Хонандаи D. суол мекунад, ки чаро дар торномаи «Герби шердор» оиди Самарқанд мақолаҳо зиёданд. Зери ин суоли ў сухани дигаре метавон ниҳон бошад: Чаро ба маҳалли худ, зодгоҳи худ зиёд эътибор медиҳед.
Ман, ки худам душмани маҳагарои ҳастам ва маҳалгароиро бар сари миллати точик фочиа меҳисобам, шарҳ медиҳам, ки таваччўҳи камина ба Самарқанд аз кучо ибтидо мегирад.
Агар ҳама чиҳати мақоми Самарқандро дар устувор кардани фарҳанги точик баршуморем, сухан хеле ба дарозо хоҳад кашид. Воқеан камина дар ин чода мақоми таърихии шаҳри Бухороро камтар аз Самарқанд намедонам. Дар тўли таърихи бисёрҳазорсолаи мардуми точик ин шаҳрҳо бо навбат пойтахт шуда омадаанд. Ҳунари олии меъмори, мусиқи, кандакори, гачкори, адабиёт дар ин шаҳрҳо бештар рушд намуда осори мўъчизави боқи гузоштааст, ва он ҳанўз ҳам қурби худро гум накардааст.
Барои Точикистон дар сохтмони давлати демократии ҳуқуқбунёд ҳама арзишҳои таърихиву фарҳангиро ба эътибор гирифтан мебояд.
Давлат дар чои холи ба вучуд намеояд. Вақте ки оиди Абўмуслиму Сарбадорон ҳарф мезаданд, он нуктаи муҳимро фурўгузор мекарданд, ки Абўмуслим дар идораи давлат чи унсурҳои нави демократиро овард. Яъне ба ҳама кор дахолат намекард, соҳибихтиёрии шахсро эҳтиром менамуд. Ё ки дар замони ҳукмронии Сарбадорон дар Самарқанд ва Сабзавор идораи давлат аз чониби гурўҳ ҳамчун нишони давлати демократи намоён шуд. Дар бораи подшоҳон фикри халқ дигар шуд, яъне акнун онҳо дар замин сояи худо нестанд, намояндаҳои беҳтарини халқ давлатро идора карда метавонанд!
Соли 1986 нашриёти «Ирфон» китоби Акбар Турсунов «Қирони саъд»-ро чоп кард. Дар бобе, Ки оиди Бобочон Ғафуров сухан меравад, чунин суханони ин аллома оварда шудааст: «Тасвири таърихии чунбишҳои сиёсии прогрессивиро гирем. Магар маънидоди яктарафа ва ғаразноки шўриши Маҳмуди Тороби дар Бухоро ва ё ҳаракати Сарбадорон дар Самарқанд дар воқеъномаҳои онвакта (асрҳои XIII-XIV) шаҳодати равшани он нест, ки муаллифони онҳо мавқеи синфии худро пинҳон надошта таърихнивиси кардаанд?». Диққат кунед, ки ин шўришҳоро Бобочон Ғафуров чунбишҳои сиёсии прогрессиви номидааст. Аллома Акбар Турсунов дар ин асараш таъкид мекунад, ки гузаштаро аз ҳад зиёд ситоиш накунем, зеро камоли матлуби ҳар як миллат бояд дар пеш бошад на дар гузашта. «Бузургии миллат ба хосса дар муносибати интиқодии ў ба гузаштааш зоҳир мешавад…»
Вақти он расидааст, ки мо, точикон ҳам бо таърифу тавсифи вачдомези гузаштаи худ иктифо наварзида, баъзан аз ояндаи хеш низ андеша кунем.
Дар тақвия ва идомаи сухани мазбури Б.Ғ.Ғафуров чоиз аст бигўем…, моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки дар олами тамаддун Самарқанду Бухороҳои нав бунёд афканем, ончунон шаҳристонҳое бино кунем, ки аз пешаҳдони худ дида қавитар ва пойдортар бошанд, ба ҳадде устувор бошанд, ки ба ҳама гуна зилзилаҳои табиию таърихи тоб оварда тавонанд.
Яъне халқи точикро сохтмони шаҳрҳои милли, Самарқанду Бухороҳои нав дар пеш аст.
Демократия эчоди шаҳр аст. Сарбадорону чавонмардон низ косибони ҳунарманд ва муллобачаҳои дар шаҳр таҳсилдида буданд.
Афсўс, ки дар Точикистон бисёр роҳбарон китоби «Точикон»-и Б.Ғафуровро ҳамту барои зеби чевони худ харидаанд. Агар варақ зада ду-се саҳифаи боби ба Сарбадорон бахшидаро мехонданд, суол мекарданд, ки чаро кўчаи марказии пойтахти точикон ба номи Сарбадорон нею ҳанўз ҳам ба номи Чапаев аст?
2 комментария:
Сипос аз посухи хубу муфассалал. Ман ба хусус он тиккаашро писандидам, ки чашм ба оянда бидузем ва аз ин кадр ба дирузи худ нанозем, то фардоямон фаромуш шавад. Поянда бошед.
Отправить комментарий