суббота, 7 января 2012 г.

Куштори Бобои барфӣ – ханҷаре ба ҷигари фарҳанги ориёӣ


Тибқи  маълумоти торномаи Салими Аюбзод чанде пеш як  нафар Бобои барфиро дар шаҳри Душанбе куштаанд.

Ҳоло чанде саргарми пайдо кардани ҷинояткорони ин қатл аз байни радикалҳои исломиянд.

Аммо камина дар чунин ақида аст, ки агар он шахсе, ки ба чунин ҷиноят даст задааст, аз оинҳои бостонии халқи тоҷик берун омадани Бобои барфиро медонист, ҳаргиз ба чунин ҷиноят даст намезад.

Чунон ки аз ин пеш борҳо такид карда будам, Бобои барфӣ дар замонҳое, ки оғози соли нави мардуми мо дар шаби ялдо – 21-22 декабр буд, чун тимсоли Митрои зиндашуда ба кўдакон ҳадяҳои солинави медод.


Дертар, дар замонҳое, ки оғози соли навро ба рўзи аввали  Фарвардин – Наврўз овардаанд ин одат ба гузашти замон аз ёдҳо берун шудааст, чун бо қабули дини зардуштӣ Митро аз  мақоми худои ягона ба мақоми яке аз фариштаҳо поин фуроварда шуд.

Аммо аз маросимҳои Ялдоӣ он чизро ба Наврўз овардаанд, ки он Бобои барфӣ (рўҳи зиндашудаи Митро) буд ва минбаъд танҳо шоҳро бо фарорасии соли нав табрик мекард. Дар ин бора дар «Наврўзнома»-и Умари Хайём ва дигар осори бостон далелҳои раднопазир оварда шудаанд.

Доктор Мансури Растагори Фасоӣ овардааст:
«Дар китоби «Маҳосин-вал-аздод» омадааст, ки дар ин рўз шахсе ки чеҳраи зебо ва номи дилписанд доошт ва ба некўкорӣ маъруф шуда, ба назди хусрав меомад ва  иҷозати вуруд мехост, хусрав мепурсид, ки ту кистӣ ва аз куҷо омадӣ ва ба куҷо меравӣ ва чӣ касс туро бад-ин ҷо овардааст ва бо кӣ омадаӣ ва бо худ чӣ дорӣ ва он зеборўйи накўноми хушсухан посух медод, ки аз сўйи саодат ва баракат меоям ва ба ҷое ки саодат ва баракат дар он аст, меравам, пирўзноме мансур маро ба ин ҷо фиристодааст ва номам ҳуҷаста аст, бо соли нав омадам ва барои подшоҳ саломат ба армуғон овардаам…»

Аз сурати он Бобои барфии митроии бостонӣ дар Бобои барфии муосир ҳамон асои мўҷизавии оташафрўз, кулоҳи конусшакли митроӣ, ҷомаи сурх ва мўзаи нўгтези митроӣ боқӣ мондааст.

Оид ба рамзи митроӣ будани дарахти арчаи солинавӣ низ навишта будам, ки далелаш дар сангнигораҳои бостонии Помир равшан намудор аст. Савр дар назми гузаштагони мо  сарчашма бар он дорад.

Агар рўшанфикрон ба мардум ҳамаи инро фаҳмонда дода метавонистанд, касе ба чунин ҷинояти вазнин даст намезад. Ба ин сабаб метавон гуфт, ки ба кушта шудани Бобои барфӣ пеш аз ҳама мо аҳли илму адаби тоҷик гунаҳкорем.

Комментариев нет: