суббота, 22 декабря 2012 г.

Фазлиддин Муҳаммадиев. Нигоҳи жарф ба ҷомеа



Бурҳон Ғании раҳматӣ гуфта буд, ки боре мо чанд нафар ҳамкорон барои таоми ннисфирўзӣ ба як ресторани машҳури Душанбе рафтем. Он ресторан чӣ ном дорад, дар ёдам нест ва ин аҳамият надорад. Замони шўравӣ буд ва теъдоди ресторанҳои хуб хеле кам буданд ва агар ягон ресторан таоми беҳтаре пазад, аҳли фаҳм мекўшиданд, ки таоми нисфирўзиро дар он бихўранд. Зеро нархи «обед» дар ин ресторанҳо арзонтар буд, нисбат ба таоми шом.

Ҳамин тавр мо ба ресторан даромада паси мизи холи нишастем ва интизори пешхизмат шудем, ки биёяду супориши моро қабул кунад,- гуфт Б. Ғанӣ. Аммо пешхизмат, ки аз занҳои фаттони аврупоисурат буд, таъхир мекард.


Устод Муҳаммадиев бе ҳеҷ нишони бесабрӣ ором сўҳбат мекарданд. Дар байни мо як нафар журналисти ҷавон буд, ки аз чунин муносибати пешхизмат ба мизоҷон асабонӣ мегардид. Ў мудири золро, ки сарвари пешхизматҳост, даъват намуд ва изҳори норизоӣ кард. Мудири зол, ки  як марди қадпасти тоссари шикамкалон будааст, «ҳозир ба шумо хизмат мерасонем» гуфта гум шуда рафт. Баъди 10-15 дақиқа пешхизмат пайдо шуда омад ва бо зарда гуфт: - Дар ин ресторан танҳо шумо хўранда-ми? Шумо – бисёр, ман – якто?

Баъд фармоишро гирифта боз 10-15 дақиқа гум шуда рафт.

Журналисти ҷавон гуфт: - Эҳ агар ман дар ин ҷо завзал (мудири зол) мебудам…

Устод Муҳаммадиев гуфтанд: - Шумо дар ин ҷо завзал шуда наметавонед.

Журналисти ҷавон бо устод ба баҳс пардохт. Ў мегуфт, ки метавонам. Муҳаммадиев мегуфтанд, ки наметавонед. Сипас Муҳаммадиев гуфтанд: Мулло Фолонӣ, фараз кардем, ки шумо дар ин ҷо завзал шудед. Хўҷаин яъне директор ҳамаи пешхизматҳоро маъшуқаи худ кардааст. Ў як сабукпои зеботареро меорад ва ба шумо мегўяд, ки аз болои як офисианткаи ба дилаш задагӣ рапорт навис, ки кор карда наметавонад. Ва ўро аз кор ронда ҳамин сабукпои ҷавонтарро ба кор мегиред? Оё шумо аз болои як инсоне, ки ҳалол кор мекунад, чунин рапорт нависта метавонед? Не, наметавонед. Фараз кардем, ки ба рўятон пўстак кашидеду ба ин ҳам тоқат кардед.

Як рўз ба дили хўҷаин ҳамаи ин занҳои сабукпо мезанаду ба шербачаҳояш (мафия!) мегўяд: - Ҳамон завзалро ба ҳамом пеши ман оред, то ки тахтапуштамро бимолад!

Муҳаммадиев ин талаби хўҷаинро обдортар ифода карданд, ки боиси хандаи ҳамаи мо шуд. Яъне ишора ба ҳамҷинс бозӣ буд.

- Ана барои ҳамин, ки як ҷоятон надаррад, мулло Фалонӣ шумо наметавонед, завзал шавед! – Гуфтанд устод.

Беҳтар аст, ки журналист бо нависанда баҳс накунад. Ба ҳар ҳол нависанда ҳаётро нисбат ба журналист беҳтар ва амиқтар медонад.

Комментариев нет: