четверг, 1 июня 2017 г.

Сутуни факулта

(Ҳикоя)

Мавлоно Ҳозирӣ – профессори факултаи филологияи донишгоҳ дар шиноснома Мавлоно Мардонович Ҳозирӣ аст, аммо ӯ дар мақолаҳо худро Мавлоно менавишт, ки эҳтимол мисли Мавлоно Румӣ ва ё Мавлоно Ҷомӣ шӯҳрат пайдо карданӣ буд.

Падараш хати арабиро медонист, аммо шахси аз илм дур буд ва дар ягон мадрасаи динӣ нахонда бошад ҳам бо дуохонӣ машғул буд. Дар замони Шӯравӣ чунин корҳо қатъиян манъ буданд, аммо беморе биёяд, дарвозаро аз берун қулф карда аз девор медаромаду дуохонӣ мекард. Сипас барои ба нафақа баромадан стаж лозим шуду ба як мактаб мудири корҳои хоҷагӣ гардид. Ӯ хеле маблағро ба коми наҳангаш зад ва аз ҷумла моҳонаи муаллимонро моҳҳо нигоҳ дошта он пулҳоро ба савдогарон барои гардиш (оборот) дода охир ба даст афтода дар ҳабс нишаста баромада буд.

Мавлоно Ҳозирӣ дар зери ҳамин «дарахти себ» ба воя расида буд.


Мавлоно Ҳозирӣ аз  ҷавонӣ соҳиби ягон мансаб шуданро орзу мекард. Дар солҳои Шӯравӣ, агар номзад ба мансаб зани рус дошта бошад, ба ин мақсадаш зудтар мерасид. Ҳамин  тавр аз байни русдухтарони курси охири  факултаи забонҳои хориҷӣ Надежда Павловаро интихоб кард. Аммо баъди хонадор шудан фаҳмид, ки ин духтари чашмкабуди малламӯй дар асл яҳудӣ будааст. Падараш русу модараш яҳудӣ будааст. Дар ин маврид тибқи қоидаҳои яҳудиён фарзанд яҳудӣ ҳисоб мешавад.

Дар Шӯравӣ нисбати яҳудиён муносибат эҳтиёткорона буд, дар вақти пешбарӣ кардан ба ин ё он мансаб хешу яқрабояш кист сахт тафтиш мекарданд. Ба ин сабаб солҳои зиёд ӯ сарвари факулта шуда натавонист, дар вазифаи мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ бимонд. Мартабаи ин кафедра аз кафедраҳои адабиёти миллӣ поинтар буд, чун соати ками дарсӣ дошт. Мавлоно тамоман бедониш буд гуфтан наметавон. Хонааш пури китобҳои шоиру нависандагони машҳур буд. Аммо китобхониаш низ беғараз набуд. Аксар китобҳои он адибонро мехонд, ки мансабу обрӯи баланд доранд. Ва дар вақти вохӯрӣ бо онҳо ҳатман мегуфт: Эркинака ё фалончӣ-ака, ман фалон асаратонро хондам, хеле аҷиб, ба мукофоти Нобель меарзад.

Ин суханҳо  барои он буд, ки онҳо дар ягон ҷой бигӯянд: Мавлоно адабиётшиноси хуб аст, ин хел олимонро эҳтиёт бояд кунем.

Аммо онҳо намедонистанд, ки дар асарҳои илмии ин адабиётшинос таҳлили ҳақиқии илмӣ бошад ҳам эҷоди худи ӯ нест.

Ҳозирӣ рисолаҳои номзади илм ва докториро низ аз корҳои дипломии донишҷӯёни савияи донишашон баланд месохт. Яъне рисолаҳояш аз фикрҳои дигарон иборат буд. Азбаски рисолаҳои дипломии донишҷӯён дар ягон ҷой чоп намешаванд ва дар ҷевони  кафедра меистанду ғайб мезананд, касе пай намебурд, ки Ҳозирӣ фикрдузди моҳир аст.

Аз адабиётшиносони кишвари ҳамсоя Зоҳирӣ ном шахс боре дар як мақолааш  таъкид намуд, ки Ҳозирӣ як пораи рисолаи ӯро азони худ кардааст. Сухан дар бораи асардуздӣ мерафт, аммо касе ба ин мақола эътибор надод.

Мавлоно дар баъзе сӯҳбатҳо бо ифтихор зикр мекард, ки бо  яке аз роҳбарони республика дар донишгоҳ шарикдарс будааст. Аҷобат дар он буд, ки ин роҳбари давлат бо вуҷуди ғамхори адибону олимон будан аз ин шарикдарси худ умуман ёд намекард. Тахмин дар асл чӣ касе будани ӯро хуб медонист.

Баъди вафоти ин роҳбари республика (ректорҳоро роҳбари аввал таъин мекунад) ректори  наве омад ба донишгоҳ, ки ҳама пулпараст буданашро медонистанд ва Ҳозирӣ барои ӯ дар зодрӯзаш як соатии сад дар сад заррин тӯҳфа карду мансаби деканиро ба даст даровард.

То ӯ сарвари факулта шудан, дар ин таълимгоҳ ришвахорӣ умуман набуд. Профессор Ҳозирӣ ҳама корро ба релси порахӯрӣ гузошт. Дар натиҷа ҷавонҳои боистеъдод ва болаёқат аз имтиҳонҳои дохилшавӣ меафтиданду беистеъдодҳои пулдор дохил мешуданд. Кор ба он дараҷа расид, ки муаллимони факулта дар имтиҳонҳои ҷорӣ ҳатто аз донишҷӯёни аълохон ришва меситониданд. Дар охири як имтиҳони ҷорӣ, ки Ҳозирӣ аз донишҷӯёни курси панҷум мегирифт, баъди аз кор рафтани ҳама пулҳоро ба портфел андохта рафтанӣ шуд, аммо ҳама дарҳо қулф буданд. Ба дилаш алав афтид. Фикр кард, ки барои қапидани ӯ ташкил кардаанд. Ӯ дар қабати дуюм буд ва пулҳро ба ҳоҷатхона бурда пора-пора карда ба оби канализация фиристод. Сипас омада аз пардаҳои дару тиреза ресмон сохт, ки аз тиреза ба замин фурояд, аммо парда аз ҷои басташуда кушода шуду бо дунба ба замин бархӯрд, дунба кафиду кос шикаст.

Чанд  вақт дар бемористон хобид. Баъди ин ҳодиса зани зиракаш – Надежда Павлова ба ӯ маслиҳат дод, ки ба Маскав кӯчидан лозим, дигар дар ин ҷо барои ӯ «перспектива» (оянда) нест. Сипас баъди сиҳат шуданаш хонаашро ба фурӯш гузошт ва ансаби деканиро низ ба касе фурӯхт, ки тамоми аҳли ин даргоҳи илм оҳи бадард кашида мегуфтанд: - Раҳмат ба кафандузди аввалӣ!

Вақте ки корд ба устухони омӯзгорон сахт расид, онҳо декани навро дар утоқаш ҳабс карда гуфтанд: Агар бо дасти худ тарҷумаи ҳолатро нависӣ, баъд озод мекунем.

Навишта натавонистааст. Сипас ҳама назди ректор рафта арз кардаанд ва ректор ӯро сабукдӯш кард.

Баъди чанде Ҳозирӣ хонаашро низ фурӯхт. Донишҷӯёне, ки барои кашондани чизҳои хонааш кӯмак карда буданд, дидаанд, ки таҳхонаҳо аз коняку арақ ва шаробҳои аъло пур будааст, ки донишҷӯён «тӯҳфа» кардаанд. Ҳамин вақт хоҳари Ҳозирӣ омада чашмаш ба шишаҳои «Кагор» афтидааст ва аз додари худ илтимос кардааст, ки ба ӯ диҳад, чун бемории камхунӣ дораду духтурон истеъмоли «Кагор»-ро тавсия додаанд.

- Ин ба худамон даркор,- гуфтааст Ҳозирӣ. Ҳол он ки камёб шудани «Кагор»-ро медонист.

Аммо донишҷӯён шоҳид шудаанд, ки баъди рафтани хоҳараш ҳамаи ин шишаҳои пури шаробро ба касе фурӯхтааст.

Акнун  қиссаи  оиладории ӯро бишнавед. Як зан дошт, як духтар ва як модасаг. Духтараш бо шавҳараш дар Маскав мезист. Бо занаш доим ҷанҷолу хархаша дошт ва ин занро баъзан дар ресторани «Хонаи афсарон» ҳамқадаҳи афсарони рус медиданд.

Яъне зери фармони ӯ як модасаги шикории немисӣ монда буд, ки ҳар сол бачаҳои зиёде мекард ва онҳоро Надежда ба бозор бурда мефурӯхт.

Моҳонаи профессорӣ кофӣ буд, ки либоси хуб пӯшаду таому шароби олиро хӯраду нӯшад. Ба гӯрат мебарӣ-ми пули зиёдатиро?

Собиқ «сутун»-и факулта Мавлоно Ҳозирӣ дар Маскав вафот кардааст. Ин «сутун» аз чӯб буд ё санг, аз хишти  хом буд ё кулӯх худатон хулоса кунед.

Аммо солҳои зиёди роҳбариаш факултаро он қадар омӯзгорони камсавод хатм кардаанд, ки шӯри мактабҳост.

Мавлоно Ҳозирӣ дар факулта агар ҷои нави холӣ пайдо шавад, донишмандони асилро даъват накарда ин таълимгоҳро он қадар суст намуд, ки он аз ҷиҳати салоҳияти илмӣ солҳои зиёд ба дараҷаи зарурӣ расида натавонист.

Дуои машҳурест дар байни мардум: Худо оқибати ҳар корро бахайр кунад. Аз ҷумла инсонро.

Шиори Мавлоно Ҳозирӣ «Ҳозираро фикр куну ба умеди фардо набош» буд.


Баъди ба Маскав кӯчидан ӯ ба як идора ба кор медарояд. Рӯзе дар ин идора бо кадом муносибате зиёфат медиҳанд. Баъди нӯшбоди зиёде ҳама ба гусели меҳмонҳо ба берун мебароянд. Мавлоно мебинад, ки касе нест, аз рӯи миз ду шиша шароби хеле гаронбаҳоро гирифта ба ҳуҷраи кориаш бурда мемонад. Он вақтҳо видеокамера  нав ба фурӯш баромада буду роҳбари корхона дар баъзе ҷойҳои идора шинонда будааст. Посбонҳо аз ҳуҷраи худ ду шишаи аракро дуздидани ӯро мебинанд. Баъд, вақте ки шишаҳоро ба портфелаш андохта аз идора мебарорад, дар таги дар боздошта шишаҳои  шаробро аз портфелаш ёфта, ба сурат мегиранд. Шармандавор пеш карданд аз кори он идора Мавлоноро.

Комментариев нет: