среда, 7 марта 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 14


Ҳикоёти зарбулмасалдор

Элак баҳона, дидор ғанимат.
Вақте ки дӯстонро пазмон  мешаванд, гирифтани ягон чизро баҳона карда ба хонааш мераванд

Як шоири ҷавон ба духтари муаллими забон ошиқ будааст. Ба вохӯрӣ дар  он вақт мерафтааст, ки падару модари духтар ба кор рафтаанд. Рӯзе ба хонаи духтар омада бо падари духтар рӯ ба рӯ мешавад.

- Муаллим, ман аз шумо пурсиданӣ омадам, ки калимаи ишпулуқ чӣ маъно дорад?  - Гуфтаст шоири ҷавон, ки ин калимаро худ сохта буд.


Муаллим аноӣ набудааст, ки гуфтааст: - Ишпулуқ шакли дар гуфтугӯ вайроншудаи ишқ пухт аст. Аз афташ ишқи шумо пухтагӣ. Яъне вақти хостгор фиристодан. Ишпулуқ ҳамон элак аст,  аз мақоли «Элак баҳона, дидор ғанимат».

Ҳӯ ҷалаб!
Дар Самарқанд байни мардум ҷалаб танҳо ба маънои фоҳиша, яъне зани сабукпои танфурӯш фаҳмида мешавад. Хироҷ ном ҷавони самарқандӣ дар шаҳри Душанбе дар як дӯкони молҳои саноатӣ мудир буд. Рӯзе дар кӯчаи калон, назди идораи савдои шаҳр Борис ном яҳудии молшинос аз дур ба ӯ хитоб кард: - Ҳӯ Хироҷи ҷалаб!

Хироҷ оташин шуду ҷавоби сахт надод, зеро Борис барои ӯ одами асосӣ буд барои гирифтани молҳои хуби бозоргир. Яъне чунин молҳоро ба савдогарони бозор ва дастфурӯш ба нархи баландтар фурӯхта фоида мегирифт.

Аммо ҳис кард, ки ин ҷо ягон гап ҳаст. Борис беҳуда ӯро ҷалаб, яъне фоҳиша нагуфт. Ҳарчанд фикри зиёде кард, сабабашро пайдо карда натавонист. Рӯзе ба Борис гуфт: - Борисҷон, ману ту ҷӯра, ҳамшаҳрӣ ҳастем, лекин дар байни одамон дигар маро ҷалаб нагӯй!

- Чаро намегуфтем? – Оташин шуд Борис,- худат тоҷику забони тоҷикиро намедонӣ? Ҷалабӣ ин касби асосии ту!

Хироҷ сурху сафед шуду чизе гуфта натавонист.

Сипас вз дӯсташ журналист Аҳмад Исмат пурсид: - Калимаи ҷалаб ба ғайри фоҳиша боз ягон маънои дигар дорад?

- Дар забони адабӣ савдогар, тоҷир, фурӯшандаи мағозаҳоро ҷалаб мегӯянд,- гуфт Аҳмад Исмат,- дар Самарқанд чорвофурӯшро-молҷаллоб, ордфурӯшро-ордҷаллоб мегӯянд. Ҷаллоб ва ҷалаб аз як реша – ҷалб сохта шудаанд.

 - Оббо, мо кормандони савдо хоҳем-нахоҳем ҷалаб будем-дия,- гуфт Хироҷ.

Ба мисли арра бош!
Дар бораи маъракаҳои миёнбандони устоҳо аз устоди усто Амриддин усто Мирусмон Асадов шунида будам. Чанде пеш боз дар ин бора аз як устои тармимгари ёдгориҳои меъмории Самарқанд усто Шукруллохон Вализода, ки китоби нави шеърҳои бачагонаашон «Хазинаи бачаҳо»-ро ба камина оварданд, пурсидам.

Усто Шукруллохон гуфтанд: Дуои манзуме, ки дар маъракаҳои миёнбандон баъди бастани миёни шогирд усто мехонад, ин аст:
Чун теша ба сӯи худ доим матарош,
Чун ранда ба сӯи худ пошанда мабош.
Таълим зи арра бигир дар касби маош,
Гаҳ сӯи худат бикаш, гаҳ ба дигар пош.

Яъне устои боинсофи саховатпеша бош. Баъди ин маърака шогирд ба унвони усто соҳиб мешавад.

Шогирди усто надида.
Дар бораи устое мегӯянд, ки устод надоштааст ва корҳояш пур аз  хатост.

Оҳана дар гармияш мекӯбанд.
Яъне як корро, ки гирифтанд, танаффусро дароз набояд кард, то ки пушти кор хунук нашавад. Оҳангар оҳанеро, ки аз он ягон асбоб сохтанист, дар оташи кӯра сурх мекунад. Агар зуд онро бо болға зада насозад, оҳани тафсони нарм хунук ва сахт мегардад.

Аввал нархи сабзию пиёзро напурсид.
Ба сабзию пиёз ҳеҷ дахл надорад ин гап. Яъне он каси «нархи сабзию пиёзро напурсида» чӣ будани масъаларо нафаҳмида даъвогарӣ кард.

Роҳрави торик.
Тоҳирҷон ном ҷавони самарқандӣ, ки аз кӯдакӣ маюб буд, як пагоҳӣ лангида-лангида аз назди бинои идораи савдои шаҳри Душанбе мегузашт. Тоҳирҷон Хироҷро дар ҳамин ҷо вохӯрд. Солҳои зиёде ҳамдигарро надида буданд. Тоҳирҷон фикр мекард, ки Хироҷ дар кадом як мактаби деҳа мисли ӯ аз фанни физика ба бачаҳо таълим медиҳад. Тоҳирҷон Хироҷро сахт ба оғӯш кашида бӯсид ва ҳатто ашки шодӣ рехт.

- Эй ҷӯрае! Дар куҷо мегардӣ, ман ба ту пазмон шудагӣ. Ҳоло низ аз физика дарс медиҳӣ?

- Ҳоло ман физик не, чизик, яъне чизфурӯш, аниқтараш директори як магазин,- гуфт Хироҷ, - Ту дӯсти ман, ки бошӣ, як дам ин ҷо ист, ман ҳамин қоғази дастамро месупораму мебуром. Баъд ҳар ду сӯҳбат мекунем, як пиёлагӣ чой-пой мехӯрем. Хироҷ башитоб аз дари идораи савдо даромада рафт.

Тоҳирҷон чор-панҷ соат болои як харак аз дар чашм наканда нишаст. Аз Хироҷ дарак набуд. Боз чор соат баъди обед низ интизор шуд. Бинои идораи савдо хеле калони чорқабата буд. Тоҳирҷон намедонист, ки даромада ӯро кобад, ё равад. Соат 4-и рӯз шуд. Ҳамин вақт ҳамшаҳриаш журналист Аҳмад Исмат, ки аз ин ҷо мегузашт, ӯро дида истод.

- Ҳа Тоҳирҷон! Ин ҷо чиро интизоред? – Пурсид ӯ.

- Хироҷро чанд сол боз надида будам, имрӯз дидам, зуд даромада мебуром, баъд сӯҳбат мекунем гуфт. Пагоҳӣ даромада буд, мана бегоҳӣ шуд, ҳеҷ не ки барояд.

- Э ҷӯра, шумо ин савдогарҳоя намедонистед. Инҳо дар «чёрный ход» - роҳрави торик ва аз таги пештахта молҳои камёбро рустӣ фурӯхта одат кардагӣ. Хироҷ баъди буд шудани кораш худро ба «чёрный ход» зада аз даричаи қафо баромада рафтагист. Ана равед аз дарбон пурсед.

Тоҳирҷон ба таги дар рафта аз дарбони идора фаҳмид, ки дари дигар низ будааст. Баъд ба Аҳмад Исмат рӯ оварда гуфт:

- Зарбулмасали «Ишкамба гӯшт намешавад, савдогар дӯст»-ро шунида бошам ҳам бовар намекардам. Ташаккур ба шумо, ки чашмамро кушодед! Аммо ман ҳайронам, ки панҷ сол дар як ҷо хондем, ман ба вай дар аз худ кардани фанҳои душвор ёрӣ медодам. Доим такрор мекард, ки ин некиҳои манро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Ягон рӯз рӯ ба рӯ оем аз шарм помидор барин сурх мешудагист.

- Ҳаргиз шарм намедорад. Одами берӯй. Зеро пушту пеши чунин одамон як хел. Пушташонам пушту пешашон ҳам пушт,- гуфт Аҳмад.

Ё хара пеши бор ё бора пеши хар.
Савдогар Самар ба ҳамсинфаш журналист Аҳмад Исмат шикоят кард, ки Раҳмати Гӯшт борамро дар ҳавлияш нигоҳ дошта гаштас, на пуламро медиҳад на борро мебиёрад. Чанд бор гуфтам, ки борро биёред. Хуб, мебарам,- мегӯяду намебиёрад.

Аҳмад Исмат гуфт: - Ё хара пеши бор ё бора пеши хар. Шумо бояд худатон ба хонаи ӯ рафта боратонро гиред.

 - Шумо бо ҳамин зарбулмасал мана хар гуфтед! - Даъво кард савдогар Самар ва бо Аҳмад Исмат қаҳрӣ шуд.

Тоқати меҳмон надошт, хона ба меҳмон гузошт.
Ҳамсинфҳо Ҳалиму Борон баъди хатми мактаби миёнаи ноҳияи Самарқанд ба шаҳри Душанбе рафтанд, ки ба донишгоҳи он бо забони модарии худ таълим гиранд. Аз назди бинои Вазорати савдо гузашта истода бо ҳамсинфашон Самар вохӯрданд, ки корманди савдо  буд.

Баъди оғӯшкашию пурсупос Самар гуфт: - Шумо дар ҳамин ҷо як дам истетон, ман зуд ба идора даромада мебаром. Як пиёла чой аз ман.

Ҳамсинфон Ҳалиму Борон се соат рост истода мунтазир шуданд. Баъд Борон гуфт: - Гурдаҳо аз рост истодан ба дард кардан сар карданд. Ин ҷо ягон хараке нест, ки шинӣ.

Ҳалим гуфт: - Халқ беҳуда нагуфтааст: Тоқати меҳмон надошт, хона ба меҳмон гузошт. Аммо ин маккор кӯча ба меҳмон гузошт. Борон, аҳмақ шудагемо бас! Рафтем аз ин ҷо.

Борон гуфт: - Мурооти самарқандиёна мегӯянд, вақте, ки касе ба як пиёла чой даъват мекунаду чой доданӣ нест. Ту ин ҷо исто, ман даромада бинам, мумкин маҷлис будагист ва ҷӯремо он ҷо дармондагист.

Баъди бист дақиқа Борон баромада ба Ҳалим гуфт: - Ҳеҷ кас нест. Дари ҳама кабинетҳо маҳкам. Ҳама ба обед рафтагӣ. Аммо ин бино як дари оқиб низ доштааст, ки аз он ҷо ба кӯча мебаромадаанд.

Ҳалим гуфт: - Ту мурооти самарқандиёна  гуфтӣ. Дар мурооти самарқандиёна «вақт ёфта биёед, як пиёла чой мекунем» мегӯянд. Ҳаргиз «ин ҷо як дам исто, ҳозир мебаром» намегӯянд. Ман намедонам баъди ин ҳодиса ба рафтори ӯ чӣ баҳо диҳам?

Борон гуфт: - Худи ҳозир ӯ се-чор соат вақти ману туро дуздид. Яъне дузд-дия! Дар ин се-чор соат ману ту чи қадар китоб мехондему ба имтиҳонҳои қабул нағзакак тайёрӣ медидем.

Нармтарин сахттарина мехӯрад.
Солҳои горбачёвӣ камина мудири шӯъбаи ҳунари Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-и Тоҷикистон будам. Дар ин шӯъба адибон Баҳманёр, Салими Аюбзод, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама Аҳмадова кор мекарданд. Барои ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додан ситоди махфӣ ташкил кардем. Аз корҳои мо устод Лоиқ хабардор шуда будаанд, аз дари шӯъба даромада гуфтанд: - Нармтарин сахттаринро хӯрдаст. Об чакидан гирад сангро сӯрох мекунад. Монда нашуда муборизаро давом диҳед!

Ин сухани устод Лоиқ ба мо болу пар бахшид.

Аз ҳар саг як устухон қарздор.
Бо устод Лоиқ дар хонаи кориашон (сардабири маҷллаи «Садои шарқ» буданд) шоҳмот мебозидем. Дар мобайни бозӣ «Эҳ, ман бояд зуд ба Кӯлоб равам» гуфта хестанд.

- Дар он ҷо чӣ гап?

- Як шиносам тӯй дорад.

- Ба ин қадар роҳи дур наравед ҳам мешавад. Дар ҳоле ки роҳи Душанбе-Кӯлоб чандон соз нест.

- Ман аз ҳар як саг як устухон қарздор,- гуфтанд устод Лоиқ,- наравам намешавад, ба тӯйи бачаҳом тӯёна оварда буд. Баргардондан лозим.

Устод Лоиқ на танҳо шеъри бисёрро аз ёд медонистанд, зарбулмасалҳои зиёди тоҷикиро низ дар хотир доштанд ва дар мавридаш кор мефармуданд, ки ду мисолашро ин ҷо овардам.

Касу косаро зиёд накунед
Дар Самарқанд дузанагию сербачагӣ расм нест. Маданият хеле баланд. Боре дар назди бинои кӯҳнаи Радиои Тоҷикистон бо устод Фазлиддин Муҳаммадиев рӯ ба рӯ омадем. Устод баъди ҳолпурсӣ насиҳат карданд: Барои адиб як зану як фарзанд кофист. Касу косаро зиёд накунед. Аз баъзе шоирони маъшуқадор ибрат нагиред.

- Маъшуқа он тараф истад, ман ҳоло зандор нашудаам,- гуфтам ба устод.

- Ин гапи ман ба он маъно, ки адиби машҳур мешавед ва дар атрофатон мухлисонатон - занҳои  зиёде парвона шуда мегарданд. Ояндаро дар назар дорам,- гуфтанд устод.

Бо дег шинӣ…
Рӯзноманигори ҷавони самарқандӣ Аҳмад Исмат дар идораи рӯзномаи ҷавонон кор мекард, ки «Комсомоли Тоҷикистон» ном дошт. Хироҷ ном собиқ ҳамсинфаш телефон карда гуфт, ки соати 12 ба магазини вай биёяд, ҷӯраҳои мактабӣ Эгам, Ҳалим ва Борон меоянду дар вақти обед сӯҳбат мекунем.

Соати 12 рӯз Аҳмад Исмат ба магазини Хироҷ омад, ки он дар як канори шаҳр буд.  Хироҷу Эгам аз мошини боркаш бор мефуроварданд. Хироҷ низ ёрдам дод дар кашондани бор ба анбори қафои магазин. Баъди борро фуроварда шудан Ҳалим ва Борон омаданд ҳама дар як ошхоначаи мантупазӣ дар як табақи калон манту гирифта хӯрда истода буданд, ки Хироҷ гуфт:

- Аҳмад Исмат! Шумо аз ҳамин рӯз ба мафияи мо дохил шудед, моли бе фактура, яъне моли дуздиро фуровардед.

Манту дар гулӯи Аҳмад Исмат дармонд. Базӯр фурӯ доду «мебахшетон ман дар редаксия навбатдор, зуд рафтанам лозим» гуфта аз сари миз хеста рафт.

- Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ, гуфту дигар ба ин магазини ҳамсинфу ҳамшаҳриаш намерафтагӣ шуд.

 Ба ҷои пир асои пир.
Хироҷ ба тӯйи никоҳии  худ ба ҳамсинфи собиқаш рӯзноманигор  ва адиб Аҳмад Исмат даъватнома фиристод. Он вақтҳо (замони шӯравӣ) тӯйҳо дар ҳавлии соҳибтӯй баргузор мешуд. Аҳмад Исмат пояш накашад ҳам ба Самарқанд аз Душанбе парида омад, зеро тӯёнаи ба тӯйи никоҳи худи ӯ овардаи Хироҷро зиёдтар карда баргардондан лозим буд.

Хироҷ дар Самарқанд барои худ як қасри бошукӯҳ  сохта буд бо ҳавзи мармарии фавворадори шиноварӣ. Дар тӯй ҳазору дусад кас иштирок дошт. Ба тӯй ҳунарпешаҳои машҳур ва донишмандони шинохта низ даъват шуда буданд. Профессор Розиқ Ғафур раисӣ мекард. Ӯ ба навбати табрик аз рӯи он ки киро мансабаш калонтару синнаш калонтару пулаш зиёдтар бошад, аввал ҳамон  кас гап мезанад, амал менамуд.

Чунин тӯйҳои сермағали пурдабдаба, ки бо пулҳои ҳаром кормандони савдои советӣ баргузор мекарданд, ба Аҳмад Исмат намефорид. Баъди ду қадаҳ нӯшидан, вақте ки як нафар табрик карду раис навбатро ба сароянда дод, Аҳмад Исмат аз ҷой хесту бо баҳонаи бо раис ҳолпурсӣ кардан ба назди ӯ рафта ба қоғазе, ки номи табриккунандаҳо навишта шуда буд, як назар андохт. Номи ӯ дар ин рӯйхат аз ҳама охир чордаҳум буд.

Профессор Розиқ Ғафур ба рӯи ӯ мулоимхунукона табассум кард. Яъне мегуфт: - Дар Самарқанд обрӯи мо зиёдтар аст, на ту барин адибону рӯзноманигорон!

- Рисолаи илмиатон «Ленин дар бораи забон» буд-мӣ? – Пурсид Аҳмад Исмат,- ба он маъно, ки дар корҳои илмиатон аз илм дарак нест.

- Ҳа Аҳмадҷон, худатон медонед-ку то замонпарастӣ накунем, бо чорта росту дурӯғ сиёсати партияро таъриф накунем, ба мо роҳ медиҳанд-мӣ? Бед, ин  гапҳоро монед, як қадаҳӣ менӯшем. Аз сад сиз-биз як ҷизбиз беҳтар.

- Ман вақт надорам меравам,- гуфт Аҳмад Исмат ва аз дари тӯйхона баромада дар кӯча озод нафас кашид ва ба сӯи деҳааш қадам зад.

Вақте ки хеле дур рафта буд, ҳамоно садои баландгӯякҳои тӯйро равшан мешунид. Шунид, ки раис «навбати табрик ба нависанда Аҳмад Исмат дода мешавад» гуфт, ҳол он ки бо чашмони худ дид, ки ӯ «ман меравам» гуфту аз дари ҳавлӣ баромада рафт.

Сипас боз садои раис баланд шуд: - Азбаски Аҳмад Исмат нестанд, ба ҷои пир асои пир, ба лаборанти Институти забон ҳамқишлоқии соҳибтӯй акои Мавлон сухан медиҳем.

Дар он тӯй як духтури душанбегӣ ширкат доштааст. Ӯ ҳафтаи дигар ба идораи рӯзномае, ки Аҳмад Исмат кор мекард, мақолае оварда гуфт: - Шумо қадри худро медонистед. Аз тӯи Хироҷ пеш аз ҳама хеста рафтед. Беҳуда халқ «Аёс, қадри худро шинос» намегӯяд.


Комментариев нет: