пятница, 17 апреля 2009 г.

Идҳои миллӣ вобастаи тақвими миллианд

Тамаддуни эронӣ (тоҷикӣ) фалсафаи хоси ҳаётии худро ба вуҷуд оварда буд. Ман аз ин қабл дар асоси далелҳои як мақолаи Муҳаммадалӣ Исломии Надушан бартарии тамаддуни эронии тоисломиро бо тамаддуни мисрӣ нишон дода будам. Яъне асоси зиндагии эрониёнро кўшиш барои ҳаёти шоду босурур дар ин дунё ташкил медодааст. Ба ин сабаб гузаштагонамон ба ҷашну идҳо, ки аз унсурҳои шодиовару фараҳбахшанд, эътибори зиёд медодаанд.

Ҳеродот бошад, кайд кардааст, ки дар эрониён ҷашни зодрўзи инсонҳо бо шукўҳи хос таҷлил мешавад. Ба ин сабабҳо тақвими ниёгонамон пур аз ҷашнҳо будааст. Бубинед, ба ғайри Наврўзу Меҳргону Сада барин ҷашнҳои бузург боз чӣ қадар ҷашнҳои хурде будаанд, ки ниёгонамон онҳоро қайд мекардаанд ва ҳатто Рўзи хотираи мурдагон низ будааст. (Нигаред ба «Осор-ул-боқия»).

Идҳо аз бисёр ҷиҳат вобастаи гоҳномаи миллианд.

Бубинед, ки ҷашни Меҳргон ба рўзи Меҳри моҳи Меҳр (яъне рўзи шонздаҳуми он) рост меояд. Ва ин рўзе буд, ки некӣ бар бадӣ пирўз шуд, яъне Заҳҳокро дар кўҳи Дамованд ҳабс карданд.

Ҷашнҳои Сада ва Шаби Ялдо низ, ки дар зимистон ҷашн мегиранд, як нав ифодаи пирўзӣ ба олами сардӣ – нерўҳои бад маҳсуб мешавад. Боз идҳои зиёде будааст.

Берунӣ дар фасли “Дар идҳои моҳҳои суғдиён” овардааст: ”Аҳли Суғдро дар моҳҳои худ идҳои бисёре дар рўзҳои маълум ва рўзҳои гарон миқдоре аст, ки монанди идҳо ва айёми форсиён аст...

Навсард – Рўзи аввали он Наврўзи суғдиён аст, ки Наврўзи бузург бошад. Ва рўзи бисту ҳаштуми он зардуштиёни Бухороро идест, ки “Ромиши оғом” меноманд... Ва дар ҳар деҳе, ки бошад, назди раиси худ барои хўрдану ошомидан чамъ мешаванд”. Сипас, Берунӣ Чарчинамо, Найсанч, Басоканч, Мохирчаи дуюм, Амсихораро номбар мекунаду мегўяд, ки дар иди Амсихора аз он чи дар оташ пухта мешавад, парҳез мекардаанд. Дар иди Ашнохандо танҳо шароби холису ноб менўшидаанд. Баъд Мажихандо номбар мешавад, ки рўзи саввуми иди Кашмин гуфтааст. Эҳтимол, иди бозаргони аст, зеро бо оғози он ҳафт рўз дар Тавовиси Бухоро бозор баргузор мешудааст.

Фуғкон – иди миёнаи сол аст. Дар ин ид ҳар чизе ки бо орди арзан дар равғану шакар пухтаанд, дар оташкадаҳо чамъ шуда мехўрдаанд. Сипас Берунӣ Обонч ва Фуғ ном идҳоро ном бурда оиди чи хел будани онҳо чизе намегўяд ва оиди иди Масофуғ гуфтааст, ки даҳ рўз давом мекунад. Сипас, Жимжанч ном ид танҳо номбар мешавад ва Беруни оид ба Хишави мегўяд, ки дар охири ин моҳ аҳли Суғд бар мурдагони пешини худ гиря мекунанду бар онҳо навҳа мекашанд ва рўйҳои худро мехарошанду барои мурдагон таому шароб мебаранд. Чунонки эрониҳо дар фарвардагон ба ҳамин тариқ рафтор менамоянд. Ва аҳли Суғдро дар деҳкадаҳо дар айёме, ки номҳои он дар ҳар моҳ якест, бозорҳоест, ки дар деҳкадаҳои Бухоро ва Суғд барпо мегардад.

Баъди аз байн рафтани гоҳномаи миллии ниёгонамон идҳои пешин ҷои худро гум карда кам-кам фаромўш мешуданд. Ҳатто аз бузургтарин ҷашнҳои миллӣ – Наврўз маънои ҷашни сари соли навро гум кард. Вақте ки ин маънои асосии худро гум кард, ҷашни оғози мавсими киштукор гардид.

Мана чандин сол аст, ки ҳам аҳли фарҳанг, ҳам ҳукуматдорон дар Тоҷикистон зўр мезананд, ки мақоми пешинаи Наврўзро барқарор кунанд. Аммо чӣ тавр, як кас ҳамзамон ба ду асп савор шавад?

Яъне ҷашнҳои миллии пешин ҳамон вақт пурра барқарор хоҳад шуд, ки давлат тақвими миллиро эҳё ва ҷорӣ кунад.

Комментариев нет: