суббота, 27 апреля 2013 г.

Дар сўҳбати усто Амриддин



Ҳикмати мемории миллӣ

Аз ҷое мошинсавор меомадем ва усто Амриддин бо устои моҳири бинокор Восеъ оиди тарзи хиштчинии иморатҳои ду тарафи кўча сўҳбат мекарданд. Ин ҷо аз сўҳбати онон маълум шуд, ки аз қадим як меъёри фосилаи байни хиштҳо вуҷуд доштааст ва баъзе устоҳо ин меъёрро шикаста лойи байни хиштҳоро ғафс кардаанд. Ман илова кардам, ки кўзачаҳое, ки дар ду барии дарвоза месохтанд, имрўз хеле кам мондаанд.

Меъмор Раҳимҷон Одинаев гуфтанд, ки дарвозасозӣ низ қоидаҳои худро дошт. Масалан курсичаҳое, ки дар ду барии дарвоза зери пешайвони хурди он месохтанд, барои он буд, ки одам пеш аз ба ҳавлии худ даромадан каме нишаста ҳама носозиҳои кору бозорро аз худ берун кунад ва ба хона бо дили шоду чеҳраи кушод дарояд. Вақти ба кўча рафтан низ бояд каме дар ин курсича нишинад ва ғами хонаро аз худ берун карда баъд ба кор равад.

Усто Амриддин гуфтанд, ки ягон унсури меъмории миллӣ ҳамту ба хоҳиши шахсии ягон усто усто пайдо нашудааст. Дар тўли ҳазорсолаҳо мутобиқ ба талаботи маънавӣ ё динии халқ ба вуҷуд омадааст. Ба ин сабаб устоҳо пеш аз он ки замонасозӣ мекунам гуфта ягон навигарӣ даровардан мехоҳанд, бояд ҳама корҳои устоҳои қадимро дида-дида андеша карда баъд амал кунанд.

Чаро баъзе намудҳои санъати амалӣ касод шуданд?

- Чаро сандуқсозӣ барин намудҳои ҳунари дастии мардумӣ рў ба касодӣ овардааст?- пурсидам аз усто Амриддин.

Усто баъди камее андеша гуфтанд:
-Ҳоло ҳам сандуқсозӣ ҳаст. Аммо танҳо барои наварўсон. Домодшаванда дар вақти тўи фотеҳа ду сандуқ ба хонаи арўсшаванда мефиристад. Баъд агар навхонаҳо хонаи тахмондор дошта бошанд, онҳоро нигоҳ медоранд, вагарна сандуқҳоро мебелҳои нави замонавӣ танг карда билохир аз хона мебароранд. Яъне агар тахмон бошад, ҷои сандуқҳо таъин.  Ва натанҳо сандуқҳо, бубинед, ки болои сандуқ кўрпаҳоро мечинанд ва болои кўрпаҳо матоҳои гулдўзии дастӣ. Дар хонаҳои евроремонт ягонта мех задан мумкин нест. Сипас кашидадўзӣ, гулдўзӣ, сўзанидўзӣ мақоми худро гум мекунанд.    

Дар замони шўравӣ солҳои зиёде дар шаҳру деҳот хонаҳои аз услуби меъмории шарқӣ дурро сохтанд, ки онҳо аҷали ҳамон намудҳои санъати ҳалқӣ шуданд.

Нақши растанӣ

Сухан аз гулкорӣ рафту гуфтам: - Як донишманди мардумшиноси рус (исмаш ба ёдам наомад) ҳанўз дар асри нуздаҳ ба Осиёи Миёна сафар карда навистааст, ки ҳавлии тоҷиконро аз ҳавлии мардумони саҳро бо он фарқ метавон кард, ки дар он ҳиногул ва райҳон ҳаст.

Усто Амриддин гуфтанд: - Дар наққошию кандакорию гачкории Осиёи Миёна ба нақши растаниҳо эътибори зиёде ҳаст. Гул ва дигар унсури табиати зинда даруни хонаҳо идомаи худро дорад. Ин ба он сабаб, ки инсони бо маданият доим мекўшад бо табиат дар ҳамоҳангӣ бошад.

Ин ҷо муҳим ҳамоҳангист. Зеро дар нақшҳои иморатҳо мо бештар символикаи растаниро ба кор мебарем, яъне онро аккосӣ намекунем, нусхабардорӣ нест. Як навъ эҷодкорист ва ба ҳамин сабаб он растаниҳое, ки ҳатто дар миниатюраҳо мебинед, хеле кам дар зиндагӣ вомехўранд. Онҳо гўё растаниҳои биҳиштиянд.

Зоҳиру ботини нақшҳо

- Нақшҳо зоҳиру ботин доранд. Ба назари мардуми аз таърихи санъат бехабар нақшҳои миллӣ ҳамту як нақши зебоянд. Аммо ба назари донишманди ин соҳа онҳо балогардон будаанд ё ягон сифати мазҳабӣ доштаанд. Таърихи бисёре аз онҳо 6-7 ҳазор сол аст.

Аммо, вақте ки ба сохтани нақш шурўъ мекунем, дастони мо устоҳои муосир бо дастони ҳазорҳо устоҳои асрҳои гузашта як мешаванд.

Дар санъати амалӣ бе гузашта оянда нест.

Ҳоло мебинем, ки дизайни муосир ё евроремонт гуфта ҳар гунна шаклҳо меофаранд, гўё навоварӣ мекунанд.

Аммо ин шаклҳо бо шаклҳои наққошӣ, гачкорӣ ё кандакории асрҳои гузашта ягон пайванде надоранд.

Ба мисли одамеанд, ки пойҳояш аз замин канда шудаасту роҳ рафтан мехоҳад, аммо чӣ қадар зўр занад ҳам қадаме пеш намеравад.

Дунё гузарон, онҳо низ гузарон.

Кўҳнашавӣ надорад

Худо кўҳна ва пир намешавад. Банда пир мешавад, фартут мешавад, мемирад. Евроремонт, дизайни хонаҳои муосир бо гузашти солҳо кўҳна мешаванд, аз мўд мебароянд ва аз даҳон, ки монданд, нест шуда мераванд.

Аммо нақшу нигори миллии меъмории халқи мо кўҳнашавӣ надорад. Нерўи маънавии қудсиёти гузаштагонро дар худ дорад, ки ба абадият мебарад.

Инро борҳо аз забони усто Амриддин шунидаам.

Номи нав мондан магар ҳатмист?

Аз назди чойхонаи гузари усто Амриддин мегузаштем, ки чашмонам ба пештоқи чойхона афтод. Номи гузарро «Бунёдкор» навиштаанд.

- Усто-бобо, магар гузаратон номи нав гирифт? – Пурсидам аз эшон.

Усто табассум карда гуфтанд: - Ҳоло як мусобиқаи номи навмонӣ сар шудагӣ барин ба хаёлам.

Бунёдкор – номи хуб, аммо дар он маврид ба он зарурат пайдо мешавад, ки он ҷой номи қадимаи худро надошта бошад. Дар замони шўравӣ «Карасинка» мегуфтанд, чунки дўкони карасинфурўшӣ дошт.

Баъд ба номи як коммунисти машҳур гузошта буданд. Аммо номи қадимааш Шаҳидонхона будааст. Яъне ин ҷо дар қарибии девори шаҳри бостонӣ – Девори Кўндаланг аст. Ва дар ҷанге барои ҳимояи шаҳр бисёр кас дар ҳамин ҷо шаҳид шудаанд. Аз ин ҷо Шаҳидонхона гуфтаанд. Аммо дар талаффузи халқи бесавод Шайтонхона  шудааст. Ҳол он ки Вяткин барин таърихнависон Шаҳидонхона гуфтаанд. Калимаи хона дар номи маҳалҳо ҷойро истифода мекунад, мисоли Арабхона -  деҳаи арабҳо, Ҷайрахона – ҷойҳое, ки ҷайра зиндагӣ мекардааст.

Комментариев нет: