воскресенье, 29 июля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 29


Сангпушт замоне баққол будас, аз тарозу мезадас, худо дар ғазаб шудасу байни ду паллаи тарозу ҳабс кардас. Аз тарозу ҳаққи харидорро задан бадтарин гуноҳ аст.
Аз боварҳои мардумӣ.

Ҳам ғарию ҳам пешхезӣ.
Вақте ки бо пули ҳаром бойшуда даъвои мансаб мекунад.

Арӯс чӣ гуна, модарарӯс намуна.
Домодшавандаро мегӯянд: Арӯсшавандая модараша бин, зеро баъди чанд сол шаклу  афташ модараш барин мешавад.

вторник, 10 июля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 28


Нӯҳтая кандагӣ.
Оиди писарбачаҳои бадрафтор, ки насиҳатро намегиранд.

Даҳонҳаром.
Касоне, ки дар гуфтор суханҳои кабеҳ, аз қабили номҳои олати таносулро ба кор мебаранд. Яъне ба даҳон калимаҳои ҳаромро гирифтаанд. Дар бораи ин қабил мегӯянд: Вай даҳон ё калӯшкӯҳна?

Дар ин гап ҷон ҳаст.
Дар Самарқанд сухан ҷон дорад. Дар он маврид мегӯянд, ки сухан рост бошад.

среда, 4 июля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 27


Меҳр дар чашм.
Яъне касеро кам бубинед, меҳраш дар дилатон кам мешавад. Муҳаббат, ишқ калимаҳои арабианд. Меҳр арабӣ нест. Муҳаббат, ҳабиб аз як решаанд, ишқ, ошиқ, маъшуқа низ.
Меҳр – номи худои бостонии мардуми мост, ки пеш аз дини зардуштӣ дини меҳрпарастӣ, яъне митроизм дар марзҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон будааст ва тавассути сарбозони Искандари Македонӣ ба Аврупо паҳн шудааст. Номи аврупоиаш – Митро.
Ба ин сабаб дар калимаи меҳр унсури қудсӣ, яъне осмонӣ ҳаст.

Дар дил ҳавасҳо дорам, дасти норасо дорам.
Яъне ба хароҷоти калон пул ё имконият надораду бояд қаноат кунад.