понедельник, 12 сентября 2022 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён

 [оғози китоби дуввум]

 

Занро ва зарро эҳтиёт кун, мегӯянд самарқандиён.

 

Зар - пинҳону зан - пинҳон низ мегӯянд.

 

“Зана зан, намурад бо табар зан”, “Завҷая зӯраш - шавҳара шӯраш”. Албатта чунин маколҳои нисбати занҳои бефаҳм гуфта шуда, дар ҳама мардуми олам ҳастанд ва тоҷикон истисно нестанд.

 

Баъзан мебинед, ки байни зану шавҳар баҳсҳои оташин мешавад, ки баъзан ҷанги даҳонӣ бо лату кӯб меанҷомад. Аммо тибқи мақоли дар Самарқанд машҳури “Ба ҷанги марду зан остонаи дар хандидас” як шаб, ки гузашт, саҳар онҳо боз мисли рӯзҳои пешин меҳрубон, гӯё чизе рӯй надодааст.

 

Аммо аксарияти мақолҳо дар бораи бонувон ситоишианд, мисли ин мақол: “Зани қаноатпешаи порсо, кунад марди фақирро подшоҳ”. Чунин мақолҳои тоҷикӣ, ки дар васфи занон ҳастанд, дар Самарқанд бисёр вомехӯранд. Зеро дар ҳаёти тоҷикони Самарқанд мақоми зан дар зинаи хеле баланд аст.

 

Бисёр мардони ин ҷо ба завҷаи худ “Офтоб!” гӯён муроҷиат мекунанд. Зеро медонанд, ки Мардро мард мекардагӣ зан ва номард мекардагӣ низ зан аст.

 

Дар баъзе халқҳо мақолаи мард - каллаву зан - гардан машҳур аст. Яъне ба гардан корд занед, калла аз гардан мепарад. Ё гардан шах шавад, коре кардан мушкил аст. Дар чунин халқҳо бори калла (яъне мард) пурра ба дӯши гардан (яъне зан) аст. Гардан ба кадом тараф тоб хӯрад, калла низ такрор мекунад.

 

Аммо дар фарҳанги мардуми тоҷик чунин нест, занро ва зарро эҳтиёт кун мегӯянд тоҷикони Самарқанд.

 

Аммо арзиши завҷаи доно аз ганҷинаи зар сад карат болост.

 

Тибқи ривояти машҳур Ҳавво аз қабурғаи Одам сохта шудааст. Аммо дар ҳаёт ҳамаи моро зан дар батни худ месозад. Ба ин далел чаро муқаддас ва шоистаи эҳтироми бузург набошад?

 

Ба ин сабаб дар менталитети тоҷикон модар мавсум ба қиблагоҳ аст.

 

Президенти охирини Иттиҳоди шӯравӣ бо маслиҳати занаш Раиса Титоренко кор мекард. Агар ин зан доно мебуд, СССР пош намехӯрд. Ана доно будани зан чӣ қадар аҳамияти бузург дорад.

 

Равоншиносон тавсия додаанд, ки дар интихоби ҳамсар мард бояд ба чунин сифатҳои ҳамсари оянда эътибори ҷиддӣ диҳад: 1. Доно бошад. 2. Поквиҷдон ва боинсоф бошад. 3. Хушбин бошад. 4. Дилкушод бошад. 5. Муросокор бошад. 6. Ҳазлу мутоибаи шавҳарро ба хушҳолӣ қабул кунад. 7. Мардро дар ҳама ҳол дастгирӣ кунад. 8. Ба модаршӯ ва падаршӯ дилёб бошад.

 

Имрӯз дар Самарқанд бонувон чӣ мақоме доранд? Онҳо дар ҳангоми мактабхонӣ дар донишу ҳунари дастӣ ба писарон пешдастӣ мекунанд. Аммо баъди хатми мактаб  зиндагӣ барои онҳо чорчӯбаи танги худро пешниҳод мекунад ва ё зӯран ба он медарорад.

 

Одатҳои урфии “ман аз ту кам нестам” зиндагиро серхароҷот кардааст, идомаи таҳсил дар мактаби олӣ низ маблағи калон металабад. Онҳо ба ин ботлоқ то гулӯ ғарқ мешаванд. Бинед, ки агар шавҳарашон пулёб набошад, ба Русия, Изроил, Куриё ва дигар кишварҳо метозанд. Дар натиҷа бисёр бачаҳошон бе назорат мемонад ва ба роҳи бад низ мераванд.  Замони шӯравиро пеши назар оред. Аҳволи иқтисодӣ аз имрӯза дида сар карат вазнин буд, аммо занҳо қаноатпеша буданд, сарфаи сари оташдон - савдогари Ҳиндустон гуфта бо маоши ками муаллимӣ ҳам тӯй мекарданду ҳам хона месохтанд.

 

 

Комментариев нет: