вторник, 27 августа 2013 г.

Рисолати равшанфикр дар ҷомеаи муосир



Бисёр чизҳои вобаста аст ба он ки решаҳо муаян карда шаванд.

Воқеаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон равшан нишон дод, ки мафкураи миллии дар замони шўравӣ шаклгирифта ба пурра мутаҳид кардани миллат қодир нест, яъне ин мафкура нуқсҳое доштааст, ки аз он аксарияти рўшанфикрон хабар надоштанд.

Кам касон дарк карда буданд, ки китоби «Тоҷикон» (бо вуҷуди аз рўи сиёсати коммунистӣ навишта шуданаш) оғози ба вуҷуд овардани таърихи тоҷикон аст на анҷоми он.

Кори Б.Ғафуров идомаи чашмгире пайдо накард.

Таассуф ин ҷост.


Донишмандони мутафаккири тоҷик дар асоси таърихи нави объективии мардуми тоҷик ё худ ин марзу бум мебоист фалсафаи таърихи мардуми тоҷикро менавиштанд.

На ҳар кас, агарчӣ маълумоти олидор бошад ҳам, таърихро дуруст тафсир намуда хулосаҳо бароварда метавонад, ки тибқи дараҷаи пешрафти илми ҷаҳонӣ бошад.

Мо ба чунин донишмандони тавоно эҳтиёҷ доштем.

Яке аз онҳо Акбар Турсунов аст ва эшон ба ин кор дар баъзе мақолоти худ (масалан нигаред ба мақолаи «Рўзаке чанд…»,  «Омўзгор» 9 январи с.1990) шурўъ карда буданд. Намедонам эшон ин саркардаи худро то ба кадом ҳад расонидаанд, аммо аз ҷавобашон ба муҳаррири «Тоҷикон» Б.Литвинский пайдост, ки ҳанўз оиди таърихи тоҷикон андеша меронанд.

Саҳми касеро дар ин ришта инкор кардани нестам, корҳои дигароне будагистанд, ки аз онҳо дарак надорам, аммо то ҳол аз чопи ягон китоби бузургҳаҷме, ки фалсафаи таърихи тоҷикон ном дошта бошад, дараке нест.

Пеш аз ҳама барои ин кор замина ҳозир кардан лозим буд. Асарҳои беҳтарин файласуфони ҷаҳонро ба тоҷикӣ тарҷума ва чоп кардан бояд вазифаи муҳимтарини рўз дониста шавад.

Дар ёд дорам, ки дар Тоҷикистон солҳои 90 оиди «Кимиёи саодат»-и имом Ғазолӣ бисёр ҳарф мезаданд, аммо аз шиносони ман дар доираҳои адабиву маданӣ касе намедонист, ки Артур Шопенгауэр кист ва чиҳо навиштааст.

Китоби дарсии «Таърихи фалсафа»-и Г.Скирбек ва Н.Гильеро Баҳори Хуррамзод соли 2004 ба тоҷикӣ тарҷума карда дар Тошканд чоп кард. Ў ба ман гуфт, ки чунин китоби дарсии тоҷикиро дар Тоҷикистон надоштаанд.

Магар мешавад бо чунин муносибат ба мероси мутафаккирони ҷаҳонӣ гуфт, ки мо дар ин бобат баъзе корҳои чашмрас кардаем?

Чаро дер боз оиди ифтихори миллӣ садоҳо зиёданд? Ин ҳама ба он сабаб ки намедонанд, ки Шопенгауэр оиди ифтихори миллӣ чиҳо гуфтааст.

Комментариев нет: