среда, 28 октября 2015 г.

Гаштакпалави самарқандӣ



Палави ҳарифона ва ё гаштак (гап) аз палави самарқандӣ фарқият дорад. Агар дар палави самарқандӣ гӯшт чоряки вазни биринҷ бошад, дар гаштакпалав баробари вазни биринҷ аст. Сабзӣ низ баробари вазни биринҷ аст. Дар гаштакпалав ба як кило биринҷ ба ғайри 200-250 грамм равғани растанӣ 200 грамм равғани дунбаи гӯсфандро доғ карда ҷазашро мегиранд. Дар гаштакпалав ҳар хел гӯштро истифода мекунанд, чун ин намуди палав дар асос ба палави самарқандӣ монанд бошад ҳам, аммо парҳезӣ нест.


Бисёр дидаам, ки ба як кило биринҷ ду кило гӯшт мегиранд. Чӣ қадар гӯшт зиёд бошад, палав хуштаъмтар мешавад. Палаве ҳаст, ки палави ҳақиқӣ ном дорад. Дар ин палав ба як кило биринҷ се кило гӯшт меандозанд.

Камина бар ин ақадаам, ки дар палав унсури асосӣ биринҷ аст ва набояд вазну ҳаҷми масолеҳи дигар аз биринҷ зиёдтар бошад. Агар гӯшти гӯсфанд ё гов серчарб бошад, набояд ба равғани растанӣ равғани дунба илова кард. Серчарб гӯштест, ки чарбаш аз даҳ фоизи вазни умумии гӯшт зиёдтар бошад. Ба ин бояд эътибор дод, чаро ки чарби бисёр монеае мегардад барои лаззат бурдан аз таъми хуши палав ва пеш аз ҳама бори вазнинест барои организми инсон.

Баъзе касон оши палавро бо нон мехӯранд. Нон ангиштобаи калорияаш баланд аст ва биринҷ низ ангштобаи калорияаш калон. Касе, ки палавро бо нон мехӯрад, миқдори калорияро ду баробар зиёд карда организми худро дучори хатари хомфарбеҳӣ, гипертония ва диабети қанд мекунад.

Баъди хӯрдани оши палав ягон навъи шириниро хӯрдан норавост. Тибби муосир чунин амалро қатъиян манъ кардааст. Баъзан як қалам (50 грамм) харбуза ё тарбуз мехӯранд. Чойи кабуди талх нӯшидан анъана аст, аммо дар назар бояд дошт, ки ҳама намуди нӯшокиҳои кофеиндор монеаи ҳазми таоманд.

Баъди палав хӯрдан ним соат бояд сабр кард, ки он ҳазм шавад, баъд ягон нӯшокиро метавон нӯшид.

Комментариев нет: