вторник, 7 апреля 2009 г.

Посухи сездаҳум

Ҳамон рўзҳое, ки дар Душанбе мезистаму оиди зарурати сурати шер дар герби давлатӣ менавиштаму сухан мекардам, баъзе ашхос, ки аз наздик шудани тоҷикон ба Эрони шиа бим доранд, сахт муқобилат карда мегуфтанд, ки шеру хуршед рамзҳои давлати Эронанд. Ман мегуфтам, шумо торихро намедонед, ки чунин мегўед. Эрониҳо он шеру хуршеде, ки дар замони шоҳӣ дар дирафшии давлатӣ доштанд, аз мо гирифтаанд. Тасвири шеру хуршеди аз паси шер тулўъкунанда дар меъмории Эрон солҳои ҳукмронии шоҳ Оғо Муҳаммади Қоҷор (1742-1797) пайдо мешавад (қасри Гулистон дар Теҳрон). Сохтмони Шердори Самарқанд бошад, соли 1619 ба охир мерасад, ки меъмори он Абдуҷаббори Самарқандӣ аст.

Байни шерҳову хуршедҳои мадрасаи Шердори Самақанд ва кохи Гулистони Эрон фарқияти зиёде мушоҳида мешавад. Шерҳои кохи Гулистон дар даст шамшер доранд, дар тасвир натурализм зиёд аст, дар тасвири офтоб низ чеҳраи зан натуралистона кашида шудааст. Яъне аз услуби намодию гералдикӣ хеле дур шудааст.

Ман даъвои онро надорам, ки дар Эрони бостон тасвири шер намоди давлатдорӣ набуд.

Мо тасвири шерҳои болдору беболро дар девори қасрҳои Ҳахоманишиён мебинем. Аммо шеру хуршеди дирафши собиқи Эрон реша дар он надорад. Балки реша ба суннати дар пештоқи қасрҳои худ шеру хуршеди тулўъкунандаро насб кардани ҳокимонест, ки пеш аз Темур дар Самарқанд қаср сохтаанд. Сафири испан Клавихо, ки соли 1403 ба Самарқанд омадааст, сурати шеру хуршеди аз паси шер тулўъкунандаро дар пештоқи қасри Темур дидааст. Ин тасвирҳо дар ду тарафи дар такрор шудаанд, навиштааст ў. Сипас Клавихо мепурсад, ки чаро ба ин тасвир ин қадар аҳамият додаанд. Ба ў гуфтаанд, ки ин тасвир герби ҳокими собиқи Самарқанд аст. Яъне қабл аз Темур.

Пеш аз Темур Самарқанд дар итоати муғулҳо буд, ки чизе насохтаанд. Пеш аз он қарохониҳо буданд, ки ба қасрсозӣ вақт надоштанд. Пас эҳтимол меравад ин тасвирҳои шеру хуршедӣ дар замони сомониён ё ҳокимони пеш аз онҳо ҳукуматдошта намод қарор гирифтаанд.

Дар акс яке аз шеру хуршедҳои пештоқи қасри Гулистонро мебинед.

1 комментарий:

Ramin комментирует...

Дуруд бар шумо!
Бо ақидаатон дар бораи нишони давлатии Тоҷикистон дар бисёри маворид мувофиқам.

Банда танҳо манзуратонро нафаҳмидам вақте мегӯед "мо" ва "эрониён". Фикр мекунам манзуратон аз "мо" "тоҷикон" (ё худ эрониён) аст. Магар ин худ як навъи маҳалгароӣ нест, ки эронии шарқӣ ва ғарбиро аз ҳам ҷудо менамоем? Бояд бо ифтихор гуфт, ки шеру хуршед як намои эронист ва мо ҳам дар баробари ҳамқавмони бурунмарзиамон ба он ҳақ дорем.