вторник, 27 октября 2015 г.

Ситорапалави самарқандӣ



Ситорапалави самарқандӣ ҳамон тавр аст, ки дар мақолаи «Палави самарқандӣ» баён кардам. Фарқ танҳо дар он ки гӯшти онро дигар хел таҳия мекунанд бо иловаи тухми мурғи хонагӣ ё бедона.

Аввал тухмҳоро пухта баъд аз пуст тоза кардан гӯшти кӯфтаро атрофи тухм часпонида тӯбчаҳо месозанд ва болои зирбак мегузоранд.

Баъди ба табақ кашидани палав тӯбчаҳоро чор тақсим карда рӯи сабзии ош мемонанд. Зардию сафедии тухм мисли ситораҳо метобанд. Яъне як намуди таоми бостонии тоҷикии наргисӣ аст.


Намуди дигари ситорапалав низ ҳаст: гӯшту сабзиро ба андозаи нахӯд майда карда вақти кашидан болои биринҷ мепошанд, ки чун ситораҳо менамоянд. Чунин тавъи палавро бештар дар маъракаҳо мепазанд.

Самарқандиён палавро ҳеҷ гоҳ бе салат намехӯранд. Ва дар тобистон салати помидору бодиринг бо қаламфури булғор, дар моҳҳои сард турбу чаккаю салати карами сафед истеъмол мекунанд. Аз салатҳои карамӣ ба салати карами туршонда (квашенная) таваҷҷӯҳ доранд, ки витаминҳояш зиёд аст.

Комментариев нет: