вторник, 23 сентября 2008 г.

Нашри китобҳои Ҳамза Ҷўра

Дерест, ки Ҳамза дар шўъбаи тоҷикии радио ва телевизиони давлатии вилояти Самарқанд фаъолият дорад. Ўро асосан ҳамчун журналист мешинохтанд. Касе хабар надошт, ки Ҳамза дар вақти холӣ гоҳ-гоҳ қиссаву ҳикояҳо низ менависад.

Инак нашриёти «Зарафшон»-и Самарқанд ду китоби ўро баробар нашр намуд. Китоби якум қиссаи мустанад буда «Муаллим Афандӣ» ном дорад, ки аз рўзгори яке аз муаллимони аввалини аз Самарқанд ба Тоҷикистон фиристодашуда – Сўҳбатулло Соҳибназаров нақл мекунад. С.Соҳибназаров солҳои ҷанги ҷаҳонии дуюм роҳбари ноҳияи Ромитро бар ўҳда доштааст. Ў ба сабаби фоҷиаҳои паи ҳами оилавӣ маҷбур мешавад, ки аз ин вазифаи баланд даст кашида ба Самарқанд баргардаду ва касби бобоӣ – кандакории чўбро давом диҳад. Ҳоло фарзандону набераҳои С.Соҳибназаров дар ҷумҳурии Ўзбекистон беҳтарин кандакори чўб ҳисоб меёбанд ва ба унвонҳои баланд соҳиб шудаанд.

Солҳои аввали ҳукумати шўравӣ аз Самарқанд ба Тоҷикистон садҳо муаллимон ба кор фиристода шудаанд. Афсўс, ки то ҳол дар бораи онҳо ягон асари публисистӣ ё бадеӣ навишта ва чоп нагардидааст. Аз ин бобат нависанда Насим Раҷабов огоҳии бештаре доштанд ва ман чанд бор ба эшон гуфтаам, ки дар ин мавзўъ қиссае нависанд. Ҳоло намедонам, ки маводе гирд овардаанд ё не.

Китоби дуюми Ҳамза Ҷўра «Алломаҳо намемуранд» ном дорад ва аз очерку ҳикояҳо иборат аст.

Дар поёни китоб «Ангезаю андарзҳо» ном бобе ҳаст, ки дар он Ҳамза лавҳаҳои хурди ҳаётӣ навиштааст. Ва аз онҳо «Фишор» ном лавҳаро пешниҳод мекунам, ки хонанда аз сабки ў огоҳӣ ёбад.

«ФИШОР»

Аз давраи наврасӣ маҷрои зиндагӣ маро фишор дод. Ҷуссаи хурдакак дошта бошам ҳам, аз паси меҳнати сиёҳ мешудам, мардикорӣ мекардам. Баъди ба воя расидан, соҳиби фарзанду оила гаштанам ҳам, офтоби бахт ба рўям нахандид. Писарам дар сафари Русия рафту ба дасти нобакорон афтида, ба азоб монд. Тўҳмат заданд ба ў, лаънатиҳо. Ба сафедиҳои мўи сарам боз торҳои зиёди сафед зам гардид. Ба рўям ожангҳои нав пайдо шуданд. Ҷигарбандаро ба хотир орам дарун-дарун мегирям. Дилам сўзиш мекунад, чунон месўзад, ки қариб оташ гирад. Аммо инро ба касе намегўям, ҳатто ба ҳамсари меҳрубонам маълум намекунам. Бигузор, танҳо дили сарсахти ман бирён шавад, сўзад,ҷинҷак гардад!

Маҷрои зиндагӣ маро фишор медиҳад. Чанд сол аст, ки аксарият ҷавонмардон аз паи эҳтиёҷи зиндагӣ баҳри мардикорӣ ба мамлакатҳои хориҷа, ба сафари шаҳрҳои дур мераванд. Хурсанд мешавам, ки бисёри онҳо оилаашонро обод мекунанд. Баҳри тарбияву парвариши фарзандон худро ба дами теғу табар мезананд. Қасру кўшк ва ҳавлию ҳарамҳои боҳашам месозанд. Аммо гоҳ-гоҳ аз ин ё он мавзеъ овози доду навҳа баланд мешавад, ки аз Курия, Амрико, Русия, Португалия, Исроил, Ҷопон ё дигар шаҳрҳо ҷасади беҷони ин ё он ҷавонмардеро овардаанд. Дилам реш мезанад ба ин ҷавони раҳматӣ, ки баҳри зиндагӣ берун аз хоки Ватан ғарибу танҳо шаҳди марг чашидааст. Ҷавонзанҳои зебову фарзандон дар фироқи онҳо навҳаву шеван карда хун мегирянд.

Аз маҳаллаи ҳамсоя наварўсе ба Аморати Араб рафта, бо айби фоҳишагӣ шаш моҳ зиндонӣ шуда баргашт. Шавҳари ҷавонаш аз ин шармандагӣ обу адо шуд ва тарки хонаю ҷой кард. Ҳоло дар кўчаю пасткўчаҳо май нўшида чун девонагон сар-сарӣ мегардад. Ҳар гоҳ ўро мебинам, дилам пора-пора мешавад аз тақдираш, аз беҳудаву бемазмун гузаштани умри ҷавонаш.

Тобишҳои зиндагӣ маро фишор медиҳанд. Рафиқонам гўшзадам мекунанд, ки давраи пирӣ расида истодааст. Аммо чаро онҳо ин қадар саҳлона хулоса мебароранд? Наход сафедии мўй нишона аз пирӣ, бошад? Охир ҳаёт танҳо аз хушиву хурсандиҳо иборат нест? Дили ман ҳамон ҷавонона метапад. Ба туғён меояд дили садпораи ман. Чунон туғён мекунад, ки баъзан гўё ҳатто дар сандуқи худаш намеғунҷад. Ҳамон ҷўш мезанаду ҷўш, ин дили бечораву бузурги ман ва аз қаъраш нидо меояд. Бо ҳаёт мубориза бояд бурд! Охир Яздони пок ба бандагонаш хурсандию хафагӣ, пастию баландӣ, сафедию сиёҳӣ, талхию ширинӣ, некию бадиро дода, имтиҳон мекунад, ки оё ба ин санҷишҳо шукрона мегўяд ё на?

Маро зиндагӣ мефишорад, аммо ба ҳар рўзи атокардаи Худованди меҳрубон шукри беҳад мегўям. Ва то даме, ки ин дили пуртуғёну шўридаи ман дар тапиш аст, бо ҳаёт мубориза мебарам. Набояд рўҳафтода шуд. Охир мазмуни умри инсонӣ низ ҳамин аст!

Комментариев нет: