четверг, 16 августа 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 30


Аз карнайчӣ як пуф
Яъне ба нияти нек амале бикун, хоҳ шаваду хоҳ нашавад.

Ба як даст ду харбуза намеғунҷад.
Оиди касе гӯянд, ки дар як он ду корро карданист. Ин мақол дар як байти Рӯдакӣ низ ҳаст. Яъне ҳазору сад сол пеш низ машҳур будааст.

Барака ғайри ҳосил.
Мегуфтанд нависандаи самарқандӣ раҳматӣ Болта Ортиқзода ва илова мекарданд: - Муҳим он ки худо баракеша тияд.


Гӯрашба хишт кашонсас.
Баъди ҷасади мурдаро ба лаҳад мондан даҳони лаҳадро бо хишти хом мепӯшанд, то ки хок ба лаҳад роҳ наёбад. Дар ин мақол бошад, ишора ба он аст, ки дар бораи касе суханҳои бад гуфтааст.

Захми корд мераваду захми сухан не.
Ба он маъно, ки захми корди ба бадан расида сиҳат мешавад, аммо захми сухани бад, ки дар дил мондааст, ҳаргиз нахоҳад рафт.

Аз рӯ шона, аз таг фона.
Усули маккорон, хусусан баъди обед бойшудаҳо.

Куни одамҳо канда шуд.
Вақти омадани одамон  ба маърака мегӯянд, вақте ки аксарият омаданду як-ду нафар дер монда  низ омад.

Қадами аввал – лӯкка
Яъне кори аввал бе каму кост нахоҳад шуд.

Аз таги дор гурехтагӣ.
Ҷинояткори хеле маккор.

Шири очеша ҳафт бор ҷӯшонида баъд хӯрдагӣ
Оиди одами хеле маккор.

Ҳафт гӯлахба алав мондагӣ.
Яъне бисёр воқеаҳоро дида таҷрибаи нохуб ҷамъ кардагӣ.

Наздик ба сари деги калон.
Дар мавриде мегӯянд, ки ягон мансабдор соҳиби унвон ё мукофоти давлатӣ шавад. Масалан ҳама мансабдорони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соҳиби мукофоту унвонҳо шудаанд, аммо аз 15-20 нафар адибони берунмарзӣ ягон нафар не.

Пеш аз пода чанг накун.
Яъне ҳар кор бояд дар соати худаш иҷро шавад. Дар кӯчаҳои хокии деҳот бо гузаштани пода чанги топурхок ба ҳаво мехезад, ки мардуми деҳот хуб медонанд ва ба ин сабаб ин ифода бештар дар забони деҳотиён истифода мешавад.

Сад задани сӯзангару як задани оҳангар.
Пистаю офтобпарастфурӯш дар назди соҳиби ресторан ё мағоза.

Комментариев нет: