вторник, 8 октября 2013 г.

Аз нақлҳои усто Амриддин



Осори бузургон.

Ин Бухоро манбаи дониш бувад, гуфтааст Мавлоно. Наққошу гачкорони бузурги Бухоро аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузоштаанд. Ин мерос дар ороиши бисёр иморатҳои олӣ таҷассум ёфтааст. Қисми зиёди он иморатҳо бо мурури асрҳо табиист, ки аз байн рафтаанд. Аммо устоҳои забардасти мо нусхае аз намунаи нақшҳо дар рўи қоғаз доштаанд ва ин қоғазҳо аз насл ба насл даст ба даст мегузаштааст.


Барои омўзиши нақшҳои наққошӣ ва гачкории иморатҳои қадимӣ борҳо ба Бухоро сафар кардаам. Боре дар осорхонаи Ситора ва Моҳи хосаи Бухоро нақшеро бо диққат меомўхтам ва нусхаашро ба дафтар мекўчондам. Мудири осорхона, ки марди тақрибан чилсола буд ба наздам омада ба забони ўзбекӣ пурсид:
- Ба назарам алоқаманди ин соҳаед.
- Гуфтам: - Бале. Ошиқи ин нақшҳоям.
Аз нақшу нигори дару девори шикаста
Осор падидаст аст санодиди Аҷамро, - гуфтааст шоир.
Гуфт: - Ин чӣ хели нақш аст?
Гуфтам: - Инро гиреҳ мегўянд.
Гуфт: - Кадом хели гиреҳ?
Гуфтам: - Панҷ бар даҳ.
Гуфт: - Ман низ ошиқи нақшҳои миллӣ ҳастам. Китобе таълиф хоҳам кард оид ба нақшҳои миллӣ.
Гуфтам: - Аз дастхатҳои устоҳои қадим хабар доред?
Гуфт: - Дар бойгонии давлатӣ ҳастанд. Бароятон пайдо мекунам.

Ҳамин тавр мо яке ўзбеку дигарӣ тоҷик – ошиқони наққошии миллӣ зуд унс гирифтем. Ў Бахтиёр ном доштааст. Маро ба бойгонӣ  бурд ва аз он ҷо дафтареро гирифта нишон дод, ки дар рўи муқовааш «Дафтари гиреҳ» навишта шуда буд.

Ман онро зуд варақ гардонда ддида баромадам. Аз хурсанди дар курта намеғунҷидам. Охир баъди ҷустуҷўи бисёрсола ганҷинаи бебаҳои мероси устоҳои қадимаро пайдо кардам. Дар дафтар  номи соҳибаш набуд. Тахмин кардам, ки мероси гаронбаҳои усто Ширин Муродовро ёфтам. Он вақт ксерокопия набуд, дастгоҳи аккосӣ низ надоштам. Шитобон бо қалам рўи қоғазе ки дар даст доштам, ба нусхабардорӣ шурўъ кардам.

Бахтиёр гуфт: - Агар ин хел кунед, чанд рўз вақт лозим мешавад. Дастхатро аз бойгонӣ намедиҳанд. Ман барои шумо фото нусхаи ин дафтарро таёр мекунам.

Ҳамин тавр бо кўмаки ин марди ўзбек соҳиби меросе шудам, ки устоҳои шиноси ман дар Самарқанд надоштанд. Ҳар бор ба Бухоро ё барои таъмири ёдгориҳои меъморӣ ё барои омўзиши нақшҳо равам, барои он марди хайрхоҳ аз нозу неъматҳои Самарқанд дастовезе мебурдам ва сўҳбатамон то нисфи шаб оид ба нақшҳои наққошии миллӣ давом мекард.

Баъди чанд сол ба Бухоро рафта Бахтиёрро аз ҷои кораш наёфтам. Гуфтанд, ки аз вазифа сабукдўш карданд ва ба куҷо рафтанаш маълум нест. Димоғам сўхт.

Баъди ин нақл камина аз усто Амриддин пурсидам: - Баъд он дастхатҳои нодир куҷо шуданд? Ҳоло ҳам нигоҳ медоред?
- Оре, ин дастхатҳо нодиранд. Чун гавҳараки чашм нигоҳ медорам.
Худатон хабар доред, соли гузашта дар ҳавлии кандакори машҳури Самарқанд усто Насрулло Соҳибназаров сўхтор шуд.
Зуд ба ҳавлии эшон рафтам.
Дар рўи ҳавлӣ писари усто Насрулло Санъатро дидам, ки хеле афтодарўҳ менамуд.
Дилбардорӣ кадам. Гуфтам, ки чӣ ёрдаме бошад мерасонам. Пул даркор ё ягон ёрдами дигар?
Санъат гуфт: - Усто-бобо, дидед, устохонаи мо сўхта хокистар шуд. Намунаи асли ҳама нақшҳо он ҷо буданд ва чизе аз дастхатҳо намонд. Эталонҳо нестанд ва мо намедонам минбаъд дар кадом асос эҷод кунем.
Гуфтам: - Ман намунаи нақшҳои худро ба шумо медиҳам, чӣ қадар хоҳед истифода кунед.
Санъат, ки давомдиҳандаи асосии ҳунари падараш аст дар вақти гирифтани намунаи нақшҳо гуфт: - Ин ёрдами Шумо бебаҳост. Аз чанд миллион доллар ҳам зиёд аст.

Масъулияти усто дар назди шогирд

Бештар оиди масъулияти шогирд нисбат ба устод мегўянду менависанд.

Аммо усто Амриддин гуфтанд, ки масъулияти устод дар назди шогирд кам нест. Устоҳои мактаби бостоншаҳрӣ доим назорат мекунанд,  ки шогирдон сифати корҳоро поин набаранд. Ҳатто ба шогирдони шогирд низ масъуланд.

- Боре бо шогирдам А. аз як кўчаи шаҳри ҷумҳурии ҳамсоя мегузаштем, - гуфтанд усто Амриддин. – Ин шогирдам гуфт, ки як нафар шогирдаш меҳроби масҷиди ҳамин гузарро сохта истодааст. Мо ҳамроҳ ба масҷид даромадем. Ороиши меҳроб ба охир расида буд ва устои ҷавон бо хурсанди кори худро нишон медод. Пули зиёде ба кошину дигар маводи сохтмонӣ сарф шуда буд. Ман теша талаб кардам, оварданд. Ба зада вайрон кардани меҳроб сар кардам. Имом-хатиб давида омад, аз ғазаб меларзид. Ман ба ў гуфтам: - Ман устоди устоди ҳамин ҷавонписар ҳастам. Қоидаи мо устодон ҳамин. Кор хато бошад, мешиканем. Устоди ҷавон харҷи маводи сохтмонро ба зимма мегирад. Агар натавонист, шогирдаш – яъне устоди ҳамин ҷавон А. ба зимма мегирад. Ман ба шумо нусхаи ксероксии паспортамро бо рақами телефонам монда меравам. Агар накарданд, ба ман телефон кунед, омада бо пули худам ба сифати аъло мекунам. Қоидаи мо устоҳои бостоншаҳрӣ ҳамин аст.
Ин суханҳоро шунида оташи ғазаби ў камтар шуд.
Ман бошам илова кардам: - Агар ягон шогирдатон оятро хато нависад, шумо он қоғазро дарронда мепартоед-а? Ин низ ба монанди ҳамон.
Имом-хатиб каме оромтар шуда гуфт: - Дар ҳақиқат кори шумо дуруст, меҳроб бояд ба дараҷаи олӣ бошад.
  

Комментариев нет: