суббота, 19 июля 2008 г.

ОДАМИ ГОВКАЛЛА

Пагоҳӣ аз хоб хестан замон ҳис кардам, ки сарам бениҳоят вазнин ва рўямро мўй пахш кардааст. Дақиқаҳои аввал сарфаҳм нарафтам, ки хоб мебинам, ё ки бедорам. Пардаҳои тирукамонранги тиреза ва партави тиллоии офтоби саҳар, ки аз байни пардаҳо ба хона медаромад, мегуфтанд, ки ман дар хоб нестам. Зеро ман ҳаргиз хоби ранга намедидам. Аз ҷоям хеста зуд ба ваннахона даромадам, ки афтамро дар оина бинам. Ба оина рў ба рў шуда каллаи говеро дидам, ки пешониқашқаи шохкўтоҳ буд. Шумо бояд гумон кунед, ки ман аз ин башараи хунуки худ тарсида аз ҳуш рафта афтидам. Не, танҳо сахт хафа шудам. Зеро ботинан ҳис мекардам, ки рўзе ба ҳамин монанд ягон балои азим ба сарам меояд. Хайрият, ки тамоман гов нашудам.

Дасту по, тана, гарданам аз они худам буданд. Гов дасту рўй, дандон намешўяд. Бинобар ин бо забони дарозам лабу биниамро лесида, ба хонаи кориам даромадам. Бисёр хуб, ки зану бачаҳоям ҳоло Қримро саёҳат мекунанд, вагарна башараи маро дида талхакаф мешуданд. Акнун бояд, ки роҳи баргардондани афти пешинаамро фикр карда ёбам. Борои он ки дардеро табобат кунанд, духтурҳо аввал сабабҳои пайдоиши он дардро муайян месозанд. Ҳоло вазифаи ман низ аз ҳамин иборат буд. Ҳар як одами мансабдор кўшиш мекунад, ки солҳои дароз курсии худро аз даст надиҳад. Барои ҳамин дар институт асосан ҳамшаҳриҳои худро гирд овардам. Вале ман наметавонам, ки тамоми институтро аз ҳамшаҳриҳоям пур кунам. Ин кори хатарнок аст. Қисми ками ҳайати кормандони институтро бояд, ки бегонаҳои нисбатан миёнаҳол ташкил кунад. Инро бинед, ки байни ҳамин бегонаҳо якта Эйнштейни оянда пайдо шуда монд, ки мо ба ў лақаби Эйнштейнчаро дода будем. Ҳарчанд кўшидам, ки «фондҳо тамом шуданд, пул нест» гуфта, ба харидани аппаратураҳои ба кори илмиаш зарур монеъ бошам, нашуд. Мошинҳои электронии кўҳнаи нодаркори корхонаҳою институтҳои илмиро ба пули худаш арзон харида, аз онҳо мошини нав сохта корашро давом дод. Дина ҷонишинамро ба лабораториаяш фиристодам, ки аз аҳволаш хабар гирад. Агар кораш мисли солҳои гузашта хуб бошад, ба лабораторияаш оташ занем. Ҷонишин дере нагузашта баргашту гуфт:

- Аҳмад Аҳмадович, даҳшат! Эйнштейнча рўямро сиёҳ кард.

Рўи ҷонишинам ҳақиқатан ангишт барин сип-сиёҳ буд.

- Ранг пошид?

- Не мавҷҳои номаълуми мошинаш сиёҳ кард.

- Шуд! – гуфтам ман мизро ба мушт зада. – Баҳона ёфт шуд, ана акнун барои ин беадабиаш аз кор пеш мекунам!

- Аз кор пеш мекунем, вале рўи маро кӣ сафед мекунад? – қариб, ки гиря мекард ҷонишинам.

- Худи Эйнштейнча сафед мекунад. Гардед, ман ҳоло вайро чунон боб кунам, ки чашмаш мош барин кушода шавад.

Вақте ки ману ҷонишинам ба лабораторияи Эйнштейнча даромадем, вай хурсандона суруд мехонд, лентаи сурохдори мошинашро аз назар мегузаронд. «Ист, ҳоло суруди мотаматро мехонӣ» гуфтам дар дилам. Вай ақаллан сар бардошта ба мо нимнигоҳе накард. Барои ў мо дар олам гўё ки вакуум будем.

- Рафиқ Эйнштейн! – дод задам ман сими мошинашро аз розетка ҷудо карда, - Шумо ба тамоми ҳаёти илмиатон хатти батлон кашидаед. Достони шумо сар нашуда ба охир расид. Дафъ шавед!

Вай бошад, давида омаду ҷараёнро аз нав ба мошин пайваста гуфт:

- Айби ман не. Ба лабораторияҳои мо бе иҷозати соҳибаш даромадан манъ аст. Инро ҳама нағз медонанд. Ман аз куҷо медонам, ки дили ҷонишинатон сиёҳ будааст. Охир ин мошини нави ман ҳар чизе ки дар дили одам бошад, онро ба рўяш нақш мекунад.

Баъди ин гап ман низ тарсида қафо гаштаму зуд аз дар баромадам. Аз бало ҳазар! Ҷонишин низ баромада гурехт, ки мошин боз ягон таъсири бад мекунаду ҳолаш аз ин бадтар мешавад.

Эйнштейнча аз паси мо аз дари лаборатория сарашро берун кард ва хандида гуфт:

- Чӣ метарсед? Охир, шумо одамони покдил ҳастед! Дигар ин ки хоҳеду нахоҳед аллакай мавҷҳо ба узвҳои шумо таъсир карданд. Рўятон ҳамон вақт сафед мешавад, ки дилатон пок шавад.

- Албастӣ! – гуфт ҷонишин ва бо фиғон аз бинои институт баромада гурехт.

Ман бошам, намедонам чӣ кор кунам. Ҳоло бегоҳӣ соати кории идораҳои боло тамом шудааст. Ба оина нигариста дидам, ки хайрият, дар рўям тағйироте нест. «Ҳеҷ гап не, худро тасалло медодам ман, - рўзи дигар ин олимчаро аз ҳаллоҷӣ гузаронида, ғозашро мекашам».

Бо ҳамин андешаҳо ба хона меомадам. Вақте ки мошинсавор аз байни саҳро мегузштам, чанд бор дар дилам хоҳише пайдо шуд, ки ба юнучқазор даромада алаф хўрам, вале бо азобе ин хоҳишро фурў нишондам. Як бор аз пешам подаи говон баромада монд, аз мошин фуромада, ба пода ҳамроҳ шуда рафта истода будам, ки подабон дод зад:

- Ҳўй, мулло-ака! Ба шумо чӣ шуд?

Баъд ба ҳуш омада ҳис намудам, ки кори нағз накардаам. Аз подабон шарм доштам. Қафо гашта ба мошин нишастам. Баъд аз ин омада фикр мекардам, ки ба Эйнштейнча чӣ кор кунам? «Бо шохҳоям зада шикамашро чок мекунам. Э-э… Чӣ ман гов шудаам?».

Дар сари ин андеша будам, ки телефон занг зад.

- Лаббай.

- Аҳмад Аҳмадович шумо? – пурсид хавотиромез ҷонишинам.

- Ҳа ман.

- Ҳозир аз радио як хабари нохуш расид, шунидед?

- Не.

- Зодгоҳамон, шаҳри бостонии азизамон дигар нест.

- Чӣ хел нест?

- Зилзила шуда шаҳр фурў рафтааст. Ақаллан ягон кас зинда намондааст.

- Маълум мешавад, ки ин ҳам боз як гуноҳи азими Эйнштейнча. Охир, мо мошини электронии Эйнштейнчаро барои санҷиш дар он ҷо гузошта будем-ку! Вай, охир зилзиларо пешгўӣ мекард-ку!

- Мо мошинро барои он гузошта будем, ки дар шаҳри азизамон ягон бор зилзила нашудааст ва умедвор будем, ки дар оянда зилзила нахоҳад шуд, кашфиёт аз санҷиш нагузашта, кашшоф пир шуда мемурад.

- Ин тавр бошад, чаро мошин зилзиларо пешгўӣ накардааст?

- Шумо худатон гуфта будед-ку…

- Ман ҳазл карда бошам, шумо ун хел кардед?

- Ҳа, ман як сими лучи дугазиро даруни он фаромўш кардам будам.

- Агар комиссия онро ёбад, каппаатон месўзад.

- Ман аз ин тарафаш хотирҷамъ. Охир сардори комиссия шумо мешавед, ё ки яке аз ошноҳои шумо мешавад.

- Не, дар ин ҳолат аз марказ меоянд.

- Рўям сиёҳ! – гуфт ҷонишин. – Мошинро ман ба истифода дода, мўҳру сурғуч зада омада будам. Аҳмад Аҳмадович, хоки поятон шавам, ягон илоҷашро ёбед.

- Ягон илоҷ меёбем, вале виҷдонатон канӣ?

- Аҳмад Аҳмадович, ман то ҳол ҳамаи гуфтаҳои шуморо бечуну чаро иҷро мекардам. Ва ҳеҷ гоҳ аз худам намепурсидам, ки ин кор аз рўи виҷдон ё не! Виҷдони шумо – виҷдонии ман.

Баъди гўшакро монданам, телефон боз як бор занг зад.

- Аҳмад Аҳмадович? – шунида шуд овози Эйнштейнча.

- Ҳа.

- Гов! Балки аз гов ҳам бадтарӣ. Ту фармон додаӣ, ки ба лабораторияи ман оташ зананд?! Дониста мон, ки лабораторияи ман автоматҳои сўхтор хомўш мекардагӣ доранд, тират хок хўрд! Оташ аз долон гузашта, кабинети худатро хокистар кардааст, омада тамошо кун!

Ман гўшакро партофтам. Ин боз як сиёҳкории ҷонишинам буд. Говигарии худам низ: Магар ман гов шудаам? Не, гов будам. Говигарӣ дар ботини ман пинҳон будааст. Вале акнун баъзе нишонаҳои он аён мегарданд. То ин дам ман онро бо сурати одам хаспўш мекардам. Шамоле хесту хасҳоро тит кард. Гов аён шуд. Гов будан айб не. Сарчашмаи инсоният аз говмардест, ки нима марду нима гов будааст. Рассоми машҳур Пикассо низ дар сураташ одамеро тасвир кардааст, ки сараш ба каллаи гов монанд аст. Ҳоло мебинед, замоне мешавад, ки одам буданро айб медонанд. Ҳамин тавр, ҳама мизоҷи ҳайвонотро аз худ мекунанд. Яке шеру дигаре рўбоҳ, яке гургу дигаре гўфанд, яке мору дигаре моҳӣ мешавад, - фикр мекардам ман. Вале ман ҳоло чӣ кор кунам? Бо ин сурати даҳшатангез ба кўча баромада намешавад. Кору зиндагӣ карда намешавад. Агар ботинан одами накўкортарини олам бошад ҳам, мардуми нек аз ин афти ман тарсида мегурезанд. Мегурезанд, то ки бори ҳазору якум фирефтаи одамсурати ҳайвонмиҷоз гарданд.

Бегоҳӣ ҳаво торик шудан замон ба роҳи оҳан меравам. Поездро интизор мешавам, ки ин сари гов аз танаи одам ҷудо шавад.

Роҳи дигар нест.

Комментариев нет: