суббота, 11 апреля 2009 г.

Посухи ҳабдаҳум

Баъзеҳо суол мекунанд: агар меҳрпарастӣ оини ниёгони мо бошад, чаро осорашро дар фарҳангамон намебинем?

Чунон ки аз ин пеш зикр кардам, Меҳр ҳатто дар авали замони пайдоиши дини зардуштӣ аз худоёне будааст, ҳамсанги Аҳуро Маздо. Сипас Зардушт меояд ва бо мақсади ҷорӣ кардани яктопарастӣ Меҳрро ба мақоми фариштаи аҳду паймон, меҳру вафо в.ғ. поин мефурорад. Аз он замонҳои куҳан номи тоҷикии Меҳрӣ ба мо мерос мондааст, русҳо ба духтарҳо Мирра ном медиҳанд, ин ҳамон Меҳри бостонӣ аст. Меҳрро эрониҳо Миҳр мегўянд ва азбаски русҳо ҳарфи «ҳ»-ро талафуз намекунанд, «миҳр»-ро «мир» гуфтаанд. Онҳо ин калимаро на танҳо ба маънои сулҳу осоиш, балки ба маънои ҷаҳон низ кор мефармоянд. Ҷаҳон ҷоест, ки Меҳр ҳукмронӣ дорад.

Номҳои Гулмиру Элмир низ реша ба ҳамон Меҳри бостонӣ доштагист.

Эрониҳо ба оини меҳрпарастӣ таваҷҷўҳи хос доранд, эҳтимол ба ин сабаб маҳалли фурудгоҳи байналхалқиашон Меҳробод ном гирифтааст.

Аммо фикронии мо решагӣ нест, ба ҳамин сабаб ба як ноҳияи бостонӣ «Ваҳдат» ном ниҳодем, ҳол он ки Меҳробод гўем, ҳам ваҳдатро ифода мекарду ҳам аҳду паймони сулҳро.

Боре аз Финляндия як донишманди эронӣ ба Самарқанд омад. Музейҳоро дидааст, ки дар ягон ҷой сурати Аҳуро Маздо нест, хати мехӣ низ нест. Касе аз адибони тоҷик дар Душанбе ба ў гуфтаанд, ки агар мушкиле пеш омад, Адаш Истадро дарёб, кўмакат мекунад.

Сипас ба ман телефон кард. Ман гуфтам, ки сурати Аҳуро Маздо ҳаст, хати мехӣ низ ҳаст, аммо дар таҳхонаҳое, олимон онҳоро тармим мекунанд.

Баъд ман ўро ба Осорхонаи асосии Самарқанд бурдам, аммо роҳбари осорхона набуд ба сафари дур рафта буд ва бе иҷозати ў мо ба хазина даромада наметавонистем. Аммо русзане, ки дар он шўъба кор мекард, ин ҷо буд ва донишманди эронӣ оиди дар замони меҳрпарастӣ худои ягона доштани мардуми Русияву Эрон қисса кард. Ман ҳам таъкид кардам, ки бисёр калимаҳои тоҷикӣ (масалан калобаро ба русӣ колобок мегўянд, гулў – горло, гўш – уши, абрў – брови ва ғайра) дар забони русӣ низ дар ҳамин шакл вомехўранд.

Русзанаке, ки бе иҷозати махсус нишондода наметавонам мегуфт, хеле мулоим шуд, табассум кард, зарфи сурати Аҳуро Маздодорро ва хатҳои мехиро нишон дод. Бинед, ки таваҷҷўҳи мо ба оини бостониамон барои тақвияти дўстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бо халқҳое, ки аз Рим то Русия замоне оини меҳрпарастӣ доштаанд, хидмат мекардааст. Бинобар ин метавонем дилпурона дар баъзе ҷойҳо аз он муҷассамаҳои митроӣ, ки дар Рим вомехўранд, гузорем. Ва вақте ки ягон намояндаи давлати дигар омад, аз назди ҳамон муҷассама гузаронем ва гўем: - Ин пайкараи худои офтоб Меҳр аст, он замоне худои шумо низ буд. Биёед дар наздаш пиёда шавем ва ба ёд орем, ки замоне ягон дин ё ақида моро аз ҳам ҷудо намекард.

Комментариев нет: