четверг, 16 апреля 2009 г.

Бо тақвими миллии мо чӣ шуд?

Медонед, ки бо тақвими миллии мо, саҳеҳтараш бо тақвими дурусти илмии ниёгони мо чӣ карданд?

Барои он ки мардуми оддӣ низ бифаҳмад, содда карда мегўям, ба тариқи масал: Ниёгони мо дар ҳамин обу хок мутобиқ ба ҷаҳонбинии илмию динии худ дар замонҳои қадим то садҳо ҳазор шумориданро кашф карда буданд. Зеро маҳсулоте, ки бо ақлу заковати худ истеҳсол мекарданд, барои ифодаи ҳамин қадар рақамҳоро талаб мекард.

Сипас ба кишвари ниёгони мо дар кадом асре қабилаҳои саҳроии чорводор(араб) ҳуҷум карданд ва баъди пирўз шудан гуфтанд: барои зиндагӣ то рақами ҳазорро донед, кифоя. Аз ин зиёд ҳисоб нест. Баъд ҳар чизе, ки аз сад ё ҳазор зиёд буд, кашида гирифтанд.

Ҳар рўзу моҳи ниёгони мо ба номи фариштагони нек буд. 30 рўзи ҳар моҳ номҳои худро дошт. Барои ин номҳоро дар ёд нигоҳ доштан хирад лозим буд, аммо аҷнабиён бо номҳои ҳафта – шанбе, якшанбе, душанбе… зиндагӣ мекарданд, ки барои дар ёд нигоҳ доштани он ақл даркор набуд, калимаи шанбею ҷумъа ва шумори панҷ ангуштро донистан кифоя буд.

Барои дар саҳро аз паси гову гўсфанд гаштан ақли зиёд лозим нест, аммо мардуми кишоварз, боғдор ё шаҳрии косиб ақлу дониш надошта бошад, на ҳосили хуб гирифта метавонад, на асбоби хубе месозад.

Ниёгони мо аз рўи ақлу фаросат солро ба 12 моҳ мутаносиб тақсим карда буданд, акнун 30 ё 31 рўзи календариро ба 7 рўзи ҳафта тақсим карда наметавонистанд. Чор ҳафта 28 рўз шуд ва 2-3 рўзи зиёдати боқи мемонд.

Аммо аҷнабиёни ҳоким маҷбур мекарданд, ки рўзҳоро ҳамин тавр биноманд, фариштаҳои дини пешини худро дигар ба забон наоранд.

Ниёгони мо аз ин пеш ҳар рўз зери дирафши ягон фариштаи нек корҳои худро сомон медоданд, акнун шанбе, якшанбе чӣ маъно дорад, намедонистанд. Фариштаи ҳар рўз масъули ҳамон рўз буд, инсонро аз амалҳои нопок боз медошт, ўро нерў мебахшид, ба корҳои ҳаррўза маъною мазмуни олӣ мебахшид.

Барои ниёгони мо минбаъд корҳои ҳаррўза маънои пешини худро гум кард, байни кори хар ва кори инсон, ки агар ҳар ду як борро аз як ҷо ба ҷои дигар баранд, фарқе намонд.

Сар шуд деградасияи миллати мо ва то ҳол давом дорад.

Касе афзалияти дини исломро инкор намекунад, аммо зери ливои густариши ин дин чизҳое низ омад, ки барои мардуми мо бегона буд, оқибравӣ буд, ба сатҳи ҳамон қабилаҳои бодиянишин поин шудан буд.

Он қабилаҳои бодиянишин аз рўи тақвими қамарӣ зиндагӣ мекарданд. Дар ин тақвим сари сол ҷои доимии худро надошт, дар ҳар соли қамарӣ нисбат ба шамсӣ понздаҳ-шонздаҳ рўз оқиб мемонд ва ба ҳамин сабаб аст, ки Иди Қурбону Иди Рамазон ба тобистон ҳам рост меояду ба зимистон ҳам. Пурайбтарин ва ахмақонатарини тақвимҳо ҳамин тақвими қамарӣ аст. Аммо он зери ливои ислом омад ва мардум қабулаш карданд. Вақте ки аз рўи ин тақвим зиндагӣ мекарданд, он бо ҷашнҳои Наврўзу Меҳргону Шаби ялдо ҳеҷ мувофиқат накард. Сипас боз ба солшумории шамсӣ рў оварданд, аммо оғози солшумориро аз ҳиҷрати Муҳаммад аз Макка ба Мадина гирифтанд.

Ин ҳам як муаммост, ки чаро аз рўзи таваллуди паёмбар не, аз рўзи нозил шудани аввалин ояи Қуръон не, балки аз рўзи бо фишори кофирҳо иҷборан фирор намудани расули худо аз Макка ба Мадина ҳисоб карданд.

Сипас дар замони Русияи подшоҳӣ ва ҳукумати шўро мардуми мо ба тақвими григорианӣ гузашт, ки ин тақвим оғози солшумориро аз таваллуди Исои Масеҳ гирифтааст.

Ин тақвим низ иҷборӣ ҷорӣ гардид, ки то имрўз аз рўи он зиндагӣ мекунем.

Ҳаждаҳ сол пеш Тоҷикистон ба сабаби порашавии Иттиҳоди шўравӣ соҳиби истиқлол гардид. Рўшанфикрон оҳи сабук кашиданд, ки ана акнун мардуми тоҷик арзишҳои гумкардаи худро пайдо намуда устувор мекунад. Аммо ба ҷои ин корҳоро кардан мо аз гиребони ҳамдигар гирифтем, оқибат чӣ шуд ҳама медонанд.

Акнун сари соли тақвими мо Наврўз нест, балки рўзи таваллуди Исои Масеҳ аст, одамхудои насрониҳо.

Моҳҳо – январ, феврал, март, апрел ва ғайра чӣ маъно доранд, намедонем. Рўзҳоро танҳо бо рақам ва шанбеву якшанбеи мардуми соми ифода мекунем.

«Осор-ул-боқия»-и Беруниро нашр кардаем, аммо кушода намехонем, ки дар бораи тақвими ниёгонамон чиҳо навиштааст. Ибн-ул-Балхӣ дар «Форснома» навиштааст, ки таърихи Пешдодиён то Афросиёб ду ҳазору панҷсаду шасту ҳашт сол аст, ки бо маълумотҳои Берунӣ мувофиқ меояд.

Яъне ҳоло мо дар соли панҷ ҳазору сесаду бистуми солшумории хуршедии ниёгонамон зиндагӣ мекунем.

Баъзе донишмандони эронӣ бар ин ақидаанд, ки солҳои ҳукмронии Пешдодиён ривоятианд, таърихро бояд аз рўзи ба тахт нишастани аввалин шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ Куруш ҳисоб кард.

Он гоҳ имсолро бояд соли 2568-ўм ҳисобид.

Сипас Умари Хайём омад, бузургтарин шоиру донишманди мо пас аз Буалии Сино ва тақвиме афарид, ки аз тақвим ҳозираи григорианӣ саҳеҳтар ҳисоб мешавад. Тамоми донишмандони соҳа дар тамоми олам чунин мешуморанд.

Вале мо туф кардаем ба ҳамаи ин ва бо тақвимҳои хатои григорианӣ ва ҳиҷрии қамарии қабилаҳои нимаваҳшӣ 1400 сол пеш эҷод карда зиндагӣ мекунем.

Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

1 комментарий:

Ramin комментирует...

Панҷшанбе, 27 фарвардини 1388

Дуруд бар шумо!
Аз он ки ба ин масъалаи муҳим рӯй овардед, сипосгузорам.

Банда бар ин ақидаам, ки солшумории Тоҷикистон бояд солшумории Ҳиҷрии Хуршедӣ бошад.

Набояд нодида гирифт, ки дин барои мардум як пояи муҳим аст ва ҳатто кишварҳои бохтарие, ки хеле даҳрӣ (секулор) ҳастанд ҳам солшумории худро имрӯз ҳам дар асоси мавлуди Исои Масеҳ оғоз менамоянд. Ба ҳамин хотир, фикр мекунам, мо бояд солшумории худро ҳамчун кишваре, ки аксарияти мутлақи он мусалмон аст, аз ҳиҷрати паёмбари Ислом (с) оғоз намоем.

Вале бояд моҳҳои асили эрониро дубора ворид кунем. Дар маҷмӯъ, ҳамон гоҳшуморие, ки имрӯз дар Эрони ғарбӣ (марзи Эрони имрӯзӣ) ба кор меравад, беҳтарин тақвим барои Эрони Бузург аст.

Бо арзи адаб,
Ромин.