суббота, 4 декабря 2021 г.

Мазҳабшои фариштахисол

 Бо Мазҳабшо Муҳаббатшоев баъди ба вазифаи ҷонишини сардабири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” таъин шуданаш шинос шуда будам. Аз ин пеш медонистам, ки журналисти бомаҳорат аст, аммо оиди хислатҳои неки инсониаш огоҳ набудам. Он вақт камина мудири шӯъбаи маданиятро бар ӯҳда доштам. Мақолаҳои ин шӯъба баъди имзои Мазҳабшо ба чопхона мерафт. Сардабир Аскар Ҳаким як миллиметр аз хати кашидаи шӯъбаи тарғиботи кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон берун намерафт. Ман медонистам, ки мақолаи баҳсбарангезе бошад, бо сардабир баҳс накарда беҳтар медонистам ба Мазҳабшо муроҷиат кунам. Мазҳабшо баъди хонда шудан “Яна бир гуноҳ қилдим” гуфта имзо мегузошт. Ду-се калимаи ӯзбекиро вақти дар Академияи ҳизби коммунист дар Маскав хонданаш аз ҳамсабақҳои ӯзбек омӯхта буд.

 

Сардабир Аскар Ҳаким хуб медонист, ки Мазҳабшо ҳамчун хатмкардаи Академия корҳои роҳбарӣ саводи баланди сиёсӣ дорад, дар рӯйхати махсуси номзадҳо ба вазифаҳои баланд номаш ҳаст ва ба ҳуҷумҳои ҳасудон ҷавоби дандоншикан дода метавонад. Ҳеҷ вақт надидаам, ки сухани сахте барои ягон хато ба Мазҳабшо гуфта бошад.

 

Мазҳабшо, ки худ як одами покизагуҳар, дилсоф буд, табиатан ба одамони атрофаш бовар мекард. Аммо дар байни мо журналисту адибон низ шайтонҳо ҳастанд. Одатан охири рӯз аз кори таҳрир хаста мешавӣ ва касе бо шаробу каҳва дарояд, хурсанд мешавӣ. Баъзе шахсони одамсурату шайтонсират ба ӯ наздик шуда тавониста буданд. Ман на бо ӯ чой менӯшидам, на ҳамсӯҳбат будам. Ба ин вақт низ надоштам. Рӯзе дидам, ки хеле хаста менамуд, пурсидам, ки ба шумо чӣ шуд? Гуфт: Ҳамин, ки ба ягон мансаби баланд баробари ду-се каси дигар маро низ ба рӯйхати овоздиҳӣ медароранд, аввал калиди сандуқи оҳанини кабинети кориам, баъд билети ҳизбии дар он руст кардаам гум мешаванд. Чанд рӯз боз фишори хунам баланд ва дору таъсир намекунад. Он вақт барои гум кардани билети ҳизбӣ ҷазои сахт медоданд.

 

Ман аз Самарқанд ғӯраоби ангур аварда будам ва рӯзи дигар як шишаи нимлетрӣ оварда додам. Мазҳабшо рӯзи дигар гуфт: Мана, дар халқи худамон, доруи беҳтарини фишори хун будааст! Ман гуфтам: Дар хона боз ду-се шиша ҳаст, мебиёрам.

 

Чанд бор навиштам ва боз мегӯям, ошкорбаёнӣ дар Тоҷикистон бо ҷасорати Бӯринисо Бердиева ва мақолаҳои проблемавии “Адабиёт ва санъат” сар шуда буд. Ва ҳамаи ин мақолаҳо бо имзои Мазҳабшо иҷозати чопро пайдо кардаанд. Дар андак муддат тиражи ҳафтаномаи Адабиёт ва санъат аз 25 ҳазор то сад ҳазор нусха расид.

 

Дар Кумитаи марказӣ низ фаҳмиданд, ки барои рӯзномаи ҳизбии “Ҷумҳурият” роҳбари тавоно лозим ва маҷбур шуданд, ки ӯро сардабири ин рӯзнома таъин кунанд. Дар ин ҷо низ ӯ худро чун ватандӯсти ҳақиқӣ нишон дод ва яке аз корҳои мондагориаш – созмони ҷамъиятии мубориза барои забони давлатӣ буд.

 

Ман дар Душанбе 25 сол бо бадахшониён ҳамкор, дӯст, ҳамсоя будам ва ба чунин хулоса омадам, ки 99 дар сади онон наҷибзодаанд. Ва дар ин фикрам заррае муболиға нест. Ёди Мазҳабшои азиз, Қулмаҳмад Абдулҳусейнов, Султон Шоҳзода, Амонбек Шоҳзода, Устод Мӯъмин Қаноат, Устод Миршакар, Сафарбеки Солеҳ, Ҳалимшо ва шогирди азизам Хушбахт Ҷангибеков гиромӣ бод!   

 

Адаш ИСТАД

Комментариев нет: