понедельник, 30 августа 2010 г.

Мо бояд дигар шавем!

Оре, оре бояд дигар шавем. Тамоми олам дар ҷараёни дигаршавию навпардозӣ қарор дорад.

Аз ин ҷараён берун мондан, пойбанди ақидаҳои хурофотию мистикӣ будан, ҳамон ақидаҳое, ки бо дониши муосир дар тазод аст, миллатро ба завол хоҳад расонд. Аз ин пеш дар мақолае навишта будам, ки тоҷикон баробари кишоварзии анъанавӣ кишоварзии ғайрианъанавиро низ бояд ривоҷ диҳанд.

Мо рельефи ҷумҳуриро бояд самаранок истифода барем. Масалан бояд фикр кунем, ки кўҳ ба ғайри он чизе ки дорад боз чиҳоро дода метавонад.

Оё дар ғорҳои кўҳӣ замбўруғҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ деликатес маҳсуб мешаванд парвариш мекунем? Чаро теъдоди чунин ғорҳоро зиёд накунем?

Ё масалан чаро дар мағзи кўҳ меҳмонхонае насозем, ки ба сурати ғор бошад ва ҳазорон туристони хориҷӣ орзуи истиқомат дар ин меҳмонхона кунанд. Ва таоми ресторани ин меҳмонхона-ғор аз занбўруғҳои дар ғор парвариш карда бошад.

Иқлими гарм дар ҷазираи Кеши Эрон мардумро маҷбур кардааст, ки ҳатто як шаҳраки зеризаминӣ бисозанд. Чаро аз ин таҷрибаи таърихӣ дар сохтмони меҳмонхонаву бозорҳо истифода набарем?

Олмониҳо ҳама бўстонсаройҳои беруншаҳрии худро дар зери замин месозанд.

Мо магар нисбат ба Олмон замини корами бештар дорем, ки дар рўи замин месозем. Ба фикри баъзе донгишмандон агар Шамс якуним фоизи сад гармии худро зиёд кунад, дар хонаҳои рўи заминӣ зистан имконнопазир мешавад. Гармии Офтоб сол ба сол рў ба афзоиш аст. Аз ҷиҳати дигар гарм кардани хонаҳо дар фасли сармо дар шароити кунуни норасоии маводи сўхт мушкилоти бештаре пеш хоҳад овард, ки дар ин боб хонаҳои зеризаминӣ афзалияти зиёде хоҳад дошт.

Дар боби бештар истифода бурдани кишоварзии суннатӣ низ бояд андешид.

Чанд сол пеш журналистони ўзбеки Самарқанд масъалаи эҳёи иди Сайри харбуза ва анъанаи харбузапарвариро ба миён гузоштанд. Ҳукумат Иди Харбузаро барқарор карда барои густариши полези харбуза қарори махсус кабул намуд. Дар натиҷа навъҳои бостонии харбузаҳои хушбўю ширин дар бозор зиёд шуданд.

Масалан бўрикаллаи таҳҷоӣ дар 70 рўз мепазад ва аз хар гектар аз 260 то 360 сентнер хосил медиҳад.

Яъне дар мавриди даҳ сент будани як кило харбуза ва ба ҳисоби миёна 300 сентнер шудани ҳосил 30 ҳазор доллар аз ҳар як гектар ба даст хоҳад омад.
Дар замонҳое, ки лаблабуи қанд машҳур набуд, мардуми мо шакару наботро аз чунин меваҳо месохтанд. Ба ин сабаб дар сурати фурўхта натавонистани меваҳои тар коркарди саноатии он даромади зиёдтаре хоҳад дод.

Харбузаро дар шакли хушк низ барои зимистон нигоҳ медоранд. Ба ғайри ин навъҳои зимистонии харбуза нархи гаронтаре дошта нисбат ба бўрикаллаи маҳаллӣ даромади бештаре медиҳад.

Мо бояд дигар шавем.

Барои дигар шудан яъне пеш рафтан бояд, ки муносибатамонро ба муҳити атроф дигар кунем каме дигархелтар биандешем.

2 комментария:

Худгифи Соя комментирует...

Дуруд ба устод Адаш Истад!
Маколаи хубе навиштед, поянда бошед.
Аммо ин гуна андешиданро чи гуна метавон бунёд кард ва чи гуна метавон мардумро бар ин самт хонд? Ман фикр мекунам боят тахарруке ва василае ва бахонае тавлид бикунем то мардум бидонад,ки холо дигар вакти хамин гуна зистанхо ва андешиданхо фаро расидааст.

Адаш ИСТАД комментирует...

Бо дигар кардани фикри онхое, ки мардум ба онхо бовар мекунад.