понедельник, 20 февраля 2012 г.

Як сол бе Бурҳон Раҷабов


Дар яке аз тарабхонаҳои Самарқанд яксолагии даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Бурҳон Раҷабов қайд карда шуд. Дар он хонаводаи марҳум, ҳамсояҳо, дўстон, аҳли илму адаби Самарқанд иштирок намуданд.

Оид ба хизматҳои бузурги ин эҷодкори боистъдод рассом Даврон Сафозода, санъатшинос Ато Аҳроров, табиб Ҳабибулло Ғанизода, адибон Аслиддин Қамарзода ва Адаш Истад сухан карданд.
Дар маросим бародари ҳунарпешаи марҳум нависанда Насим Раҷабов ҳузур дошт. Номбурдагон таъкид карданд, ки марҳум соҳиби истеъдоди нотакрор дар жанри мазҳака буд ва ҷои ў то ҳанўз холист. Б.Раҷабов на танҳо актери театр ва синамо буд, балки дар охири ҳаёти эҷодиаш ба коргардонӣ даст зада буд. Дар саҳнаи театри Самарқанд мазҳакаи А.Истад «Хўсамард»-ро ба саҳна гузошта буд.

Дар сурат Адаш Истад, Насим Раҷабов ва адабиётшиноси тоҷик Садрӣ Саъдиев дар маросими ёдоварии марҳум Бурҳон Раҷабов.

Комментариев нет: