Мусоҳибаи журналист Абдуқаюми Қаюмзод бо Адаш Истад, нависандаи
номвар ва фантастнависи тоҷики муқими Самарқанд
Шогирдони мактаби комунистӣ ҷанги шаҳрвандиро
роҳандозӣ карданд

-Вақте ки хонандаи Интернет
блоги "Герби шердор”-ро мехонад, мебинад, ки нависандаи фантаст, яъне касе, ки
бо илми муосир аз наздик ошност, дар ҷустуҷӯи нишонаҳои динест, ки қабл аз
Зардушт дар Тоҷикистон вуҷуд доштааст. Чӣ зарурате пеш омад, ки чунин
мақолаҳоро оид ба митроизм дар блогатон чоп
кунед?
-Сабаби асосӣ камогоҳии мардум аз таърихи
қадимтарини фарҳанги хеш аст. Мардуми одиро як сӯ гузорем, депутатҳои
парлумонро бигиред, ки дар ёдатон ҳаст сурати шерро аз герби давлати Тоҷикистон
берун андохта буданд. Ин нишони камогоҳии ҳатто табақаи саводноку маълумоти
олидор буд, аз таърихи фарҳанги мардуми
хеш. Камина ба мақсади андаке бошад, ҳам рафъ
намудани ин камогоҳӣ блоги "Герби шердор”-ро таъсис додам. Баъзе
мушоҳидаҳоро аз таърихи намоди шер нашр кардам.