среда, 22 сентября 2010 г.

Ҷавонмардӣ – идомаи митроизм

Тоҷик харгиз кунда набуд. Аммо мақоли тоҷикии «То омадани табар кунда меосояд» таъкид бар он дорад, ки қисме аз мардум ба масал бошад низ худро бо вожаи «кунда» муаррифӣ кардаанд.

Чунин зарбулмасалу мақолҳо, ки хилофи мафкураи митроианд, дар теъдод зиёд нестанд.

Ё бигирем зарбулмасали «Дурўғи маслиҳатомез беҳ зи рости фитнаангез»-ро. Аз рўи ақоиди митроӣ бояд дар ҳама ҳолат ҳатто дар ҳолате, ки хатар ба ҷон дорад, гапи ростро бояд гуфт. Пайравони Митро бар он буданд, ҳатто як бор бар забон овардани ҳарфи дурўғ зербинои ахлоқиро дарзи фалокатовар хоҳад дод. Эшон дурўғро душмани асосӣ бармешумурданд ва ҳаргиз ҳатто яке аз онро аз дарвозаи шаҳри андешаи худ ба дарун роҳ намедоданд.

Агар китоби зарбулмасалу мақоли солҳои гуногун фолклоршиносони тоҷик нашркардаро варақгардон кунед, хоҳед дид, ки ақидаҳои хоси митроизм дар он зиёданд.

Инак чанде аз онҳо:
Мардро ҳиммат ба кор ояд, на ханҷар дар миён.
***
Гапи мард – яктост.
***
Гирди номи падар чӣ мегардӣ,
Падари хеш шав, агар мардӣ. (Саъдӣ)
***
Худситоӣ пешаи шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро ном гирифт мард он бувад.
***
Худро мард донӣ, дигаронро шер дон.

Ин рўихатро давом додан мумкин аст, агар муайян карда тавонем, ки баъди дар замони зардуштия манъ гардидани оини митроӣ бо он чӣ рух дод.

Табиист, ки оини митроӣ дар баъзе ҷойҳои барои рўҳониёни зардуштия дастнораси кўҳистони тоҷика асрҳои зиёд нигоҳ дошта шуд. Аммо дар шаҳрҳо шакли пардапўши он дар созмонҳои ҷавонмардон (айёрон) арзи ҳасти намудааст.

Агар берун аз Эронзамин дар Аврупо сангтарошон созмони сиррии митроиро ба вуҷуд оварданду сипас Масонҳо аз оинномаи онон нуктаҳои зиёдеро ахз кардаанд, дар Аҷам созмонҳои сиррии айёрон бисёр нуктаҳои оини митроиро ҳифз намудаанд.

Таъсири оинномаи сиррии ҷавонмардони шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба оинномаи ҳунармандон кам набудааст.

Баъзе донишмандони торихи митроизм як сабаби асосии аз байн рафтани ин оинро дар матни навишторӣ надоштану сиррӣ будани он медонанд.

Гўё ба ин созмони сиррӣ занҳоро роҳ намедодаанд.

Агар китобҳои мавҷударо оид ба ҳаракати ҷавонмардӣ бибинед, равшан мегардад, ки бархе аз қаҳрамонҳо занҳоянд.

Агар барои айёр силоҳи асосӣ табар бошад, барои устошаванда тешаву арра будааст. Ва дар вақти додани унвони усто мураббӣ чунин мегўяд: На мисли теша бош, танҳо ба ҷониби хеш, балки мисли арра бош гоҳ ба ҷониби худу гоҳ ба ҷониби дигарон.

Дар исёни Абўмуслими Хуросонӣ айёрон иштироки фаъол доштаанд. Айёр Боди Ялдои Самарқандӣ дасти рости Абўмуслим будааст. Қабри Боди Ялдоро, дар гузари Фақеҳ Абўлайс то ҳол самарқандиён обод нигоҳ медоранд.

Ба вожаи ялдо дар таркиби номи ин қаҳрамон эътибор диҳед. Ялдо – зодрўзи Митро аст. Чунин одати номгузорӣ то имрўз ҳаст, мисолаш номҳои ба мисли Мавлуд ва Мавлуда – зодаи зодрўзи паёмбар.

Ё бираведу ба нақшу нигори девору манорҳои ёдгориҳои меъморӣ бо диққат назар кунед (ба бозёфтҳои археологии Саразм низ). Хеле аз салибу свастикаҳои митроиро пайдо хоҳед кард. Яъне даъвоҳои баъзе олимон, ки оини митроӣ дар маҷмўъ эҷоди аврупоиён ё роҳзанҳои баҳрии муқими Туркия аст, асос надоранд.

Олимони тоҷикро лозим аст, ки дар ин бобат пажўҳишҳо кунанд. Бавежа топонимикаи торихиро набояд канор гузошт. Тибқи маълумоти «Китоб-ал-масолик вал-мамолик» яке аз дарвозаҳои шаҳри бостонии Бухоро мавсум ба Меҳр будааст. Ба ин монанд далелҳоро хеле зиёд метавон пайдо кард.

Свастикаро билкул нишони махсуси мардуми ориёӣ номидан хатост. Свастикаю салиб ва боз чанде аз нишонҳо мутааллиқ ба оини митроианд. Байни свастикаи митроиву свастикаи фашисти фарқияте ҳаст, ки дар ин бора дар як мақолаи камина ишора шуда буд.

Комментариев нет: