Дар мақолаи “Чорбоғҳои Хоча Аҳрор дар ноҳияи Маймурғ” оиди ин ноҳияи қадимаи кишвари Суғд чанд сухане буд. Аммо маълумоти пурра набуд ва хонандагони ин мақола хоҳиш карданд, ки оиди ноҳияи Маймурғ мақолаи алоҳида нависам.
Минтақаи чуғрофии кишвари Суғд вобаста ба давру замон ва ҳукмронии шоҳон тағйир меёфт. Таърихшиносон ба кишвари Суғд Маймурғ, Бутамон (Панчакент), Иштихон, Кушония (Каттақўрғон), Бухоро, Кеш (Шаҳрисабз), Истаравшан (вилояти Ҳучанд), Фарғона, Тошканд ва Ҳафтрўдро дохил кардаанд. Чунон ки мебинем, ба ғайри Хоразму Сурхандарёе, ки Бохтар ном дошт, дигар ҳама марзи Ўзбекистон ва як қисми Точикистон Суғд ном доштааст ва аз пойтахти он Самарқанд идора мешудааст… Аммо дар бисёр маврид Суғд ба маънои танги он аз водии Зарафшон ва водии Қашқадарё иборат будааст. Яъне баъзан Фарғонаву Чоч (Тошканд) мустақил шудаанд. Суғд дар замонҳои қадим аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иборат буд: Самарқанд, Маймурғ, Иштихон, Кабудон, Кушония, Бухоро, Кеш, Панч ва Бутамон (аз Панчакент то Яғноб). Шоҳи Суғд дар Самарқанд менишаст. Аммо ноҳияи Маймурғ дар чои ҳозираи ноҳияҳои Тайлоқ, Ургут ва Самарқанд воқеъ гардида буд. Самарқандиҳо ҳамин ки аз дарвозаи Форун (Деволи Кўндаланг) ва дарвозаи Ревдод (Оқмасчид) ба беруни шаҳри Самарқанд қадам ниҳанд, ба марзи Маймурғ дохил мешуданд. Маймурғ дар замони давлатдории Суғд ҳокими худро дошт. Ба ин ноҳия подшоҳи Суғд яке аз писарони худро ҳоким таъин мекард. Истилогароне, ки мехостанд пойтахти Суғд Самарқандро забт кунанд, пеш аз ҳама дар аксар маврид ба Маймурғ ҳучум мекарданд. Искандари Макдуни қишлоқҳои Маймурғро сўзонда вайрон карда буд, то ки муҳофизони Самарқанд бе ёрдамчии асосии худ монанд ва таслим шаванд. Дар замонҳои истилои арабҳо низ аввал ба Маймурғ ҳучумҳои сахт сурат гирифта буд. Қалъаи Тали Барзу ва калъаи Ревдод (Кофиркалъа) дар натичаи чунин ҳучумҳо ба хоктеппаҳо табдил ёфтааст. Ин қалъаҳо шаҳракҳои хурде буданд, ки дар роҳи душман чун сангари мустаҳкам меистоданд. Аз он сабаб, ки Ревдод минбаъд Кофирқалъа номида шудааст, метавон натича гирифт, ки баъди ба хилофати Араб ҳамроҳ кардани Суғд низ ин қалъа солҳои зиёде маркази шўришҳои зиддиараби қарор гирифтааст. Аз шаҳри Самарқанд то маркази Маймурғ – қалъаи Ревдод масофа ҳамаги як фарсах (6 километр) аст, навиштаанд таърихнигорон. Сайёҳони қадим навиштаанд, ки дар Кеш ва Маймурғ тилло бисёр аст. Дар Маймурғ аз филизот биринчи низ истеҳсол мекарданд, ки хўлаи мис ва руҳ аст. Шоҳони Суғд дар Маймурғ қасру калъабоғҳои худро доштаанд. Ин қалъабоғҳо на танҳо барои истироҳат, балки ҳамчун истеҳкоми мудофиа низ хизмат мекарданд. Солҳои зиёдест, ки дар вайронаҳои қалъаҳои Тали Барзу ва Ревдод археологҳо ковишҳои бостоншиноси мекунанд. Хусусан ашёҳои аз Тали Барзу пайдогардида ба панчунимҳазорсола будани синни шаҳри Самарқанд гувоҳи медиҳад. Дар Ревдод бошад, донишмандони Италия ҳамроҳи олимони Институти археологияи Ўзбекистон ковишҳои ҳафриёти гузаронида, аз он бисёр мўҳрҳои (гилмўҳраҳои)шоҳони қадими Суғдро пайдо карданд. Дар масофаи се фарсах (18 километр) аз шаҳри Самарқанд деҳае бо номи Моймарғ вучуд доштааст. Чунин тахмин низ ҳаст, ки номи ноҳияи Маймурғ аз ҳамин номи деҳаи Моймарғ пайдо шудагист. Аммо ҳоло ин деҳа дар кучо, ман намедонам. Оҳалик набудагист, зеро масофаи Оҳалик ва шаҳри Самарқанд ду фарсах аст. Дигар ин ки таърихшиноси машҳур В. Вяткин номи пешинаи Оҳаликро дар асоси вақфномаҳо Хоча Исфарак тахмин карда буд. Сафири шоҳи Испания Р.Клавихо дар сафарномааш навиштааст, ки герби шаҳри Самарқанд дар замони Темур шери дар фони офтоб тасвиршуда буд. Ин шерро дар пештоқи мадрасаи Шердори Хурди назди мақбараи Хоча Аҳрор низ метавон дид. Яъне дар ҳама давру замонҳо ноҳияи Маймурғ (Анҳор) ҳамчун қисми чудонопазири пойтахт шўҳрат доштааст. Шоҳро ба забони суғди ихшид мегуфтаанд. Таърихнавис Истахри навиштааст, ки шоҳони Суғд худро шоҳаншоҳ меномидаанд, яъне малик-ал-мулук. Ва чои исти онҳо деҳаи Ревдод буд. Дар ин деҳа қасрҳои шоҳони Суғдро сохта буданд, ки қусур-ал-ихшидия меномиданд. Истахри инро дар асри нўҳуми мелоди гуфтааст. Аммо чуғрофидон ва таърихнивиси дигари араб Самъони менависад, ки дар асрҳои даҳи мелоди Ревдод деҳаи асосии ноҳияи Маймурғ буд ва ин деҳа ҳамаги дар як фарсах дури аз шаҳри Самарқанд аст. Маълум мегардад, ки қасру кўшкҳои шоҳони Суғд дар Ревдод сохтаро дар асри даҳи мелоди дида будааст. Ва дар ҳақиқат масофа аз шаҳри Самарқанд то Ревдод як фарсах, яъне шаш километр аст. Дод ба забони точики адл аст, яъне Ревдод қароргоҳи адл ё қози будагист. Шоҳон адолатпаноҳ номида мешуданд ва вазифаи асосии шоҳ на танҳо ҳимояи мамлакат аз душман, балки устувор кардани адолат будааст.
Номҳои қадиимаи деҳаву қалъаҳои ноҳияи Маймурғ суғдианд. Он забони суғдие, ки имрўз дар Яғноб бо он гап мезананд, як шохаи забони суғдист, на он забонест, ки пеш аз ислом дар Самарқанд чори буд. Ба ҳамин сабаб, ҳатто барои донишмандони таърихи забон маънои бисёр номҳои маҳалҳо маълум нест. Аммо дар бораи номҳои дарвозаи Форун ва минтақаи Фарундиза метавон гуфт, ки аз калимаи “фарорун” пайдо шудааст, ки маънои нек, саъд ва хушбахтиро дорад. Яъне Фарундиза (Хоча Аҳрор, Хоча Кафшер ва деҳаҳои атрофи он – аз девори Кўндаланг то Дарғам) маънои қалъаи некиву саъд, хушбахтиро дорад. “Фарорун” ба ҳамин маъно дар шеъри Дақиқии Самарқанди дучор мешавад. Чўйи Маздоҳин (Мазоқин) номи худои неки Маздо (Аҳуромаздо)-ро ба худ гирифтанаш бесабаб нест.
Дар охир мехоҳам оиди як ғалати машҳур хонандагонро огоҳ кунам. Дар бисёр маврид кишвар ва давлати Суғдро ба тарзи вайрони аврупои “Суғдиёна” менависанд. Аммо дар ягон асари олимони таърихшинос чунин тарзи навишти кишвари Суғд дучор намешавад. Ҳатто дар матнҳои аз қалъаи Муғ пайдогардида Деваштич дар ҳама ҳуччатҳо худро “ихшиди Суғд ва афшини Самарқанд” номидааст. Агар мо аз маданияти баланди гузаштагони худ ифтихор кунем, агар эҳтироме ба таърихи давлатдории ачдоди худ – суғдиён дошта бошем, бояд талаб кунем, ки ақалан ба забонҳои маҳалли точикиву ўзбеки номи кишвари қадимии моро дар шакли дурусти он “Суғд” нависанд.
Қалъаву қасрҳои подшоҳони Суғд, ки дар ноҳияи деҳотии Самарқанд (Маймурғ) 2-3 ҳазор сол пеш ва аз он ҳам зиёдтар сохта шудаанд, лойинанд ва имрўз аз онҳо хоктеппаҳо боқи мондааст. Вале агар олими археолог ин хоктеппаҳоро кобад, бисёр нишонаҳои маданияти пешгузаштагони моро пайдо мекунад. Ба ҳамин сабаб ба теппаҳо бо эҳтиёт муносибат кардан лозим аст.
Яке аз боқимондаҳои қалъаи қадиме, ки дар назди кўпруки роҳи Оҳалики рўди Дарғам аст, ба забони мардуми ин чо Дарвозахона ном дорад. Ҳамин Дарвозахона эҳтимол ҳамон қалъаи қадимаи Фарундиза будагист. Дар ин бора сухани охиринро бояд донишмандони таърих бигўянд. Кашфи маънои номҳои деҳаҳои ноҳияи Маймурғ низ вазифаи донишмандони таърихи забон аст.
Заминҳои ноҳияи деҳотии Самарқанд дар зери худ асрори зиёди ниёгонро нуҳуфтаанд. Кашфи ин асрор ба ковишҳои донишмандони археолог вобаста мебошад. Яке аз ин сирри нокушода шаҳри панчунимҳазорсолаи Самарқанд мебошад, ки то ҳанўз ин шаҳр дар зери кадом теппа хобидааст, касе гуфта наметавонад. Афросиёбе, ки археологҳо аз зери он шаҳри тоисломии Самарқандро ёфтаанд, 2750-сола аст. Ки метавонад бигўяд, ки вайроонаҳои аз ҳама қадимтарини Самарқанд дар зери ягон хоктеппаи ноҳияи Маймурғ нест? Хулоса, мавчудияти Маймурғ ҳазорҳо сол ҳамчун қароргоҳи шоҳаншоҳони Суғд, пойтахти эълоннашуда душманонеро, ки мехостанд ин кишвари пурсарватро истило кунанд, гаранг карда буд. Бисёр вақт зарбаи асосии душманро Маймурғ медид ва чун сипар Самарқандро аз тамоман хароб шудан начот медод. Ба ҳамин сабаб Искандари Македони кўшиш кардааст, ки Маймурғ ва мардуми онро тамоман нест кунад. Вале Маймурғ ба мисли мурғи самандар (феникс, қақнус) аз зери хокистари оташи чангҳо доимо зинда мегардид, то ки боз ҳам асрҳои зиёд дугоник ва такягоҳи асосии пойтахти суғд – Самарқанд бошад.
ИЛОВА. Вақте ки мақолаи камина таҳти унвони “Маймурғ низ пойтахти Суғд буд” ба чоп тайёр шуд, донишманди забон, омўзгори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Абдуваҳҳоб Воҳидов “Фарҳанги забони суғди”-и Бадруззамон Қарибро, ки дар Теҳрон соли 1995 чоп шудааст, ба ихтиёри ин банда гузошт, ки хеле миннатдор ҳастам. Ман аз ин китоби луғат маънои номҳоеро, ки дар ин мақола омадаанд, чустучў кардам. Якум, оиди маънои калимаи “маймурғ”. Ин ном дар ин “Фарҳанги забони суғди” нест. Азбаски мурғ ва марғ ба забони форси бо хатти араби як хел навишта мешавад, метавон тахмин кард, ки дар аввалҳо ин ном Маймурғ бояд бошад. Дар забони суғди низ “мурғ”-ро мурғ мефаҳмидаанд, яъне парранда. Аммо ҳам мурғу ҳам марғ маънои замини ҳамворро низ доштааст. Валек марғ ба маънои чаманзор, беша, марғзор низ омадааст. Агар ба ёд биёрем, ки дар замони аз чониби Искандари Македони истило шудани Суғд ин ноҳия бешазор ва боғот буд, ин маъно созгортар хоҳад шуд. Лек “май” ба суғди чи маъно дорад, ба ман маълум нест. Зеро дар забони суғди “май”, яъне шаробро “маду” мегуфтаанд. Яъне “май”-и дар аввали калимаи Маймурғ омада ба забони суғди шаробро ифода намекардааст. Калимаи “май” ё “мой” дар “Фарҳанги забони суғди” нест. Азбаски ин калимаи точики-форси аст, метавон тахмин кард, ки забони точики баробари забони суғди дар муомилот будааст. Маънои калимаи “Маймурғ”-ро ба ин асос “заминҳои ҳамвори ангурзор ё боғҳою ангурзорҳои манбаи шароб” тахмин кардан мумкин аст.
Масъалаи дигар маънои суғдии калимаи “Форун” ва “Фарундиза” буд. Ин калимаҳо низ дар “Фарҳанги забони суғди” нестанд. Аммо калимаи ба ин монанди “фарн” дучор мешавад, ки маънояш фар, шукўҳ, ҳучастаги аст. Яъне, аввал “фарндиза”, сипас “фарундиза” шудани номи минтақаи Хоча Аҳрор (аз Девори Кўндаланг то Дарғам) ҳодисаи оддии фонетикии забон аст. Чуноне ки мешоҳида мекунем, чи луғати суғди, чи луғати точики ҳам “маймурғ”, ҳам “фарундиза”-ро ба маъноҳои нек арзёби крдаанд. Аммо Ревдод метавонад, ки ихтисоршудаи “Равоти дод” бошад, яъне қалъаи адолат.
1 комментарий:
Аз маколаи чоп шудаи муаллиф ташаккур. Фикр мекунам, калимаи "Маргилон" низ бояд хамчу маргзор, бешазор маънидод карда шавад, на "мургу нон", ки феълан маънидод мекунанд.Дар ин бора ман дар рузномаи "Ферганская правда" соли 1984 маколае навишта будам.
Отправить комментарий