воскресенье, 12 апреля 2009 г.

Посухи ҳаждаҳум

Яке эрод гирифт: дар як посух калимаи ҳаромзода-ро истифода кардед, ки чунин дуруштӣ ба шумо барин устодон намезебад.

Бояд таъкид кунам, ки калимаи ҳаромзодаро нисбати кўдаке, ки ғайриникоҳ таваллуд шудааст, истифода кардан палидӣ ва беинсофӣ аст. Чаро ки он кўдак гуноҳе надорад, агар падару модараш гуноҳе карда бошанд, чаро кўдак бояд таъна шунавад ва азоб кашад?

Дар фаҳмиши ман ҳаромзода касест, ки миллати худ ва фарҳанги онро намешиносад ва шинохтан намехоҳад. Беэътиборӣ ва беэътиноӣ нисбати нақшҳои миллиро агарчӣ дурушт ва таҳқиромез аст, ба ғайр аз бо вожаи ҳаромзодаги бо кадом калима ифода метавон кард?

Нашинохтани фарҳанги мардуми худ бо нашинохтани волидони худ баробар нест,ҷурмест вазнинтар яъне вожаи ҳаромзода нисбат ба маънои биоложи, бештар мазмуни маънавӣ пайдо кардааст.

Бубинед, падару модари Рустами достон Меҳроб ном дорад. Замоне, ки ниёгони мо дар меҳроб тасвири Меҳрро мегузоштанд, араб ба 360 бути Макка саҷда мекард, араб меҳроб надошт. Мо бошем, дар фарҳангҳоямон меҳробро вожаи арабӣ маънидод кардаем.

Агар ҳаромзодаи маънавиро ҳаромзодаи ҳақиқӣ ҳисоб накунед, дар ҷамъият вайронӣ ба вуҷуд меояд. Агар ҳаромзодаи маънавиро рўирост ҳаромзода нагўед, ҳамфикри ҳамон ҳаромзода ҳисоб меёбад. «Бардор ба оҳан оҳани тафтаро» гуфтааст шоир.

Оҳани тафтаро бо пунба намебардоранд.

Яке аз устоҳое, ки дар ороиши миллии иморатҳои ҳукуматии Тоҷикистон иштирок кардааст, ба ман чунин гуфт: - Президенти Тоҷикистон нақшу нигори миллиро хеле хуб мешиносанд. Вақте ки мо се-чор лоиҳаро пешниҳод мекардем, аз ҳама беҳтаринашро бехато муайян менамуданд.

Агар президент бо вуҷуди серкории азим вақт ёфта оиди нақшу нигори миллӣ маълумоти заруриро омўхта бошанд, пас айб аст, ки зиёиён чунин корро карда натавонанд.

Дар охир наметавон таъкид кард, ки сабаби дар байни мардуми мо адами тасаввурот оиди Меҳр ва образҳои вобастаи он дини ислом аст. Дини ислом асотирҳои худро овард ва ҷойгузини асотири ориёӣ намуд. Асотири ислом ҳама мутаалиқ ба мардумони арабу яҳудианд, дар байни онҳо ягон устураи мардумони эронӣ нест.

Дини зардушти мақими Меҳрро поин карда бошад ҳам, онро ҳамчун яке аз ҳафт фариштаи мақоми аввал нигоҳ дошт, яке аз рўзҳои моҳ ва яке аз моҳҳои тирамоҳ мавсум ба Меҳр гардид.

Азбаски арманиҳо оинҳои митроию зардуштиро пазируфта буданд ва Меҳрро Мгер меномиданд, он қаҳрамони асосии эпоси «Сасна тсерер» аст. Ба ин сабаб 150 номи онҳо вожаи «меҳр»-ро дар таркиби худ дорад. Шоири арман А.Исаакян дар асоси ривоятҳои арман оид ба Меҳр соли 1919 манзумаи ҳамосии «Мгер аз Сосун»-ро навишта чоп кардааст.

Комментариев нет: