среда, 16 сентября 2009 г.

Психологияи миллии тоҷикӣ

Психологияи миллии тоҷикӣ зери таъсири динҳои гуногуне, ки мардуми мо дар таърих дошту дорад, шакл гирифтааст.

Мазмуни асосии ин психология – «ҷомеа ҳама чиз, шахс ҳеҷ чиз» буд. Инро бо ибораи бартарии тўда ифода метавон кард.

Намозро бо ҷомеа дар масҷид гузаронидан беҳтар аст, нисбат дар танҳоӣ.

Ҳизби коммунистӣ дар замони шўравӣ психологияи тўдавиро тақвият бахшид. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба ибораи «народные массы» - «оммаи халқ» бартари дод, гули сари сабади ҷомеа – рўшанфикронро баъди синфҳои коргару деҳқон ба ҷои охирин – мақоми саввум ниҳод. Дар солҳои сталини асосан шахсиятҳои намоён нест карда шуданд. Шахсиятҳое, ки фикрашон аз дигарон фарқ мекард.

Психологияи «ҷомеа ҳама чиз, шахс ҳеҷ чиз» дар шуури мардуми мо боз бештар реша давонд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин психология симои манфури худро равшан намоён кард. Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуфхон Исҳоқӣ, Пиримқул Сатторӣ, Сайф Раҳимзод ва бисёр дигар донишмандону адибон, ки шахсиятҳои намоён буданд, кушта шуданд.

Агар Абдулмаҷид Достиев дар Душанбе намебуд, аз шахсиятҳои намоён боз бисёр касон кушта мешуданд.

Тибқи ҳамин психология Бозор Собирро ҳабс карда буданд, гарчанд ҳама медонистанд, ки шоири нотакрор аст.

Агар мо психологияи миллии худро дигар накунем, халқамон дар ҳолати «оммаи халқ» яъне тўдаи пешина хоҳад монд. Як ходими намоёни илму фарҳанг як одам нест, ў метавонад ба миллионҳо нафар баробар бошад.

Ба ин сабаб дар як гирдиҳамоие, ки ба муносибати ёдбуди устод Лоиқ – ҷашни шастсолагӣ дар зодгоҳи ин адиб баргузор шуд, нутқи камина бар ин фикр асос ёфт, ки Лоиқ ба миллионҳо кас баробар буд, аз ин сабаб марги нобаҳангоми ў фоҷиаи бузурги миллист.

Мактаби миллӣ бояд тарзе аз нав сохта шавад, ки он шахсиятҳои намоёнро ба майдон орад, на тўдаи якфикри «сари хамро шамшер намебурад»-ро. Дар ин бобат мактаби митроии «ҳафт марҳила», ки мақсади асосиаш тарбияи шахсияти тавоно Рустам барин абармардҳо будааст, намунаи ибрат қарор гирифта метавонад. Зардушти Спитамон парвардаи ҳамин мактаб буд.

Тоҷикон то психологияи миллии худро дигар накунанд, миллати пешрафтаи ҷаҳон шуда наметавонанд.

Сироҷиддин Шамсиеви марҳум, ки яке аз дўстони мактабии камина буд, шахси дасткушоде буд.

Бори аввал, вақте ки девори оҳанини шўравӣ фурў рафту ба ИМА рафта омад, гуфт: - Дар он ҷо одами сарватманд не, балки адибону донишмандон обрўи зиёдтар доранд.
- Зеро ки ҷамъияти амрикоӣ шахсиятсолор аст. Ҳамон сарватманде шахсият мегардад, ки ба корҳои хайр шарик аст, - гуфтам ман.

Боре дўстони яҳудияш аз Исроил ба Самарқанд ба тўи писари Сироҷиддин омаданд. Эҳтироми мардумро нисбати Сироҷиддин дида ба ў гуфтанд:
- Дар Исроил сарватмандон ин қадар обрўи баланд надоранд, чуноне ки ту дар ин ҷой дорӣ.

Ман дар ин сўҳбат ҳозир будам ва гуфтам:
- Сироҷиддин бо саховатмандӣ шахсият гардид. Ўро барои сарваташ не, барои ин сифаташ эҳтиром мекунанд.

Яъне шахс барои шахсият гардидан шарт нест, ки ҳатман адиб ва донишманд ва ё мансабдори бузург бошад. Агар ба ватану миллаташ фоидаи зиёде расонад, ҳатман ба шахсият мубаддал мегардад.

Ман бо ин сатрҳо ҳаргиз мақоми ҷомеаро дар ташаккулли шахс инкор кардани нестам. Шахсиятҳо фарзандони ҳамин мардуманд ва афзояндаи обрўи онанд.

Ҷомеаи демократӣ ҷомеаи шоистасолорӣ, яъне шахсиятсолорист.

Тафаккури шахсиятсолориро чӣ тавр бояд устувор кард?

Мо бояд, ки пеш аз ҳама шахсиятҳои торихиамонро ба он мақоми баланде, ки сазоворанд, бардошта қадршиносӣ кунем.

Рўйхати бузургони торихиамонро тартиб диҳем, тарҷумаи ҳоли ононро чоп кунем, кўю майдонҳоро ба исми онон гузорем. На ҳамаи онон то ҳол қадршиносӣ шудаанд, ки мисоли равшанаш Абў Муслиму Сарбадоронанд.

Гузаронидани ҷашнҳои ходимони бузурги давлат, илму фарҳанг низ ба ин мусоидат карда истодааст.

Хурсандиовар аст, ки ба бисёр адибони Тоҷикистон унвони Нависандаи халқиро доданд. Аз зиёд гардидани теъдоди чунин унвондорҳо нороҳат набояд шуд. Хоҳ-нохоҳ дар байни ин қадар унвондори бисёр як-ду нафар сазовори ин унвон нагардида хоҳад буд. Аммо таърих бо мурури замон кадом кас чӣ мақоме дошт, худ муайян хоҳад намуд.

Ба қадри онҳое низ бояд расид, ки дар марзи ҷумҳурӣ набошанд ҳам осорашон ифтихорӣ Тоҷикистон аст, ба мисли мутафаккири барҷаста Акбари Турсон.

2 комментария:

architect-tj комментирует...

Аз таърихи бузурги аҷдодонамон ягон шубҳа надорем. Ӯстод, мехостам аз шумо мақолаҳое хонам, то пеши роҳи моро рафшантар созанд. Мехостам саҳнаҳои таърихие шунавам то ба ҳаёти имрӯзаи мо рост таъсире кунанд. Дар гузашта мо чи хатоҳое кардем, ё қурбони кадом найрангбозиҳо шудем то ба ин аҳвол расидем. Мехостам далелҳои таърихие шунавам, ки оё мумкин аст, ки миллат дар замони кӯтоҳ иваз ёбад. Ва таъсирҳои ин ивазёби чи гунаанд.

Jamshed комментирует...

Нависандаи бузурги рус А.П.Чехов гуфтааст, "все начинается с мелочей". Адаш ака маколаи мазкурро хонда хеле шод гаштам, ки то хол инсонхои мисли шумо хастанд, ки мавзуи болоро мебардоранд. Ба фикрам, муаммо дар бузургон ва бузургдошти онхо нест. Муаммои калони мо дар рост фахмидани муаммост. Самаркандиен холо ба майда чуйдаи рузгор дода шуданд. Пеши худ чунон муаммохое гузоштанд, ки онхо, яъни иморатсози, маъракаю мавлудхои аз сари муй зиед, обруйталошихои ахмакона, сарфу харачоти нодаркори мардумро ба хамин ахвол овард, ки фикру хаелашон аз муаммохои боло намегузарад.Ин муаммо мисли занг аст, ки мардумро то рафт бемору бехаракат карда истодааст. Чунин муаммохои бесару нуг миллати моро хору зор гардонида истодааст. Адаш ака мехостам дар ин мавзуъхои нозук нактаи назари худро изхор кунед.

бо эхтироми калон Чамшед (Регистон)