боби калориянокӣ наметавон гуфт. Миқдори равғану гӯшт дар палави софӣ хеле зиёд аст ва қанди мавизи он низ калорияро хеле афзудааст.

Ба ин сабаб барои одамоне, ки хомфарбеҳ шудан намехоҳанд ва ё фишори хуни баланд доранд, палави самарқандӣ беҳтар аст нисбат ба палави софӣ.

Агар бо таъбири рассомон бигӯем, дар палави самарқандӣ як нав мувофиқати комили унсурҳои он, риояи эътидол, ки дар рангтасвир валёр меноманд ҳаст, яъне «Золотое сечение»- таносуби зарин.

Плавпазиро самарқандиён ба як намуди санъати таом табдил додаанд. Ситорапалав ва наргисӣ барин таомҳо бар он далолат мекунанд, ки ба хушнамудию хушбӯйии таом эътибори зиёде медиҳанд. Барои беҳтар кардани ранги он аз заъфарон ва зарчӯба барин намудҳои зиравор исифода мебаранд.   


Комментариев нет: