понедельник, 22 сентября 2008 г.

Ибтикори Масъуди Миршоҳӣ


Раиси Бунёди Рўдакӣ дар Фаронса доктор Масъуди Миршоҳӣ паи ҳам корҳои хайреро анҷом медиҳад, ки мондагор дар сафҳаи торихи фарҳанги форсизабонон хоҳад буд.

Инак китоби наве, ки ба хати форсист ва аз шеърҳои бонувони шоири Ўзбекистон асту Миршоҳӣ таҳия намуда ва Нашриёти «Ховарон» дар Фаронса нашр кардааст, ба дасти камина низ расид. Маҷмўаи мазкур «Дурри дарӣ дар Самарқанду Бухоро» (Шеърҳои занони тоҷик дар Ўзбекистон) ном дошта ба он доктор Миршоҳӣ сарсухан навиштааст. Сипас мақолаи профессори донишгоҳи Самарқанд Садрӣ Саъдиев «Вазъи забон ва адаби форсии тоҷикӣ дар Ўзбекистон» ҷой дода шудааст.

Дар китоб намунаҳо аз ашъори Ҳадя, Башорат, Зебунисои Тоҳириён, Маҳбуба Неъматзода, Саида Камолова, Садорат Аюбҷонова, Музаффара Рустамова, Фаҳима Содиқ, Матлубаи Шоалӣ, Парисо, Шаҳзодаи Самарқандӣ, Дилрабо Насимӣ, Дилшодаи Фарҳодзод, Манзура Ҷўраева, Марям Ёдгорова оварда шудаанд.

Хонандаи форсизабони хориҷӣ аз забони шеърҳои ин бонувони ўзбекистонӣ пай хоҳад бурд, ки вазъи забон дар ин кишвар чӣ ҳоле дорад.

Ба доктор Масъуди Миршоҳӣ барои чунин кори хайр барои дастгирии адибаҳои тоҷики Ўзбекистон изҳори миннатдорӣ мекунем.

Кош ин ташаббуси эшон дар Тоҷикистон идома меёфт ва чунин маҷмўа бо иловаи осори бонувони достоннавис ба сирилик низ ба чоп мерасид.

Комментариев нет: