Наврўзи дилафрўз муборак бод, хонандаҳои торномаи «Герби шердор»!
Ман аз таърихи иди Наврўз ва суннатҳои он чизе намегўям, зеро худ бохабаред ва оиди он рўзномаҳо бисёр навиштаанд.
Хурсандиовар он аст, ки дар Ўзбекистон Наврўз тачассум ва тантанаи тифоқию ягонагии халқу миллатҳои гуногун гардида истодааст ва шакли қадимааш – Сайри мардуми барқарор мешавад. Аз қадимзамон самарқандиён Наврўзро берун аз шаҳр дар канори рўди Обираҳмат чашн мегирифтаанд. Аммо ҳоло дар чорбоғҳо ва майдонҳои маркази шаҳр баргузор мегардад.
Оё мо фалсафаи Наврўзро дарк кардаем, оиди он андешидаем?
Фалсафаи Наврўз мегўяд: Эй инсон, ту ҳам фарзанди табиат ҳасти, табиат дар Наврўз нав мешавад, ту ҳам тариқи тозафикриро пеша кун! Фикратро аз қафаси цензураи даруни озод кун, ба ў боли парвоз бубахш! Масалан як субҳи Наврўзи бихезу бигўй: барои халқҳои ўзбеку точике, ки ҳатто идҳои мардумашон муштараканд, байни республикаҳо мачудияти виза шармандагист!
Наврўз навандеши ва иқдомҳои навро талабгор аст.
Оё мо ба чунин навандеши ва иқдомҳо тайёр ҳастем?
2 комментария:
Наврузи фаррухпайк ба Шумо муборак. Ин шояд ягона идест, ки бештар на акл, балки дил ва чисм онро чашн мегиранд. Ва идест, ки намешавад, дар манзил, зери бом ва паси дари баста аз он тачлил кард. Бояд ба дашту даман баромад ва бо табиат буд.
Чашни мардуми ё давлати?
Суннати асосии Навруз оё дастурхон аст?
Ман ба фикрхои муаллифи «Фалсафаи Навруз» розиям. Ба дил задаст хар сол дар арафа ва рузхои Навруз варсоки хондани бисёрихо оиди сумалаку хафтсину хафтшин. Хол он ки хафтсину хафтшин хуруфи араби буда худ гувохи медихад, ки хазор соли охир пайдо шудаанд. Навруз бошад таърихи 6-7 хазорсола дорад!
Аз барномахои телевизиони Точикистон чунин хулоса метавон кард, ки як кушиши давлати кардани ин чашни соф гайридиниву гайридавлати мушохида мешавад. Хам дар Хучанд хам дар Душанбе митингхои давлатиро дидем. Намоишхои театрикунонида шуда худи иди Навруз набуда имитатсияи чашни Наврузи буданд.
Мазмуну маънои асосии Навруз аз нав кардани либос, тамир кардани хониву чой, таъкиди хамнавоию хамбастаги бо табиат, аз дилхо берун кардани кинаву кудурат ва то навандеши кардан гуё ки тамоман аз ёди журналистон рафтааст. Онхо аз ёд бурдаанд, ки аз замонхои бостон ин чониб Наврузро мардум берун аз шахр дар огуши табиат чашн мегирифт. Мардум панч руз ид мекарданд, ва дар анчом рузи шашум подшох чашни худро мегузаронд ки аз гайри давлати будани ин чашн гувохи медихад.
Мо нафахмидем, ки президенти кишвар дар ин руз авфи гунохи махбусонро ба накша дошт ё не? Яъне ичрои рукнхои асосии Наврузи дар накшааш буд ё не?
Як ходисаи хурсандиовар ин буд, ки номи боги Чумчукаралро Наврузгох эълон кард.
Рости гап хатто кормандони радиои «Озоди» оиди суннатхои аслии Навруз кам харф заданд, зеро дар ин бора тамоман фикр намекунанд. Телевизиони Точикистон бошад дар баъзе лахзахо бо мадху ситоиши президенти кишвар чашни Наврузро ба зодрузи Эмомали Рахмон табдил дод.
Отправить комментарий