Ройзани фарҳангии сафоратхонаи Чумҳурии исломии Эрон дар Ўзбекистон Ҳабиб Сафарзода, ки сардабири мачаллаи ройзани «Сино» низ мебошад, ба шумораи 27-уми ин нашр сарсухане навишта ваъда додаст, ки дар мачаллаи «Сино» минбаъд баробари осори олимону адибони ўзбек намунаи осори адибони форсизабони Ўзбекистон ва олимони Эрон ба забони форси нашр хоҳад шуд. Чунин тасмим гирифтани ройзани фарҳангии сафоратхонаи Эрон барои адибони точикзабони Ўзбекистон нишотовар аст, зеро дар ин чумҳури мачаллаи адабии точики вучуд надорад.
Аммо чунин ибтикор низ хостаҳои аҳли сухани форсигўёнро бароварда сохта наметавонад, зеро мачаллаи «Сино» фаслнома аст ва метавонад танҳо ду-се саҳифа барои ин мақсад чудо кунад. Яъне дар мачмўъ дар соле ним чузъи чопи!
Шўъбаи маданияти сафоратхонаи Точикистон то ҳол мачаллаи илмиву фарҳангии худро таъсис надодааст.
1 комментарий:
Ба хар хол, хабари хуш аст. Бояд ба Сафарзода гуфт, ки дар Узбакистон мохнома хам кофй нест. Бояд дастикам як хафтаномаи фархангй чоп кунанд. Ин камтарин хидматест, ки хамзабонон бояд ба хамдигар кунанд.
Точикистон хануз дар худи кишвар як рузнома надорад. Аз суи дигар, барои ин кор бояд хисси миллй дошта бошанд. Гумон намеравад ба зудй коре кунанд.
Отправить комментарий