вторник, 18 августа 2009 г.

Магар тоҷикон пеш аз ислом маърифат надоштанд?

Аз радио шунидам, ки дар мактабҳои таълими ҳамагонии Тоҷикистон дарси фанни Маърифати исломӣ ҷорӣ шудааст.
Магар пеш аз ислом тоҷикон маърифат надоштанд?
Маърифати митроӣ ва зардуштӣ магар набуд?
Магар инҳо таҳкурсии бинои фарҳанги мо набуданд?
Магар маърифатро ба кишвари фарҳангзои мо танҳо арабҳои бодиянишин зери парчами ислом оварданд?

10 комментариев:

D комментирует...

Точикистон бо шитоб ба карнхои миёна бармегардад ва чароги маърифаташ хомуш шудааст.

reza vahhab комментирует...

dust e hamqom! ba dorud!
cheshm e chap yek qaside ye ja’rist – boghz e man mesl e zakhm e to kar’ist
be ruzam o montazer e gozar o nazaret!
rezavahhab.blogfa.com

Анонимный комментирует...

Ин хукумат мехохад акидахои як мазхабро ба пайравони мазхабхои дигар дар Точикистон бор кунад. Дар як кишваре,ки демократи унвонаш кардаанд, ахмакии хукуматдрон аз ин бештар намешавад

safar комментирует...

Bisyor ham sukhani bemaano va fach-ba guftai tojikon. Man mekhoham ki baroyamon chand maarifafi pesh az Islom ro nom bared to donem chi doshtem yo nadoshtem.Man metavonam chizhoi ziyode nom baram ki dalolat ba maarifati baadi Islomii mo mekunad, imruz mo daavo dorem ki voriso Ismoilo Somoni hastem,Ismoilo Somoni farzandi barumandi baadi Islomist,iftikor az Rudakiy Sinoy digaron mekunem,hamai in buzurgon farzandi baadi Islomi hastand. Pas boyad safsata guiro bas kard, in besh az dinsitozi chizi digare nest, pas gard tavba kun to az azobi Khudovand najot yobi.

Анонимный комментирует...

Safar,

Сафсатасароиро канор гузор ва ба инсоният баргард. Инсоният 1388 сол надорад. Торихи мактуби миллати мо хадди акал 5000 сол кидмат дорад ва осоре хам дорем, ки ба хазораи панчуми пеш аз мелоди Масех бармегардад. Ин ки душманони кавм магзшуии муфассал анчом доданд ва хар чи китоби гайриарабй буд, ба коми оташ супурданд, далели набудани он осор намешавад. Нубуги эронй, ки Рудакию Сино намояндагони он хастанд, бепойбаст набуд. Чаро Рудакию Сино аз миёни аъроби мусалмон сар баланд накарданду хамоно эронй (точик) буданд? Чун аз пешина моя доштанду аз замони худ моя бардоштанд ва ба он поя расиданд ва арабхоро хам ба дунболи худ ба суи тамаддун кашонданд. Инкори кардахои гузаштагони худ кори як манкурт аст, ки мавриди магзшуии акидатии шадид вокеъ шудааст. Пас ту хастй, ки бояд тавба кунй ва даст аз сари мардум бардорй ва ба худат чуръат надихй, ки акидаи мутахаччиратро бар сари дигарон тахмил кунй.

Афшин комментирует...

Мулло Сафар!
Адаш Истад дар Интернет на мисли ту бо номи мустаор балки бо номи худ мебароянд.
Чи хак дори, ки номи адабиётшинос Сафари Абдуллоро ба худ никоб карди?
Мард боши, чехраи худро боз кун!
Чаро далелхои овардаи устод Адашро рад карда натавониста музахрафот мегуи?
Хама навиштахоят худ исбот мекунанд, ки шубхахои баёнкардаи А.Истад оиди гирифтори таассуби дини буданат, рост мебошад.

Иброхим комментирует...

Ифроти касест, ки ба гайри акидаи динии худ, ягон акидаи дигарро, гарчи хилофи ислом набошад хам кабул намекунад.
Терроризм реша ба ифротгарои дорад. Он чизе ки шумоён таассуби дини мегуед, намуди асосии ифротгароист.
Агар хукумати Точикистон дар мактабхо танхо таргиби акоиди як дин, яъне як акида – маърифати исломиро ба рох монад, мехохед ё намехохед таассуби диниро таквият мебахшад, ба ифротгароии исломи рохи васеъ мекушояд.
Шахси ифроти аз мантак, илм дур аст. Бубинед у аз пахн шудани дастури митроии «Хафт мархила» бим дорад. Дастури митрои омузиши илми фалсафаро хатми мешуморад. Агар мантик ва фалсафа дар мактабхо омухта шаванд, барои таассуби дини майдон хеле танг мегардад.
Инро «Сафар» ном мутаассибон хеле хуб мефахманд. Сабаби ба сари Адаш Истад шуридани у асосан хамин аст.
Аммо ин мутаассибонро бо фахмондан одам карда намешавад.
Давлат мачбур мешавад, ки болои сари онхо доимо шамшери барахнаро чавлон дода истад. Сад афсус, ки дар он шароит давлати демократии сохта намешавад.
Тухмат яке аз услубхои ифротиён аст. Бубинед ин мутаассиб устод Адашро ба «магзшуйи» айбдор карданист. Хол он ки тамоми навиштахои ин адиб магзпуркуни будааст, на магзшуи.
Магзшуи хоси ифротиюн аст. Онхо аз магзхои одамон фикрхои солимро шуста бо догмахои докиюнуси пур мекунанд.
Беодоб низ будааст, ки ба посухи бо риояи хусни одоби муошират навиштаи адиб, ба «шумо»-и у бо «ту-тугуи» чавоб медихад.
Адибро мебояд, ки аз бахс бо чунин беодобони мутаассиб канора бигарад, чун агар ба посух даст занад ба лахни дурушти онхо бо лахни дурушттар посух додан лозим меояд, ки шоистаи макоми баланди у намебошад.

safar комментирует...

Adash Istad!
Man Khudoro shukr meguyam ki Musalmon va pairavi Islom hastam,shumo bo in iboraaton"arabi bodiyanishin" ba Payombari Buzurgi Islom tavhin karded, ki in khud guhohi buzurd ast, soniyan in nishonai taasubi mallat garoii shumoro nishon medihad,arabho ham inson hastand agar chi bodiyanishin bydand, lokin insoniyat doshtand, shumo hamchun adib haq nadored ki digar mallathoro tahqir kuned va in nishonai adab nest.
Dar masaali Avestou haft marhilai mitroi, hamin ro guftanyam kii in az yak chize khayolie besh nest, chun, ki mo dar peshi khud yagon merojee durust nadored ki in ro isbot kunad, lokin Quroni karim imruz dar dasti har yak fardi tojik ast va chize ki shumo qaid karded ki "pindori nek,guftori nek,kirdori nek" in az mavzui asosii Islom ast, ki dar Quroni Karim va Ahodisi Payombari Giromi sarohatan zikr shudasat, va hej zarurate nest ki in chizhoro mo az yak marjee bigirem ki dar on shak vujud doshta boshad.
Khulasi kalom in ki man dar shakhsiysti shumo mutaasib va mutahajiro va dinsitesro mebinam, ki in khislati adib shuda nametavonad.
Vassalom.

D комментирует...

Сафар, таъассуб дар навиштахои ту бештар аз хар навиштаи дигаре мавч мезанад. Дониста бош, ки бовари ту танхо ва танхо бовари туст ва набояд дар тахмили он бар сари дигарон бикушй, ки харгиз комгор нахохй шуд. На аз рохи дугу пуписа ва на аз тарики зуру таъаддию хунрезй. Агар дилат ба гуфтахои Куръону аходис хуш аст, хуш бош кунуну умр барбод макун. Ба дигарон хам ичоза бидех, ки дилашонро бо бовархои худашон хуш доранд. Мутахаччир хам касест, ки ёрои шунидани чизе ба чуз аз бовархои худро надошта бошад. Пас тилисми тахаччур ё санггунагиро бишкан, то бароят мутаассиф нашавем.

Зимнан, Як Дарвеш бо матлаби муртабите аз Эрон баруз аст. Сар бизанед.

Сангинов комментирует...

Мне не понравилось тон разговора Сафара. Наглый тон экстремиста. Наверное, в Таджикистане происходит обнагление экстремистов. Этот наглец додумался до того, что решил: в отношении арабов шестого века использовании фразы «степной араб» является оскорблением пророка и за этого писатель должен ответит.
Смешно для нас это требование, так как назвать, кого-то степным не является оскорблением, но ослепленные его вероучениями товарищи могут ему поверить. Поэтому очень опасен этот тип.