пятница, 16 августа 2019 г.

Дар Самарқанд одате ҳаст…


Дар Самарқанд одате ҳаст, ки байни ду ид – Иди Фитр ва Иди Қурбон тӯйи никоҳ баргузор кардан манъ аст. Аммо тӯйи никоҳ баргузор мекунанд!

Дар шаби Лайлатурқадр ду шиша ё бакалашка об гирифта руст карда мемонанд. Ва агар байни ин ду ид тӯйи никоҳ баргузор шавад, бояд арӯсу домод ё аз ин оби шаби лайлатурқадрӣ нӯшанд ё дасту рӯй шӯянд.

Аммо илоҷи дар моҳи май накоҳе манъшударо наёфтаанд. Ман пешниҳод мекунам, ки 1 январ дар Соли Нави исавӣ аз риши пахтагини бобои барфӣ камтарак гирифта монанду дар рӯзи тӯйи никоҳ ҳазориспанд барин дуд кунанд. Бо ҳамин монеаи дар моҳи май тӯй накардан аз байн меравад!

Астағфуролло гуфтан мехоҳам, аммо боз фикр мекунам ин мардум, ки роҳи аз садди урфӣ гузаштанро ёфтааст, аз ҷиҳати фикрӣ пасмонда нест.

 

пятница, 2 августа 2019 г.

ХОҶАГӢ АҲМАДИ КОСОНӢ - МАХДУМИ АЪЗАМИ ДАҲБЕДӢ


Хоҷагӣ Аҳмади Косонӣ, ки ҳамчун Махдуми Аъзами Даҳбедӣ шӯҳрати тамом доранд, яке аз нобиғахои тариқати хочагон дар нимаи дуввуми  карни XV ва нимаи аввали қарни XVI ба шумор мераванд. Хоҷагӣ Аҳмад дар хонадони шахси боэътибори давр Саид Ҷалолиддин дар соли 1461-62 дар ноҳияи Косони вилояти Ахсикент (ҳоло Намангон) ба арсаӣ ҳастӣ қадам ниҳодаанд. Солҳои толибилмии Хоҷагӣ Аҳмад дар зодгоҳашон мегузарад. Хоҷагӣ Аҳмад, ки соҳибзеҳн ва хушфаҳму зирак буданд, дар бисёр масъалаҳо аз ҳамсабақашон пешдастӣ мекарданд ва ҳатто мударрисон аз истеъдоди эшон дар ҳайрат мешуданд. Баъд эшон омӯзиши масъалаҳои тасаввуфро дар назди устод Муҳаммади Қозӣ, ки муаллифи «Силсилат ул-орифин» буданд, идома медиҳанд. Мавлоно Мухаммади Қозӣ қобилият ва истеъдоди Хоҷагӣ Аҳмадро идрок намуда, эшонро шаҳбози баланпарвози тариқати хоҷагон донистанд. Баъд аз такмили дониш Хоҷагӣ Аҳмад ба зодгоҳи хеш бармегарданд ва фаъолияти хешро идома медиҳанд.