суббота, 31 октября 2015 г.

Баъзе нозукиҳои палави самарқандӣ



Пухтани палави самарқандӣ тайёрии махсусро мехоҳад. Пеш аз хама масолеҳи онро дуруст интихоб бояд кард.

1.      Об. Оби шабакаи шаҳрии об, ки дар таркибаш ишқори зиёди хлор дорад, таъму таркиби ошро тағийр дода метавонад. Ба ин сабаб ё аз оби чашмаву рӯдҳо ё аз оби на камтар аз як соат дар сатил гирифта монда истифода кардан мебояд. Дар як-ду соат хлор ба зери сатил таҳшин мешавад.

2.      Биринҷ. Навъҳои биринҷ гуногунанд. Биринҷҳои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, ки бӯи резин ва муш дорад, барои палави самарқандӣ мувофиқ нестанд. Бӯи бади ин биринҷҳо бар бӯи хуши иштиҳовари палави самарқандӣ ғалаба мекунанд.
Палави самарқандиро аз навъҳои беҳтарини биринҷҳо аз қабили девзираи сурху сафед, аланга, кенҷа ва авангард мепазанд. Бо девзира пухтанӣ бошанд онро 24 соат ба намакоб тар карда баъд истифода мебаранд. Дар вақти харидани биринҷ ба он эътибор медиҳанд, ки донаи он чӣ қадар сахттар бошад, ҳамон қадар беҳтар аст. Биринҷи сайқалнаёфта беҳтар аст чун витаминҳояшро нотарошидаанд.
Палави самарқандиро донадор мепазанд, яъне донаҳои биринҷ баъди пухтан дона-дона дар алоҳидагӣ чун донаҳои марворид медурахшанд. Барои ба ҳамдигар часпондани онҳо то ки вақти бо даст хӯрдан нарезанд, аз қассоб илик ё қисми зонуро талаб мекунанд. Агар оши парҳезӣ хоҳанд, вақти ба дег андохтани биринҷ як пиёла биринҷрезаро шуста илова мекунанд, то ки шираи он донаҳои биринҷро ба ҳамдигар часпонад. Самарқандиён биринҷи маҳалли шоликории худашон Конигилро дар хуштаъмӣ беҳтарин меҳисобанд.
3.      Гӯшт. Гӯшти гӯсфанд беҳтар аст, нисбат ба гӯшти гов чун холестиринаш хеле кам аст. Гӯшти гӯсфанди дар кӯҳу дашт калон шуда беҳтар аст нисбат ба гӯшти гӯсфандҳои дигар ҷойҳо. Чун аз ҷиҳати экологӣ тозатар аст. Гӯшти гӯсола беҳтар аз гӯшти гов чун ҷавон аст.
Гӯшти палави самарқандиро як рӯз пеш харида намак мекунанд. Агар гӯшти моли калонсол бошад барои мулоим шуданаш ба андозаи донаи чормағз пора-пора карда бо пиёзи резакарда ва каме шароб омехта дар ҷойи салқин нигоҳ медоранд.
Гӯштро дар равған зиёд бирён намекунанд, пардаи пиёз барин рӯяш сурх шавад, кофист.
Агар гӯшти нав бошад, нашуста ба дег меандозанд, агар гӯшти дирӯза ё кӯҳна бошад ҳатман ҷандин бор шустан лозим. Гӯшти кӯҳнаро ду-се бор бо оби тоза ҷӯшонида обашро партофта баъд ба дег меандозанд.
Барои палави самарқандӣ гӯшти серравған мувофиқ нест. Агар қабати гӯшт 10 см бошаду қабати сафед яъне ҷарби он аз як см зиёд он серчарб ҳисоб меёбад. Яъне чарбии гӯшт набояд аз даҳ фоизи сад зиёд бошад.
Агар бо гӯшти мурғ пухтанӣ бошанд, лаҳмашро мехаранд, ки дар ин маврид хусусияти парҳезии палав зиёдтар мешавад. Агар гӯшт набошад низ мепазанд палави бегӯшт.
4.      Равған. Равғани растанӣ беҳтар аст нисбат ба равғани чорво. Дар равғани чорво холестирин зиёд аст ва ба ин сабаб ба палави самарқандӣ мувофиқ нест. Самарқандиён ба равғани пахта (пунба) ё офтобпараст равғани зиғирро илова мекунанд баъзан чоряки вазни умумии равған ва баъзан зиёдтар.
Барои як кило биринҷ 150-200 грамм равған кофист. Агар биринҷ 2 кило бошад, миқдори равған низ ду карат зиёд намешавад, равғанро 300 ё 350 грамм мегиранд. Равғани зиғирро зиёд наметафсонанд, мегӯянд ки талх мешавад,
5.      Пиёз. Пиёзи сурх ва бунафш беҳтар аст нисбат ба сафеди он. Бехпиёз ба равған ширинӣ мебахшад, баъди бирён шудан бӯи хуш медиҳад. Ба ғайри ин бехпиёзро пора карда дар салат истифода мебаранд, агар мавсими пиёзи кабуд набошад. Агар лимӯ бошад, якеро бояд интихоб кард, чун ҳар ду витамини С доранд.
6.      Сабзӣ (ҳавич). Дар баъзе кишварҳо аз ҷумла дар Эрон низ биринҷи пухтаро бе сабзӣ истеъмол мекунанд. Дар ҳама намуди палави самарқандӣ миқдори сабзӣ аз 50 фоизи сади биринҷ кам нест. Дар аксар маврид барои як кило биринҷ як кило сабзӣ мегиранд. Сабзии поракарда зиёд бошад, як-ду дона сабзии поранакардаро низ меандозанд ба дег. Чаро ки сабзӣ дар вақти пухтан витаминҳои асосии худро гум намекунад, ки каротин яке аз онҳост.
Сабзиро Ибни Сино барои табобати бемориҳои шуш ва роҳҳои нафас тавсия кардааст.
Сабзии кӯҳнаро 50 фоиз зиёдтар мегиранд нисбат ба сабзии нав, чун миқдори витаминҳояш кам шудааст.
Баъди андохтани гӯшт, нисфи сабзии поракардаро ба дег андохта якҷоя бо гӯшт чанд дақиқа бирён мекунанд. Баъди сабзиро андохтан об қати мекунанд, то ки дар об бипазанд.
7.      Намак. Намаки навъи аълои йодиро бояд интихоб кард. Меъёри тиббии истеъмоли намак барои як кас дар як шабонарӯз 10-15 грамм аст. Азбаски ба салатҳо низ намак мепошанд, эҳтиёт шудан лозим аст, ки намаки ош баланд нашавад. Намакро дар оби ҷӯш об кардан беҳтар чун сангрезаҳо дошта бошад, дар зери зарф таҳшин мешавад ва онро ҷудо карда мегиранд.
8.      Мавиз. Дар бозор барои палав зираворфурӯшон мавизи ангури шибирғониро мефурӯшанд, ки каме сурх аст ва қандаш чандон баланд нест. Шибирғонӣ (кишмиш)аз глюкоза бой мебошад ва ғизои асосӣ ва беҳтарин барои мағзи сар аст.
9.      Нахӯд. Нахӯд дар палав таъми махсус мебахшад. Агар як шаб пеш бо як чойчумча соддаи хӯрокӣ тар кунед, ишқори он хусусияти боддорияшро барҳам медиҳад ва нарм мекунад. Нахӯд холестиринро ҷабида гирифта аз организм берун мебарад.
10.  Зиравор. Зираро 2-3 дақиқа пеш аз кашидани ош бояд андохт. Он аз бемориҳои рӯда пешгири мекунад, бӯи хуши палавро таъмин менамояд. Зарчӯба барои шахсони камхун давост.

Навъҳои палав, ки бар асоси палави самарқандӣ шакл гирифтаанд, бисёранд, аз қабили тухмпалав, қазипалав, кабкпалав, бедонапалав, мурғпалав ва ғайра. Ва ҳар як бо ягон мақсади шифоӣ таҳия мешавад.
Тухмпалавро вақте мепазанд, ки гӯшт нест ё истеъмоли он бо мақсадҳои парҳезӣ барои касе манъ шудааст. Ва он ду хел аст: Хели аввал ва осонаш - тухмҳои мурғро дар об пухта пуст канда болои палави ба табақ кашидашуда гузоштан. Хели дуввумаш баъди биринҷро ба дег андохтан барои қаламфури булғор ё помидор чуқурчаҳо сохта ба он ҷо қаламфуру помидорҳои тухми хом пуркардаро гузошта якҷоя бо биринҷ мепазанд.

Палав кайфияти инсонро боло мебарад, ба ин сабаб дар гаштак-ҷамъомадҳои мардон дар чойхона ё хонаҳои ҳамдигар он таоми асосист. Магар бад аст, агар одамон дар гирди табақи палав хурсандию сӯҳбатҳои дӯстона баргузор кунанд? Яъне палав тақвиятдиҳандаи риштаҳои дӯстист.

Комментариев нет: