понедельник, 2 апреля 2012 г.

Дарахти ҳаёти мо чӣ буд?


Мардуми порсизабон аз замонҳои бостон ин ҷониб ба дарахти ҳаёт будани писта бовар доранд. Дарахт миллат надорад, аммо номҳои ҳама намудҳои писта дар кишварҳои гуногуни олам ҳокӣ бар он ки аз вожаи «писта»-и форсӣ гирифта шудаанд. Ниёгони мо дар қадимзамон пистаро ба ҷои пул низ истифода мекардаанд, ки аз аҳамияти торихии он дарак медиҳад.

Витамини В6 дар писта нисбат ба ҷигари гов зиёдар аст.

Пайвастагии фенол дар таркиби писта зиёд аст ва он ҳуҷайраҳои баданро нав карда ба рушди онҳо такон медиҳад.

Витамини Е низ дар писта зиёд аст ва он афзояндаи нерўи ҷавонист.

Аз байни меваҳои навъи чормағзӣ танҳо каротиноидҳои писта муҳофизи нерўи чашманд.

Ин каротиноидҳо устухонро мустаҳкам карда ба вайроншавии дандонҳо роҳ намедиҳанд.

Дар писта клетчатка низ фаровон аст. Донишмандони тибби муосири ҷаҳонӣ бар он мутаффиқанд, ки каси пистаро доимо истеъмол кунанда ба бемориҳои дил, шуш ва ҷигар дучор намешавад ва дар давраи пиронсолӣ низ нерўи ҷинсии худро нигоҳ медорад.

Писта дарахти ба хушксолӣ тобовар буда дар заминҳои санглох низ мерўяд. Ба ин сабаб созмонҳои кишоварзии байналхалқӣ кишти васеи онро ба кишварҳои кўҳистон тавсия додаанд.

Душмани асосии пистапарварӣ чорводорист. Аммо донишмандони Ўзбекистон ҳисоб кардаанд, ки агар ба ҷои писта дар ҳамон майдон чорво парвариш кунанд, маҳсулоти чорво танҳо 4,5 фоизи сади даромади пистазорро дода метавонад.

Дар бозори Самарқанд як кило пистаи хуб 50 ҳазор сўм аст. Агар бо нархи гўшт муқоиса кунем, як кило писта баҳои 3,5 кило гўштро дорад. Пистазор нисбат ба парвариши гўсфанди ҳисорӣ 16 баробар зиёдтар даромад медодааст.

Мутахассисони Маркази илмию истеҳсолии боғдории манзаравӣ ва хоҷагии ҷангали Ўзбекистон дастурамали чӣ тавр ташкил кардани пистазорҳои навро навишта ба ҳама ноҳияҳо фиристодаанд. Талу теппаҳои камоби ин кишвар, ки метавонанд пистазор кунанд, аз 400 ҳазор гектар зиёд аст.

Барои амалӣ кардани нақша дар ноҳияи Ғаллаороли виояти Ҷиззах як хоҷагиро ихтисос додаанд, ки плантатсияи «пистаи модарӣ»-ро ба вуҷуд  оварад. Ин ҷо ҳоло 20 навъи пистаи хандонро парвариш мекунанд.

Яъне ба зиёд кардани пистазор маҳкамтар камар бастаанд. Дар матбуот ошкоро таъкид мекунанд, ки даромади аз содироти писта ҳар сол мегирифтаи Эрон бо даромади пахтаи содиротии Ўзбекистон баробар аст. Дар сурате, ки писта танҳо 10 фоизи содироти Эронро ташкил мекунад.

Боғдорони ин ҷо хеле хуб медонанд, ки писта баъди 6 сол аввалин меваҳоро медиҳад ва баъди 18 сол пурра ба ҳосилбандӣ медарояд.

Бо вуҷуди ин беҳтарин намуди кишоварзист, чун заҳмати дасти зиёд ва хароҷоти бисёреро талаб намекунад.

Ҳоло Эрон дар ҳаҷми ҳосили пистаи хандон дар ҷои якум аст ва анқариб сеяки пистаи ҷаҳонро медиҳад. ИМА ва Туркия дар ҷойҳои дуввуму саввум қарор доранд.

Донишмандони соҳаи кишоварзӣ дар як сол бо буридани навдаҳо усули сесола кардани токро медонанд, эҳтимол зудтар ба ҳосил даровардани ниҳолҳои  пистаро низ кашф кунанд.

Дар Тоҷикистон пистапарварӣ дар чӣ ҳол аст, маълумоте дар даст надорам. Агар маълумоте доред, лутфан ба ҳам бинед.

Ду-се сол пеш дар як мақола таъкид карда будам, ки пистапарварӣ дар шароити кўҳистони мо соҳаи пурдаромад ва ояндадор шуда метавонад. Аммо ба ин мавзўъ мақолаи алоҳида нанавишта будам. Эҳтимол ба ин сабаб аз хонандагон садое баланд нашуд.

Комментариев нет: