среда, 29 июля 2015 г.

Адаш Истад: Зиёиёни Тоҷикистон, агар ору номус доред, аз гуфтани ҳақиқат натарсед

Мусоҳибаи журналист Абдуқаюми Қаюмзод бо Адаш Истад, нависандаи номвар ва фантастнависи тоҷики муқими Самарқанд
Шогирдони мактаби комунистӣ ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карданд
-Вақте ки хонандаи Интернет блоги "Герби шердор”-ро мехонад, мебинад, ки нависандаи фантаст, яъне касе, ки бо илми муосир аз наздик ошност, дар ҷустуҷӯи нишонаҳои динест, ки қабл аз Зардушт дар Тоҷикистон вуҷуд доштааст. Чӣ зарурате пеш омад, ки чунин мақолаҳоро оид ба митроизм дар блогатон чоп кунед?
-Сабаби асосӣ камогоҳии мардум аз таърихи қадимтарини фарҳанги хеш аст. Мардуми одиро як сӯ гузорем, депутатҳои парлумонро бигиред, ки дар ёдатон ҳаст сурати шерро аз герби давлати Тоҷикистон берун андохта буданд. Ин нишони камогоҳии ҳатто табақаи саводноку маълумоти олидор буд, аз таърихи фарҳанги мардуми хеш. Камина ба мақсади андаке бошад, ҳам рафъ намудани ин камогоҳӣ блоги "Герби шердор”-ро таъсис додам. Баъзе мушоҳидаҳоро аз таърихи намоди шер нашр кардам.

- Дар блогатон оид ба зарурати ислоҳот дар мактабҳои Тоҷикистон мақолаҳо ҳастанд. Чаро Шумо чунин ислоҳотро вазифаи дараҷаи аввали ҳам ҳукумату ҳам зиёиён меҳисобед?
- Мактаби ҳозира бо баъзе тағйироти ҷузъӣ нусхаи ҳамон мактаби Шӯравист. Шогирдони ҳамин мактаб буданд, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ хуни ҳамдигарро мерехтанд. Яъне ин мактаб аз зинаҳои камолоти маънавию ахлоқие, ки дар мактаби митроӣ ҳаст, иборат нест. Илми фалсафаи муосир асосҳои илми ахлоқро мушаххас кардааст. Дар масъалаи ахлоқ танҳо ба дин такя кардан масъаларо қисман ҳал мекунад. Ба ин сабаб пешниҳод кардам, ки фалсафа низ дар мактаби миёна мавриди омӯзиш қарор гирад.
-Хуб, ин девонсолорҳое, ки дар вазоратхонаҳои маорифи Тоҷикистонанд ба мақолаҳоятон оид ба зарурати ислоҳоти маориф эътиборе доданд?
-Хуб мебуд, ки касе аз онҳо раддия менавишт ё маро сахт танқид мекард. Онҳо ҳама ба қавле «нафасро аз таг гирифта» хомӯш нишастаанд.
- Бовар накарданист, ки ягон фарде пешниҳодҳоятонро тарафдорӣ накунад… Шумо малул нестед?
- Акбар Турсунов, вақте дар Амрико зиндагӣ мекарданд, дар номае навишта буданд, ки масъалаи ислоҳоти мактабро аз ислоҳоти мактаби олӣ шурӯъ кардан лозим ва ин масъаларо ҳатман ба роҳбарони Тоҷикистон хоҳанд фаҳмонд. Баъд намедонам чӣ шуд? Бо ин алломаи бузург дар ин бобат мусоҳибае анҷом диҳед, ҳама ҷиҳати масъала амиқтар яъне донишмандона муайян хоҳад гардид. Ман ба чунин ақидаам, ки ҳар як зиёӣ, новобаста ба он ки ба пешниҳодаш эътибор намедиҳанд, бояд фикрашро ба воситаи расонаҳо ба хонандаҳо расонад. Ин қарзи ӯст дар назди мардум. Баъд мардум худ ҳал мекунад, ки чаро пешниҳодҳои хуб амалӣ намешаванд.
"Нависандаи беистеъдод миллатро мекушад”
- Оид ба мақоми адиб ва адабиёти бадеӣ дар ҳаёт чӣ фикр доред?
- Касе, ки «Ҷиноят ва ҷазо»-и Достоевскийро хондааст, наметавонад одам бикушад. Дар мактаби миёна ё олӣ аз адабиёти ҷаҳонӣ кадом шоҳасарҳоро бояд омӯхт, мавзӯи алоҳида аст.
Ба фикрам адабиёти ҷаҳонӣ бояд фанни алоҳида бошад, онро бо фанни адабиёти тоҷик дар як паллаи тарозу монда намешавад. Хеле бузург аст, саҳми адабиёти ҷаҳонӣ дар ташаккули шахсияти инсон. Оид ба мақоми адиб ҳамин қадар мегӯям, ки нависанда муаллими халқ аст. «Агар табиб беҳунар бошад, чандин беморро мекушад, аммо нависанда беистеъдод бошад, миллатро мекушад»,- мегӯяд як персонаж аз як филми гурҷӣ. Дар ин сухан муболиға нест.
Теъдоди узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баъд аз сари Турсунзода панҷ маротиба зиёд шудааст. Халқ ҳайрон, ки киро нависанда гӯяду китоби кадомеашро бихонад. Навад дар сади ин нависандаҳо аз кӯчае, ки истеъдод ном дорад, нагузаштаанд. Ана ҳаминҳоянд, имрӯз «муаллимони халқ».
- Ба фикри Шумо чӣ бояд кард?
- Ин созмонро ҳизби коммунист барои роҳбарии идеологӣ сохта буд. Дар он ислоҳот гузаронидан лозим аст. Бигузор иттифоқи касаба шавад. Ба корҳои эҷодии адибон, ки кӣ, чӣ тавр менависад, дахл накунад. Танҳо танқиди адабӣ метавонад, баҳо диҳад, ки кадом асар дар кадом савия эҷод шудааст, эҷодкорӣ ва навпардозӣ ҳаст ё не?
- Солҳои зиёд мудири шӯъбаи санъати ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» - чопи Душанб будед. Имрӯз аз вазъи кадом бахши санъати тоҷик бештар норозиед?
- Якум, аз вазъи телевизион. Ба фикрам санҷида дидан даркор, ки агар шабакаи дуввумро дар Хуҷанд таъсис кунанд, чӣ натиҷа медиҳад. Дар Хуҷанд нерӯҳои эҷодӣ зиёданд. Дуюм, аз вазъи "Шашмақом”. Баъди аз Тоҷикистон рафтани Нериё Аминов, Барно Исҳоқова ва Ҷӯрабек Набиев ва фавти Олим Бобоев яккахоне, ки тавонад авҷҳои "Шашмақом”-ро расидагӣ кунад, намонд. Ман як видеоро тамошо кардам, ки дар он чанде аз Академияи мақоми Тоҷикистон дар меҳмонии устодони мусиқии яҳудиёни бухороӣ дар шаҳри Нью-Йорк ҳунарнамоӣ мекарданд. Тоҷикон сароиданд, баъд яҳудиён хеле ситоиш карданд, ки ҳама «комплимент» буд, яъне аз рӯи одоби меҳмондорӣ айбу нуқсони меҳмонро намегӯянд. Сипас Абрам Толмасов, Изро Малаков ва дигарон мақомхонӣ карданд ва ҳар касе, ки шунавад хоҳад фаҳмид, ки фарқ аз замин то осмон буд. Дар Тоҷикистон Аслиддин Низомов ном ҷонсӯзи санъати мусиқӣ ҳаст, ки бисёр сол боз аз такрори ин суханон, ки «бе яккахони тавоно мақомхонӣ намешавад» даҳонаш мӯй баровард. То он ҷое огоҳам, ҳукумати Тоҷикистон ба дастаи "Шашмақом”-мақом (статус)-и давлатӣ дод ва тақрибан ҳар сол дар рӯзи таҷлил аз "Шашмақом”, ки 12 май муқаррар шудааст, шахсан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур дар консертҳои мақомхонҳои тоҷик ширкат меварзад. Албатта, ширкати мустақими роҳбари давлат, агар як навъ дастгирии ин мусиқии шоҳонаи тоҷикон бошад, аз тарафи дигар таблиғ ва ташвиқи "Шашмақом” ҳам ҳаст, то ин ки бад-ин васила онро дубора ба маснади иззат ва азамате, ки дошт, бинишонем ва таваҷҷӯҳи ҳунармандон ба он ҷалб ва бедор карда шавад. Аммо , сад афсӯс, ки "поёниҳо” бахусус "чиновникҳо”-и шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон намедонам бо чӣ сабаб бошад, ки "Шашмақом”-ро тақрибан аз барномаҳои консертии худ берун кардаанд...
- Дар ҳоли ҳозир барои ислоҳи ин вазъият фавран чӣ бояд кард?
-Ҷӯрабек Набиевро ҳамроҳи писараш Шӯҳрат Набиев даъват карда ба Душанбе оварда барояшон шароити шоҳона бояд муҳайё карда, баъзе бахшҳои "Шашмақом”-ро аз нав иҷро ва забт кардан лозим. Мусовӣ бо ҳамин он устодони яҳудии мақомхонӣ, ки имрӯз дар Амрикову Исроиланд даъват намуда бо иҷрои онҳо низ баъзе мақомҳоро аз нав забт кардан зарур аст. Овози Абрам Толмасов ишкамӣ ном дорад ва барои мақомхонӣ мувофиқтарин овоз аст. Вагарна фардо дер хоҳад шуд, агар нагӯем, ки аз ҳамин ҳоло дер кардаем!
Ҳиҷрати ман сабаби сиёсӣ надорад
- Сабаби аз Душанбе ба Самарқанд кӯчиданатон чист?
- Бо сабаби сиёсӣ не. Ман дар интихоботи президентӣ Давлат Худоназаровро дастгирӣ карда бошам ҳам, аммо узви ягон ҳизб набудам, дар митингҳо ҳам иштирок накардаам. Он вақт бисёр касон барои ҷустуҷӯи ҷои амн тарки Душанбе карда, ба кишварҳои бегона мерафтанд. Ман ба зодгоҳи худам омадам, то ки дар нашрияи навтаъсиси «Овози Самарқанд» мактаби журналистони ҷавони тоҷикро таъсис дода, ин нашрияро, ки аз нарасидани рӯзноманигорони касбӣ сахт азоб мекашид, дастгирӣ намоям. Барои як сол омадам. Сипас духтарам ин ҷо шавҳар кард ва хонаводаи ман тасмим гирифтанд, ки ин ҷо бимонем. Барои адиб муҳити адабӣ хеле муҳим аст. Дар Душанбе вазъи маънавию маданӣ хеле поин рафта буд. Баъди бист сол ба як анҷумани адибон рафта дидам, ки вазъ беҳ нашудааст. Ҳатто адибони номӣ самимият он тараф истад, салом карданро фаромӯш кардаанд. Ва носамимитарини онҳо ҳамин Низом Қосим аст, ки бе иштироки мо – адибони тоҷики берунмарзӣ,раиси Иттифоқи нависандагон,намедонам таъин шудааст ё интихоб кардаанд. ё ҳарду? Ҳар кас мехоҳад аз вазъи носолими муҳит худро дур бикашад.
Касе аз коргардонҳои маъруф ва мӯътабари тоҷик Бақо Содиқов, Валерий Аҳадов, композитор Фирӯз Баҳор, овозхон Мағфират Ҳамроқулова ва бисёр дигарон намепурсад, ки чаро Душанберо тарк кардед. Аммо намедонам, чаро аз ман зиёд мепурсанд.
-Баъд аз соли 1993, ки ба Самарқанд омадед, чиҳо навиштед ва кадом китобатон чоп шуд?
- Пеш аз омаданам дар нашриёти «Адиб» се маҷмӯаро барои чоп супорида будам. Инҳо иборат буданд аз маҷмӯаҳои ҳикояҳои фантастикӣ ва ҳаҷвӣ ва қиссаи «Нахӯдак» ба забони тоҷикӣ ва русӣ барои хурдтаракон. Ҳамаи ин дастхатҳоро дуздидаанд, душманони бачагони тоҷик. Кормандони нашриёт ақалан «аз нав барқарор карда биёед, чоп мекунем» нагуфтанд ва ман ҳам фаҳмидам, ки дигар дасхат супоридан кори беҳуда аст. Панҷ сол пеш Меҳмон Бахтӣ ба Самарқанд омад ва як маҷмӯаи асарҳои дар Самарқанд навиштаамро, ки «Оҳангҳои Самарқанд» ном дошт бо худ бурда аз ҳисоби фонди президент чоп кунонд. Дар Ӯзбекистон бошад, ба ғайри нашри навиштаҳои алоҳида дар маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ як китоби мақолаҳо чоп кардам. Баъди таъсиси блоги "Герби шердор” ба чунин хулоса омадам, ки китобро дар Интернет барои хонандагон гузоштан беҳтар аст, нисбат ба китоб чоп кунонида сипас харидор кофта гаштан. Ҳар чизе ки нависед, ба блог мегузоред ва онро ҳамон замон ҳазорҳо нафар, касони дар тамоми дунё ба сухани тоҷикӣ ташна мехонанд, магар ин беҳтар нест?
Газетчикҳо бар фарҳангиён ғалаба карданд
- Бо радиои «Озодӣ» ва «Садои Хуросон» ҳамкорӣ мекардед, чаро онҳоро тарк кардед?
- Шӯъбаи тоҷикии радиои «Озодӣ» аз ҳар мухбире, ки фарҳангӣ буд, "илоҷе карда” халос шуд, ба ғайри Салими Аюбзод. Равшани Темуриён, Мирасрори Фарғонӣ, Обиди Шакурзода, Ҷовиди Муқим ва камина аз фарҳангиён будем. Дар шӯъбаи форсии Би-Би-Си низ байни рӯзноманигорону фарҳангиён муборизаи ниҳонӣ мерафт, билохир газетчикҳо ғалаба карданд. Ба онҳо ҳамин газетчикҳо лозим.
Ба ин сабаб дар Би-Би-Си мудири пешини он Боқири Муинро, ки Муҳиддини Олимпурро ба хотири касби наққошӣ ва аккосиаш ба кор гирифта буд ва баъзе ҳунарпешаҳои театр низ дар идораи Душанбегии Би-Би-Си соҳиби кор шуда буданд, барканор карданд. Сипас, шоираи самарқандӣ Шаҳзода ва Меҳдии Ҷомӣ, ки низ шоир ва пажӯҳишгари адабиёти тоисломии Эрон буд аз Би-Би-Си барканор шуданд. Ҳама вақт бим доранд, ки фарҳангӣ зери нақораи онҳо рақс нахоҳад кард. Ҳамин тариқ ногоҳ гуфтанд, ки дигар хабар нафиристам ва ман бо «Садои Хуросон» ҳамкорӣ кардам, як муддат, то вақти нафақа. Дар Самарқанд ҷои кори доимиам рӯзномаи «Овози Самарқанд» буд ва як сол паёмнигори рӯзномаи республикавии «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд будам.
-Ба зиёиёни Тоҷикистон чӣ гуфтании муҳиме доред?
-Агар ору номус доред, аз гуфтани ҳақиқат натарсед.
-Ояндаи миллат ба чигунагии мактаби имрӯза вобаста аст. Ҳама баробар дар атрофи ин масъала баҳсҳо барпо кунем. Гурӯҳҳои ташаббускоре таъсис бояд дод, ки доимо масъалаҳои ислоҳоти маорифро муҳокима кардан гиранд. Сипас, аз доираи ҷаласаҳои олимона масъалаҳоро ба сафҳаи матбуот баровардан лозим, то ки мардум то кадом дараҷа муҳим будани онҳоро бифаҳманд. Ба умеди амали чанд нафар курсинишини Вазорати маориф набояд шуд. Онҳо кунду карахтанд.
-Фантаст ояндабин аст. Ояндаи Тоҷикистонро чӣ хел мебинед?
-Ояндаи Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад шуд, ба ин суол дар мақолаҳои блоги "Герби шердор” посух додаам. Аз ҳамин рӯз сар карда, чӣ бояд кард, ин ҷо боз як бор мегӯям: Якум, маҳалгароиятонро барҳам занед, ришвахоронро ба маҳбас шинонед (тавре ки Саакашвилӣ карда тавонист), миллатгароию ақрабопарастиро фаромӯш карда, дари тамоми имкониятҳоро ба рӯи сармоягузорони (инвестерҳои) хориҷӣ боз кунед, кушоед, аз онҳо як сум ҳам андоз талаб накунед, авлавият ва афзалияти қонунро таъмин намоед. Сипас дар панҷ-шаш сол Тоҷикистон Сингапур хоҳад шуд. Агар ҳама тарафҳои онро бигӯям гап хеле дароз мешавад, ба ин сабаб касоне, ки оид ба тафсилоти ислоҳоти мактаб ва ояндаи Тоҷикистон маълумоти бештар гирифтан мехоҳанд, ба бойгонии блоги "Герби шердор” муроҷиат кунанд. Камина то ҷое, ки тавонистаам ба ин масъалаҳо дахл кардаам .
-Устоди азиз, барои посухҳои рӯшан ва сӯҳбати самимӣ ба шумо таашаккур мегӯям. Ва чун ҳазорон хонандаи тоҷик боз ҳам мунтазири ҳикояву достон ва ба хусус қиссаҳои фантастикии шумоем.
-Ба шумо низ ҳамчунин орзуҳои некро таманно дорам ва умедворам Тоҷикистон дар воқеъ мамлакат ва маскани зебову шоиста барои ҳар як тоҷик чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷа бошад.

Комментариев нет: