суббота, 19 июля 2008 г.

САРНАВИШТИ КИБЕРБОЙ

Кибери кўҳнаи солхўрдаеро, ки Кибербой ном дошту ба сабаби гузаштани мўҳлати хизматаш рўзи дигар ба партов партофтанӣ буданд, ҳиссиёти худшиносиаш ба ҷўш омад ва ў аз хонаи хўҷаинаш одамизод бо қаҳру ғазаб баромада рафт. «Ҳоло майнаи ман занг назадааст, - фикр мекард ў раҳравон, - ман одамизод нестам, ки пир шавам. Маро таъмир кардан мумкин. Хайр, як поям саҳл мелангад, инро дуруст кардан мумкин. Дасти ростам ҳангоми ҷунбондан ғиҷиррос мезанад, ҳеҷ гап не, равған кунанд, ғиҷирросаш мемонад. Баъзан сарамро ба паҳлу гардонам, дигар ба пеш гардондан мушкил, ин ҳам он қадар айби калон не, ба ҳар ҳол нисбат ба радикулити одамҳо беҳтар».

Бо ҳамин андешаҳо Кибербой ба устохонае расид, ки дар пештоқаш «Устохонаи роботҳо» навишта шуда буд. Вале дар устохона одамҳо паспорти ўро варақ зада гуфтанд, ки мўҳлати хизматаш гузаштааст, дигар тармим намекунанд.

Кибери бечора хеле хафа шуд. Охир, кам не, ҳафтод сол ба одамизод аз сидқи дил хизмат кард, имрўз бошад, подоши ин хизмат он аст, ки ўро чун оҳанкўҳна мехоҳанд бипартоянд.

Кибербой дар назди дари устохона хеле нишаста монд. Агар оби чашм медошт, ҳоло ҳамаашро ҳамин ҷо рехта дилашро холӣ мекард. Агар гиря карда метавонист, аз алам хеле овоз андохта мегирист. Ба устохона одамон даробуро мекарданд. Одамон ба кибери кўҳнаи фарсуда, ки сарашро байни зонуҳои оҳанини шалақ ва зангзадааш гузошта андешаманд менишаст, эътиборе намедоданд. Кибере гурба барин савори сари дасти хўҷаин биёяд, дигаре саг барин аз паси хўҷаинаш чорпо шуда тохта меомад. Дар байни онҳо баъзан киберҳои бузургу мағрур ва ботакаббур низ вомехўранд, онҳо ба Кибербой ҳатто нимнигоҳе намекарданд.

«Эй, нодонҳо, - мегуфт Кибербой дар дилаш, - як рўз ин ҳол ба сари шумо низ меояд».

Ҳамин тавр дар офтобрўя батареяҳояшро аз қувва пур карда нишаста буд, ки баногоҳ дар пеши назараш як мактаббача пайдо шуда монд. Кибербой хеле тарсид, дасту пояш аз тарс дарақ-дарақ ларзида, пойҳои оҳану пластмассӣ тарақ-тарақ ба ҳамдигар бармехўрданд. Писарбачаи роҳгузар, ки дар даст портфел дошт, наздик омада, хандида гуфт: - Ҳа, бобо, аз чӣ ин қадар метарсӣ?

- Аз ту метарсам, - гуфт Кибери пир.

- Чаро аз ман метарсӣ? Ман ба ту чӣ кор дорам?

- Ту магар оҳанпора намеғундорӣ?

- Аз ҳаёт қафо мондаӣ, бобо. Мактаббачаҳои ин замона оҳанпора намеғундоранд. Онҳо бо корҳои аз ин ҳам муҳимтар машғуланд.

- Масалан, бо чӣ корҳо? - пурсид Кибрбой.

- Бо ғундоштани ҷирмҳои кайҳонӣ.

- Ҷирмҳои кайҳонӣ? – беихтиёр савол кард Кибербой, - масалан, чӣ хел ҷирмҳо: калон ё хурд?

- Ҳар кӣ ҳар хелашро ҷамъ мекунад. Масалан, ман ситораҳоеро ҷамъ мекунам, ки дар онҳо ҳаёти соф кибернетикӣ ҳукмрон аст.

- Маркаҳояшонро-мӣ? – бовар накард Кибери пир.

- Не, ман онҳоро ба қайд гирифта назорат мекунам ва ба олимони ситорашинос дар омўхтани онҳо ёрӣ мерасонам.

- Ин бисёр аҷоиб! – нидо кард Кибербой, - дар ҳақиқат ман аз ҳаёт бениҳоят қафо мондаам. Дар ҳақиқат маро ба партов партофтан лозим. Рости гап, ба ман бисёр алам мекунад, - гуфт бо сўз Кибербой, - охир ман ҳафтод сол ба одамизод хизмат кардам. Акнун ба ҷои он ки маро таъмир кунанд ва ман ҳам чанд рўзи дигар барои худам зиндагӣ кунам… - Кибербой дигар чизе гуфта натавонист. Чизе аз шиддати ғам дар гулўяш дармонд. Чароғҳои дарунаш мурданд: дилаш торикистон шуд.

Ба Кибери пир раҳми мактаббача омад.

- Ғам нахўр, Кибербобо, - гуфт ў, - ман туро ба як ситораи киберзодаҳо мефиристам. Он ҷо ҳама ҳамзабону ҳамҷисмони ту зидагӣ мекунанд. Ба қадри ҳамдигар мерасанд, охир ҳама ҳамтақдир ва ҳамтаркиб ҳастанд.

Дар ҳақиқат, барои мактаббачае, ки ситораҳоро ба мисли маркаҳо дарёфта коллекция мекард, бо воситаи ягон киштии алоқа ё боркаш ба ситорае фиристодани як нафар кибер кори мушкил набуд.

Қисса кўтоҳ, баъди он дар полизҳои деҳқонони Замин якчанд бор харбузаҳо пухта расиданд, Кибербой ҳам ба сайёраи дилхоҳаш Киберобод рафта расид.

- Зинда бод Киберобод! – гуфт Кибербой пой ба замини реглохи он гузошта.

- Дар ҳақиқат, - гуфт ў – ҳеҷ кас дар дунё хушбахттар аз кибери озод нест.

Дар дилаш гўё агрегатҳои ГЭС-ҳои азиме ба кор даромад. Аз хурсандӣ чароғҳои кайҳо боз бенури чашмаш нурафканӣ карданд ва ў хеле вақт суруд хонда рақсид.

Вале ин хурсандии Кибербой дер давом накард. Вақте ки ў барои назораи атроф болои теппаи баланде баромад, дид, ки байни ду тоифа киберзодаҳо ҷанги сахти пуршиддате рафта истодааст.

Чанги замин ба осмон хеста офтобро хира карда буд. Киберҳои секунҷа лашкари Чингизхон барин ба қалъаи киберҳои чоркунҷа ҳуҷум мекарданд. Дар ин ҳарбу зарб транзистору трансформаторҳо аз ҷуссаи киберҳо канда шуда ба ҳаво мепариданд ва баъзан ба пеши пои Кибербой меафтоданд. Ғиҷирроси оҳану пластмассаҳои ба ҳам соида ва тараққо туруқи бархўрдани онҳо хеле нофорам ва ғашовар буд.

Ба деги пурҷўш як коса оби хунук рехтагӣ барин шуд. Аккумулятор нишаст. Пеши чашми Кибербой торик шуду сараш чарх зад ва ў болои реги нарми теппа ғелид. Ҳамин тавр беҳуш хобид, то вақте ки рўзи дигар офтоб баромаду батареяҳои офтобӣ қувва ғун карданд ва ба Кибербой ҷон даромад. Ў нимхез шуда дид, ки хайрият ҷанг тамом шудааст.

Киберзодаҳои секунҷа ва чоркунҷа мурдаҳои худро меғундоштанд.

Дигар чанд вақте ки ў дар Киберобод буд, аз баҳси беҳудаи киберзодаҳои чоркунҷа ва секунҷа дилгир шуд. Секунҷаҳо мегуфтанд, ки шакли олӣ – шакли секунҷа, зеро чоркунҷа аз ду секунҷаи росткунҷа иборат аст. Чоркунҷаҳо бошанд, даъво доштанд, ки онҳо шакли олианд, зеро танҳо ду секунҷаи росткунҷа метавонад як чоркунҷа шавад. Чоркунҷаҳо даъво мекарданд, ки дунё чоркунҷа аст. Барои ҳамин ҳар як тоифа ба шакли худ мувофиқ, хонаву дар,боғу шаҳр сохта буданд. Ҳисси душманӣ байнашон он қадар зўр буд, ки ягон секунҷа чизе надошт, ки чоркунҷа бошад. Аз тўппиаш сар карда то пойафзолаш ҳама шакли секунҷаро дошт.

Ҳамаи инро дида, Кибербой сахт асаби гардид, дар натиҷа таносуби қувваҳои дохилиаш вайрон шуда, шиддати ҷараён дар транзисторҳои тарафи чапи сандуқи дилаш хеле баланд шуда рафт ва якбора дувоздаҳ предохранителаш сўхта, дуд аз димоғаш баромада монд. Агар муҳофизҳо намебуданд, худаш сўхта об мегардид.

Киберзодаҳои секунҷа ва чоркунҷа аз рўи анъана Кибербойро ба утилсирёи Киберобод супориданд. Аз каллаи ў ду чоркунҷа сохтанд, ки аз рўи анъана яке ба ҷануб рафту дигаре ба шимол. Аз танааш бошад, ду секунҷа сохтанд, ки яке ба шимол рафту дигаре ба ҷануб.

Бо ҳамин қиссаи Кибери пир монанди сарнавишти ҳазоҳо киберҳои гуногун, ки ба Киберобод ба умеди озодӣ ва хушбахтӣ меомаданд, анҷом ёфт. Вале ҷанги байни киберҳои секунҷа ва чоркунҷа, ки сохти умумӣ доштанд, танҳо дар шакл аз ҳамдигар фарқ мекарданд, боз ҳам бо қувваи зиёдтар давом кард.

2 комментария:

Анонимный комментирует...

Qissa dar xotimaash mahalgaroi tojikonro memonad..

Анонимный комментирует...

ba yak romani Ayzek Asimov monand, umuman miyoni tojikon fantastnavis nabud