суббота, 15 октября 2011 г.

Теғи Синоро гирифт…


Ў зи мероси пурсарвати ниёгони бузурги кишвари хеш теғи ҷонбахши Синоро интихоб кард. Ҷарроҳи машҳури Самарканд Садриддин Камолов 14 сентябри соли 1946 дар гузари Масҷиди Нақшин таваллуд шуда ба воя расидааст, дар мактаби рақами 22 таҳсил кардааст. Яъне ҳамсоли ман аст.

Ҳар ду мактабро баробар хатм кардаем. Фарқ ин аст, ки ў шифокориро беҳтарин касб ва савобтарин кор медонист. Ва аз байни касбҳои шифокорӣ ҷарроҳиро интихоб карданаш низ гувоҳ аст, ки ба қавле ҷарроҳон дасти худоянд ва ба ин сабаб ҳар бемор баъди ҷарроҳӣ ҳатман сиҳат мешавад.


Дар он  соли 1964, вақте ки аксари ҷавонони шаҳр чунин касбҳоро нею, касбҳои сердаромадро интихоб мекарданд ва ҷарроҳони замони шўравӣ ба ғайр аз маош даромади дигаре надоштанд, метавон гуфт, ки дар дили Садриддини ҷавон ҳамон солҳо ба халқ аз ҷону дил хизмат кардан, дарди ҳазорҳо одамонро дармон бахшидан, умри худро асосан ба корҳои савоб сарф кардан сахт ҷой шуда буд.

Ў ҳамту ҷарроҳи оддӣ не, балки ҷарроҳи хеле машҳур ва пуртаҷриба шуданро пеши худ мақсади асоси карда буд. Каму андак не 41 сол боз теғи Синоро аз даст наниҳодааст. Барои такмили маҳорат аз ҳама имкониятҳо истифода бурд. Дар шаҳри Душанбе аз ҷарроҳони машҳур таҷриба омўхт, кор кард, баъд ба вилояти Ҷиззах ба кор омад, дар он ҷо низ худро ҳамчун ҷарроҳи пурдони ботаҷриба нишон дод.

Ҷозибаи хоки зодгоҳи азизаш зўрӣ карду ба Диспансери онкологии шаҳри Самарқанд ба кор омад. Сипас ба Беморхонаи шаҳрӣ даъват карданд.

Рисолаи номзадиро дар соҳаи илми ҷарроҳӣ дифоъ кардан аз дасти ҳар кас намеояд. Дониши васеъ ва  таҷрибаи бой доштан лозим аст. Ҷарроҳи рагҳои хунгузар аз нозуктарин соҳаи ҷарроҳист. Садрирддин Камолович ҳамин мавзўъро барои рисолаи илмӣ интихоб карда ба таҳсини устодони соҳа шарафёб гардид.

Ҳамин тавр ў аз соли 1988 ин  ҷониб номзади илми тиб ва дотсенти кафедраи ҷарроҳии Донишгоҳи тиббии Самарқанд аст.

Завҷаашош Мавҷудаойти дар ҳама бобат Садриддин акаро дастгири кардаанд, бо вуҷуди он ки зиёда аз сӣ сол дар мактаби рақами 20 омўзгор будаанд, боз се фарзандро ба воя расондаанд.

Фарзандон роҳи худро дар зиндаги интихоб карда соҳиби вазифаҳои гуногун гардидаанд. Фахриддин ба тиҷорат даст задаст, аммо Муҳиддин сардори шўбаи гумрук аст.

Чанде пеш ногаҳон дарди санги талхадони камина хурўҷ кард. Хешовандон тавсия карданд, ки ҳатман ба Садриддин Камолов муроҷиат кунам. Нисфи шаб буд. Дарашонро тақ-тақ кардем. Таскин доданд, ки вазъ чандон хатарнок нест. Аввал 1-2 рўз организмро бо доруҳо шуста баъд ҷарроҳӣ хоҳанд кард.

Дар ҷарроҳӣ шогирдонашон ҷарроҳи Беморхонаи шаҳри Абдулҳамид Тоиров ва ординатор Фаррух Муҳаммадкулов кўмак намуданд, ки аз ҳамаи онҳо  сипосгузорам.

Баъди сиҳат шудан хостам дар бораи Садриддин Камолович чизе нависам. Оиди хоксориашон бисёр шунида будам ва ба тасдиқи шудидаам гуфтанд:
- Чӣ лозим навиштан? Бе ин хам кӣ будани маро мардум нағз  медонад.

Бо вуҷуди ин ман  ин чанд сатрро навистам. Медонам, ки ин сатрҳо чизе ба обрўи баланди Садриддин Камолов зам намекунанд. Оиди ҳазорҳо бемороне, ки Садриддин Камолович аз дами марг раҳонидаанд, ҳарфе нагуфтаам. Аммо хонандагони рўзнома бояд донанд, ки имруз теғи меросии Сино дар дасти меросхўрони ҳақиқии одамони фидоӣ, донишманд ва ҳалолкор аст.

Комментариев нет: