четверг, 24 июля 2008 г.

АНГУРОБОД

Муҳаммад-бобо баъди аз ҷанг баргаштан дар ангурбоғи университет, ки аз деҳа чандон дур набуд, боғбон шуд. Роҳбарони колхоз аз ў бисёр хоҳиш карданд, ки дар саҳрои Чунгул сардори бригадаи токпарварӣ шавад, аммо вай розӣ нашуд. Зеро воқеаҳое ки пеш аз ҷанг дар колхоз рўй дода буданд, дили ўро аз роҳбарон хунук кардаанд. Ў солҳои пеш аз ҷанг аз ҳар гектар ток чорсад-панҷсад центнерӣ ҳосил гирифт, вале ба хеши раис Раҳимбой, ки токзораш камҳосил буд, панҷсаду даҳ центнерӣ нависонданд.

Раҳимбой соҳиби мукофот ва обрўи баланд гардид. Муҳаммад талабгори мукофот набуд. Лекин вай аз он ранҷид, ки раис ҳақиқатро зери по кард.

Ҳар саҳар Муҳаммад-бобо аз байни токзори колхоз мегузарад. Токпарварон мўйсафеди ба тарафи ангурбоғи университет шоду масрур рафтаистодаро дида, аз ҳамдигар мепурсанд.

- Рост аст, ки Муҳаммад-бобо пеш аз ҷанг ҳосили панҷсад центнерӣ мегирифтааст?

- Ҳа, - мегўяд яке аз куҳансолон, - мо худамон шоҳид будем. Ангури ўро ман он солҳо бо ароба бурда дар тарозу бар кашида, ба пункт месупоридам. Пуштаҳои токзори бригадаи вай сурма барин мулоим буд. Онҳо ба решаи ток хоки бегона, кулўхи кўҳна ва поруи сўхта меандохтанд. Агар ягон кас тасодуфан нарди токро шиканад, ё дар вақти кор решаашро бурад, ҷони Муҳаммад-бобо намебаромаду халос. Вай токро фарзандаш барин нағз мебинад. Он вақтҳо ҳама кор бо зарби каланд ва зўри бозу карда мешуд.

Баъди ҷанг дар колхоз ҷанд каси дигар раис шуданд, вале Муҳаммад-бобо барнагашт. Зеро дар ангурбоғи университет, ки як ҷузъи боғи ботаникӣ ҳисоб меёфт, ҳама навъҳои ангурҳои хуштаъму дўстдоштаи ў буданд. Колхоз бошад, навъҳои пўстғавсу мавизбоб ва шаробшавандаи ангурро, ки бештар даромад медод, парвариш мекард. Навъҳои нозуку хуштамъ танҳо дар боғҳои баъзе кўҳансолон ва ангурбоғи университет боқӣ монда буданд.

Муҳаммад-бобо ба ангурбоғи университет боз ба он сабаб дилбастагӣ дошт, ки дар ин ҷо ба ғайри навъҳои таҳҷоӣ, навъҳои нодири аз мамлакатҳои дигар оварда низ буданд. Ба ғайри ин вай дар ин ҷо бо олимони токшинос вохўрда, сўҳбат мекард.

Мўйсафед дар ҳамин ҷо фаҳмид, ки дар тамоми дунё ҳашт ҳазор, вале дар Тоҷикистон танҳо дусаду ёздаҳ навъи ангур парвариш меёфтааст. Ангурпарварӣ дар диёри мо шаш-ҳафт ҳазор сол пеш ҳам дар авҷ будааст. Чанд аср қабл аз милод сайёҳи юнонӣ Квинт Курций Руф навиштааст: «Бохтар табиати гуногун дорад, дар ин ҷо ток меваи бисёр ва ширин медиҳад».

Муҳаммад-бобо бовар дорад, ки ҳама касалиҳои одамизодро ба воситаи ангур табобат кардан мумкин аст. Ў ин ақидаашро борҳо ба олимони токшинос изҳор кардааст. Вале онҳо ба ин гапи ў қисман розӣ мешуданд. Дуруст аст, ки ангур гемоглобини хунро зиёд ва системаи асабу мушакро мустаҳкам мекунад. Ба муолиҷаи касалҳои сил, ҷигар, меъда, гурда, шуш, асаб ёри мерасонад. Лекин ягон одами бемор танҳо ангур хўрда сиҳат нашудааст. Вале Муҳаммад-бобо ба ин гап эрод гирифта, ҷавоб медиҳад, ки ҳоло олимон хусусиятҳои табобатии навъҳои гуногуни ангурро пурра кашф накардаанд.

- Меваи ток на танҳо беморро сиҳат мекунад, балки пеши дардро низ мегирад. Масалан, ман, - мегўяд ў, - дар тамоми умрам ягон бор ба духтур нарафтаам. Чаро? Зеро тобистон меваи тару зимистону баҳор мавизу ширинии ангур мехўрам. Ангур аз ҳама гуна дору безарартар.

Агар касе ба ин гапҳои ў шак меовард, ў исбот мекард, ки токпарварон табиатан шоиранд. Думи рўбоҳ, зулфи арўс, ангушти булўрин, лаъли хўшадароз, биҳиштӣ, дили кафтар ва ба ҳамин монанд номҳои зеборо ба забон меоварад. Агар ангур набошад, рубоиҳои Умари Хайём куҷо? Ба замми ин Муҳаммад-бобо аз даҳони касе шунидааст, ки дар вақти корфтуковҳои археологӣ мўҳри симини яке аз шоҳони бостонии Суғд ёфт шудааст, ки дар он сурати барги току хўшаи ангур сабт будааст. Барои ҳамин ў ангурпарвариро ба таърихи халқ сахт марбут медонист ва оши палавро бе барги току ғўраоби ангур намехўрд. Вай баргҳои мулоими токро фасли баҳор чида, дар сирко хобонда, баъд онро тамоми фаслҳои дигар истеъмол мекард.

Дар фасли гули ток бошад, шабона ба хона наомада, дар токзор хоб мекард. «Ҳеҷ як гул шукуфаи ток барин бўи гуворо надорад», - мегуфт ў.

Муҳаммад-бобо ҳар субҳ ангурзорро давр зада, бо ҳар як ток гуфтугў мекард. Ў махсусан ба навъҳои кашфкардаи худаш – «Сурайё» ва «Меҳрангез» дилбастагӣ дошт. Вай ба назди токҳо омада, бо нигоҳаш ниҳолҳоро навозиш мекард ва навдаҳои ба ҳампечидаи онҳоро ҷудо карда, имконият медод, ки баробар офтоб хўранд ва ба ҳамдигар соя наандозанд.

Муҳаммад-бобо барои аз ангур май кашидан сахт муқобил буд. Барои ҳамин мекўшид, ки ангурҳои аз май беҳтарро кашф кунад. Масалан, як хели ангури кашфкардаи ў «Кайфи фалак» ном дошт, хеле хуштаъму хуморбахш буд. Агар як шингил аз он бихўред, дақиқае чанд маст мегардед ва худро мисли пари қу сабук ҳис мекунед ва дар дил беихтиёр орзуи бол бароварда парвоз кардан пайдо мешавад. Ба ҳама маълум, ки арақ асабро хароб мекунад, вале ангури «Кайфи фалак» баръакс, асабро мустаҳкам мекард ва ба саломатӣ ҳеҷ зиёне надошт.

Кори Муҳаммад-бобо дар ангурбоғ барор дошт, вале ў танҳо буд. Ректор ваъда карда буд, ки ба боғ боз як коргар таъин мекунад. Вай ба ваъдааш вафо кард. Рўзе директори боғ як занаки якпояро бо писарчаи чорсолааш ва асбобҳои рўзгораш ба хонаи холии боғ кўчонда овард. Баробари дидани ин занаки маъюб, ки чашмони андўҳгин дошт, дар дили мўйсафед як ҳисси тараҳум бедор шуд ва писарчаи рангпаридаи ўро ба оғўш гирифта гуфт: - «Биё, ҷўра мешавем, номат чист?»

- Номаш Тошмат, падараш ҳамин хел ном дода буд. Як дўсти серпулаш Тошмат ном дорад, - ҷавоб дод занак.

Писарча ба мўйсафед зуд унс гирифт. Зеро Муҳаммад-бобо бо теша аспчае тарошида, ба ў ҳадя кард. Мўйсафед кўшиш мекард, ки сабаби танҳоӣ ва маъюбии занакро напурсад, то ки ба ҷароҳати дилаш нохун назанад. Ў танҳо пурсид, ки чаро ранги писарча кандагӣ?

- Дилаш касал.

- Дилаш касал? Ин ҳеҷ гап не. Мо ба вай бисёртар ангури васарға медиҳем, дуруст мешавад.

Занак хурсанд шуда, табассум кард. Бори аввал буд, ки баъди омаданаш дар лаби ў табассум дамид. Пирамард ҳам хурсанд шуд ва аз токзор як сар ангури соҳибӣ овард. Ў одамони ба дилаш наздикро бо ангури соҳибӣ зиёфат мекард. Муҳаммад-бобо оҳиста-оҳиста узви оилаи занак шуда монд. Писарча доимо аз паси ў кашол шуда мегашт ва саломатиаш низ дар ҳавои тозаи токзор беҳтар гардида, ба чеҳрааш сурхи дамид. Пирамард барои онҳо ҳезум мекафонд ва об оварда медод, зеро ин корҳоро занаки маъюб иҷро карда наметавонист.

Рўзе директори боғи ботаникӣ омада ин кори мўйсафедро дида, хеле хурсанд шуду гуфт:

- Шумо ҷентелмен, ҷентелмени ҳақиқиед, бобо!

- Ҷентелманат чӣ?

- Ҷентелмен ҷавонмард-дия! Ҷавонмардӣ аз ин зиёд намешавад!

- Куҷои ин ҷавонмардӣ? Ин як кори хайр нест?

- Ҳар кас кори хайр намекунад. Мана, шавҳараш баъди якпоя шуданаш ўро партофтааст… Агар ба фалокати мошин дучор намешуд, ҳоло чор ишкелаш дуруст буд… Лекин шавҳараш номардӣ кардааст. Номардӣ – осон, ҷавонмардӣ, душвор. – Директор қиссаи бадбахтии ўро нақл кард. Шавҳари ҷавонзан марди ишратпараст будааст. Вай пул ҷамъ карда, мошини сабукрав мехарад… Инро бинед, ки аз фалокат, худаш сипа-сиҳат баромада, занашро маъюб кардааст.

- Ҳар касе, ки қадри одамро намедонад, мард нест. Барои ҳамин ғам нахўр, - гуфт мўйсафед.

- Баъди ин гуфтугў пирамард боз ҳам бештар кўшиш кард, ки занакро танҳо нагузорад. Вай ба ў ҳар хел воқеаҳои сурурбахшро нақл мекард, ба вай мадад мерасонд. Хуллас, ки мўйсафед онҳоро хурсанд мекард ва онҳо низ кўшиш мекарданд, ки ўро шод гардонанд. Ҳар нисфирўзӣ занак барои мўйсафед таоми гарм мепухт, чои кабуд дам мекард. Мўйсафед баъди хўрдани таом бештар дар бораи навъҳои ток гап мезад. Масалан, боре ў гуфт, ки солҳои пеш аз инқилоб яке аз серпултарин бойҳои Самарқанд гирифтори касали дил шуда, барои табобат ба Италия меравад. Дар он ҷо ба дардаш дармон будани аргури васарғаро фаҳмида, дар ҳайрат мемонад. Дафъаи дигар нақл кард, ки токи ёбоии такҷоӣ ба «Шоҳдухтар» ном токи аз Франция овардаи профессор Саломов чӣ хел ошиқ шуд ва ба навдаҳои он печид. Ва чӣ тавр онҳоро ба зўр аз ҳамдигар ҷудо карданд. Баъди ин нақл занак гуфт, ки бобо бояд ба он токи ёбоӣ «Шоҳдухтар»-ро пайванд кунад. Мўйсафед ваъда дод, ки албата, ин корро мекунад ва барои ин аллакай аз ҳар ду ток қаламча гирифтааст. Онҳо вақти пайванди ин ду токи ошиқро интизорӣ мекашиданд. Ниҳоят он рўз расид. Ва мўйсафед аз тарси он, ки ба қаламчаи пайвандкардааш паррандае нишаста онро нашиканад, шабона кўрпачаашро гирифта, ба назди ток рафт. Ҳамон шаб занак низ ба назди ў омад. Онҳо ба рўи кўрпача нишаста, ба хишироси баргҳои токзор гўш меандохтанду аз пайванди худ чашм намеканданд.

- Наход ки нагирад? – ба шубҳа пурсид занак.

- Мегирад, - гуфт бобо,- чунки инҳо ошиқанд.

- Ба фикрам, шумо ҳам ба ток ошиқ ҳастед.

- Медонӣ, - мўйсафед ба хаёл рафт. – Ман дар бораи токе фикр мекунам, ки ғайриоддӣ аст. Вай метавонад дар сари санг ҳам сабзад. Решааш бисёр чуқур меравад, вайро хунук намезанад. Навдаи ин токи нав баъди ҳар бист метр ба замин решаи нав медавонад ва пурқувват шуда авҷ мекунад. Сангҳои лучу урён, чойҳои беоб бо шохаҳои сабзи токи ман пўшида мешаванд. Қуввае нест, ки пеши сабзиши токи маро боздошта тавонад. Ман як ҷойро таги чашм кардаам. Он ҷо пури санг. Агар суратҳои дар моҳ гирифтаи «Луноход»-ро дида бошӣ, манзара ҳамон хел. Вақте ки ин замини саросар сангзорро дидам, дилам ҷаззос карда сўхт. Ба хулоса омадам, ки худо табъан боғбон набудааст, вагарна ҳама дашту чўл дарахтзор мегардид. Ман мехоҳам ҳамон сангзорро ангурбоғ кунам. Лекин дар он ҷо танҳо токе месабзад, ки алафи аҷириқ барин сахтҷон бошад ва решааш мисли янтоқ чуқур рафта, аз қаъри замин об гирад.

Мўйсафед ба осмони пурситора нигарист. – Мегўянд, ки дар дигар сайёраҳо ҳам одамон зиндагӣ мекунанд. Ман баъзан хаёл мекунам, ки агар бо ягон телескоп назари онҳо ба ҳамин хел ҷойҳои ноободи Замин афтад, чӣ мегуфта бошанд? Замин дар назарашон одами бесомони либосаш ҷиғда-ҷиғдаи бедарбеҳ барин менамудагист. Либоси сабзи Замин – ин нишони маданияти мост…

- Токҳо ҳам одамон барин хислатҳои гуногун доранд, - гуфт ў. – Яке оби бисёр хоҳад, дигаре аз серобӣ касал мешавад. Барои ҳамин ман ба оби онҳо диққат медиҳам. – Мўйсафед занакро бо токҳо ҳамчун бо аъзоёни оилаи худ шинос мекард. – Ин ток – зиёӣ, бисёр нозук, аз як ҷо гирифта, ба ҷои дигар шинонед, бо душворӣ месабзад, ба касалиҳо тобовар нест. Анна инаш ҳамсояи ман Деҳқонбой барин пўстғафс, ба хунуки тобовар. Деҳқонбой ҳам метавонад зимистон тани як курта гардад. Ман бо токҳо дурудароз сўҳбат мекунам, - гуфт ў. – Ҳеҷ кас намедонад, ки ман ба онҳо чӣ мегўям ва онҳо ба ман чиҳо мегўянд. Мо забони ҳамдигарро нағз мефаҳмем. Ман аз болои теппа, аз назди чайла истода, токзорро назорат мекунам ва аз ранги барги онҳо мефаҳмам, ки маро садо мекунанд: - Ҳой, бобои деҳқон, ба мо об деҳ…

Рўзе мўйсафед нарди токеро бурид ва дар зери он косае гузошт. Оби ток қатра-қатра ба коса чакида онро пур кард. Баъд ў он обро бо шарбати кадом як ангур омехта пухт. Вақте ки маҳлул тайёр шуд, ба занаки якпоя гуфт, ки онро бинўшад. Занак маҳлулро нўшида дар ҷисми худ ҳар рўз тағйиротеро ҳис мекард. Пои кўтоҳаш сабзида дароз мегардид ва кам-кам шакли пешинаи худро мегирифт. Билохир пои занак тамоман сиҳат шуд ва ў асобағалро партофт. Занак аз ин ҳолат чунон хурсанд буд, ки дар куртааш намеғунҷид. Намедонист ба пирамард чӣ хел миннатдорӣ изҳор намояд, ўро бо чӣ хурсанд кунад.

- Духтарам, - гуфт мўйсафед, - аз таги дили ў пай бурда, - ба ман ҳеҷ хел миннатдорӣ лозим нест. Кас некиро барои миннатдорӣ шунидан намекунад. Магар токҳо барои он ангур медиҳанд, ки ташаккур бишнаванд? Не. Токҳо барои он ангур медиҳанд, ки ин мақсади асосии зиндагии онҳост. Мақсади асосии ҳаёти одам бошад, накўкорӣ аст.

- Муллоамак, - гуфт ў дар ҷавоб, - ин чӣ мўъҷиза буд-а? Ин чӣ мўъҷиза буд?

- Вақте ки ба мўъҷиза бовар кардӣ, вай ба хизмати ту меояд. Ту ба дониши ман ва қувваи шифобахши шарбати ток бовар кардӣ.

- Ба ғайри ин боз ягон сир ҳаст.

- Ҳаст. Ба фикрам ин сир дар токи наве, ки ман кашф карда истодаам. Агар умр боқӣ бошад, оби ҳаётро ҳам аз ҳамин токҳо мегирам.

- Шумо ба сад медароед.

- «Сад» ҳам гап шуд? Сесад-чорсад… - гуфта мўйсафед хандид.

Дере нагузашта, ба бевазани сиҳатшуда хеши ғамхораш – директории боғи ботаникӣ, шавҳар ёфт. Занак бо бачааш кўчида рафт.

- Илоҳо, кўшапир шаветон, - вақти хайрухуш дуо кард мўйсафед.

Акнун пирамард дар ангурбоғ аксар вақт танҳо буд. Гоҳ-гоҳ олимон ва студентон омада таҷриба мегузарониданд. Вале ў ҳеҷ гоҳ зиқ намешуд. Бо токҳояш сўҳбат мекард, баъзан ба чашмаш айнак монда, газета мехонд.

Баъд Муҳаммад-бобо нопадид шуд. Фарзандонаш ҳам ба ташвиш афтоданду олимони ангуршинос ҳам. Ўро ҷустанд ва ҷисми беҷонашро дар байни токҳо ёфтанд.

Баргу навдаҳои сабзи ток ўро ба оғуш гирифта, аз офтоб паноҳ мекарданд.

Вақте ки ҷасадашро бардошта, аз токзор мебароварданд, одамон як оҳи пурдарде шунида ба қафо нигаристанд. Дар он ҷо касе набуд. Баргҳои сабзи токҳо гўё дуд карда, сиёҳтоб ва пажмурда шуда буданд. Баъд навдаҳои токҳо мисли ҷонварҳои безобиташуда ба ҳаракат даромаданд. Онҳо дар пеши назари ҳозирон дароз мешуданд ва ба замин реша медавонданд. Ин ҳолат ҳамаро ба ҳайрат оварда буд. Танҳо олимон тахмин мекарданд, ки мўйсафеди ангурпарвар ба токҳои худ доруи зўре дода хусусияти ирсии онҳоро мувофиқи табъи худ дигар кардааст. Ҳамин тавр ў боқимондаи умри худро ба токҳо бахшида ба онҳо ҷон даровардааст. Токҳо ба ҳаракат даромаданд. Он чиз ҳайратангез буд, ки токҳо қитъаҳои сабзи деҳқонро не, балки заминҳои бекорхобидаю санглох, кўҳҳои баланди базироат ва биёбонҳои беобро пахш мекарданд. Токҳо ин тараф то пиряхи Федченкои Помир рафта дар шароити сахти Боми Ҷаҳон ҳосил дода бошанд, дар тарафи дигар биёбони Қизилқумро яксара сабз намуда дар сари саксавулҳо сарҳои ангури зулбиёро овезон карданд. Токҳо ба шаҳр низ ҳуҷум оварданд. Онҳо ба симчўбҳо печида мебаромаданд, дар болои бомҳои холӣ кўрпаи сабз барин паҳн мешуданд ва ба одамизод ба ғайри фоида зиёне намерасониданд.

1 комментарий:

Анонимный комментирует...

Tashakkur