1. Навои ва Бинои
Аз шоирони бузурги классики форсу точик Камолиддин Бинои ва чанд тани дигар, ки ба унвони малик–ул–шуарои мушараф гардидаанд, ба Самарканд омада зиндаги ва эчод намудаанд.
Ҳоло сухан аз малик–ул–шуаро мавлоно Камолиддин Биноист. Камолиддин Бинои (1453-1512) дар замони салтанати Султон Ҳусайнмирзо (1460-1506), ки Ҳиротро пойтахти давлати худ қарор дода буд, дар муҳити адабии ин шаҳр ба воя расидааст. Дар ин шаҳр ба туфайли фаъолияти нобиғаҳо Алишери Новои ва Абдураҳмони Чоми доираи адабии пурқуввате пайдо шуда буд. Хусусан Мир Алишери Навои ҳам аз чиҳати маънави ҳам аз чиҳати модди ба аҳли адабу ҳунар кўмаки зиёде мерасонид.
Бо вучуди он ки шоирони Ҳирот дар симои Мир Алишери Навои пуштибони зўре доштанд, вазъияти умумии мамлакат ба онҳо бетаъсир набуд, зеро вазирону амалдорони атрофи Султон Ҳусайн, ки барои аз корҳои асосии давлатдори дур кардани инсони бузурге чун Навои муваффақ шуда буданд, ҳам халқро ғорат мекарданду ҳам хазинаи давлатро. Кор ба чое расида буд, ки Султон Ҳусайн рўзе аз хазина маблағе каме дархост намуд, аммо гуфтанд, ки хазина холи аст. Он гоҳ Хоча Мачдуддинро, ки шахси боинсоф медонист,ноиби худ таъин карда месупорад, ки вазъи молиявиро дуруст кунад. Баъди он ки Мачдуддин хиёнатгарии амалдоронро исбот намуда бо онҳо сахт рафтор кард, онҳо низ хомўш нанишастанд ва ба ў он қадар тўҳматҳо карданд, ки шоҳ молу мулки вазири навро мусодира кард ва худи ўро ба ҳабс шинонд. Мачдуддин бо дастаи фарангиён ба сафари ҳач раҳсипор мешавад ва дар роҳ вафот мекунад.
Ин ҳамон Мачдуддин аст, ки бо тақлид ба Навои корҳои нек кардан мехост ва ба пайравии ў чаҳорто чорбоғ барои мардум сохтанашро дар як манбаъ хонда будам. Бинои дар бораи ў чунин менависад:
Буд якчанд Хоча Мачдуддин,
Дар Хуросон зи аҳли давлату дин...
Шаҳ Султон Ҳусайнро ноиб,
В-аз ҳама ноиби шоҳ ғолиб...
Кард аз баҳри шаҳ Абулқози,
Охируламр он муҳимсози.
Ки шуд аз зар хазина моломол,
Халқ аз зулм расту шаҳ зи вубол.
Ҳама таҳсили зар зи дуздон кард,
Шаҳрро чанд сол тархон кард.
Ҳам шоҳаншоҳ санои ў мегуфт,
Ҳам раият дуои ў мегуфт.
Охир аҳли ҳасад ба хиллаю қайд,
Бад намуданд, шоҳ кардаш қайд.
Абдураҳмони Чоми барои халос кардани Мачдуддин кўшида ба Султон Ҳусайнмирзо гуфтааст, ки ин вазир беҳбудии кори давлату халқро мехоҳад ва ўро тарбият бояд кард.
Барои Мавлоно Чоми барин бузургвор чунин амалҳо ба сарашон балое оварда наметавонист, аммо барои Бинои барин шоирон чунин тарафдории рўирости онон аз вазир Мачдуддин нохушиҳои зиёдеро рў ба рў мекард.
Баъзе муҳаққиқоне, ки манбаъҳоро аниқ таҳлил накардаанд, ба муносибатҳои Алишери Навои ва Камолиддин Бинои ранги душманона додаанд, ки аз ҳақиқат дур аст.
Баракс Навои ба Бинои баҳои баланд додааст. Бинои ҳам дар навиштаҳояш ин устоди бузурги суханро васф намуда эҳтироми бепоёни худро самимона изҳор мекунад. Дар байни Навои ва Бинои ҳазлу мутоибаи дўстона воқеъ мешудааст. Мир Алишер табъи нозук дошта баъзан меранчидааст, аммо ин ранчишҳо сабаби душмани нагардидааст, ки аз бузургии ин шоири мумтоз дарак медиҳад.
Дар муҳити адабии Ҳирот шеърҳои Бинои аз чониби Навои доим баҳои баланд мегирифт. Навои ба тарбияи чунин шахсони боистедод кўшиш менамуд, боре гуфтааст, ки Бинои танҳо як камбуди дорад, ки мусиқиро намедонад. Бинои ин эроди устоди шоирони Ҳиротро қабул намуда як сол шабу рўз бо омўзиши илми мусиқи машғул мешавад ва чанд таснифоти тозаи мусиқи эчод намуда ба таҳсини Навои сазовор мегардад.
Вақте ки дар хазинадори кор ба ин дарача расида буд, Навои барои шоирони Ҳирот ягона ҳомии доими гардид. Дар назари Навои рўз ба рўз баланд шудани обрўи Бинои оташи бухлу ҳасадро дар байни шоирони дигар барафрўхт. Ва ин шоирони бахил ба гўши Навои расонидан гирифтанд, ки Бинои дар ғоиби ў дар ҳақи ў бадгўи мекунад. Онҳо табъи нозуки Новоиро медонистанд ва хабарҳоеро бофта меоварданд, ки Мир Алишер аз тафтиши онҳо ор мекард. Азбаски Навои зиндагии мучаррадонаро ихтиёр карда буд, рўзе аз номи Бинои шеъре навиштанд, ки дар он ба зан нагирифтани Навои ишорае буд. Теъдоди чунин ҳасудон зиёд буд ва рафта–рафта Мир Алишер ба чунин хулоса меояд, ки эҳтимол аз даҳ яки ин суханҳо дуруст будагист. Ва агар аз даҳ як дуруст бошад ҳам чунин хулоса метавон кард, ки Бинои дар ғоиби ў душмании худро ошкор кардааст. Навои он қадар инсони бузург буд, ки ба Бинои заррае ҳам душмани намекунад. Аммо ёрии моддиро қатъ менамояд. Бинои намефаҳмид, ки асли масъала чист, чаро ин тавр шуд. Ў фикр мекард, ки аз ҳазлу мутоибаҳое, ки онҳо бо ҳамдигар мекарданд, Навои сахт ранчидааст.
Бинои фикр кардааст, ки агар як-ду сол ба ягон шаҳри дигар равад, Навои бо гузашти вақт ранчиши худро фаромўш мекунад. Дар ин вақт ҳам ба шаҳодати Навоию Бобур ва дигар муаррихон дар Ҳирот аҳли доро ба шаробнўши дода шуда буданд ва ҳатто муллоҳо дар чунин базмҳо иштирок менамуданд. Шоҳидбози, ришвахори, фосиқи, дузди барин хислатҳои бад, ки Бинои дар асарҳояш сахт танқид менамуд, ривоч дошт. Бинои ба мисли Навои аз чиҳати ахлоқи як инсони хеле покиза буд ва чунин ҳолатҳо ўро хеле асаби менамуд. Яъне барои тарки Ҳирот намудани Бинои сабабҳои дигар низ буданд. Дар ин замон ба ғайри Ҳирот марказҳои адабии дигар низ буданд – дар пойтахти Ироқ шаҳри Табриз ва пойтахти Моварауннаҳр шаҳри Самарқанд. Бинои озими Табриз гардида чанд сол дар ин чо зиндаги мекунад. Дар бораи соли ба Ҳирот бозгаштани Бинои маълумоти дақиқе нест. Азбаски соли 1490-91 дар Боғи Барзаи Ҳирот Навои базме барои шоирон меорояду ба он Бинои низ даъват шудааст, яъне ин солҳо Бинои ба Ҳирот омадааст ва агар Навои ба Бинои душмани ҳамдигар мебуданд, ба ин базм даъват намегардид. Навои ва Бинои боз ҳазлу мутойибаро давом медиҳанд. Навои одами кинадор набудааст, ки далели инсони асил будани ўст. Аммо сарватмандони фосиду бадахлоқи Ҳирот, шоирони бахилу ҳасуд Биноиро чашми дидан надоштанд. Ва Бинои мачбур мешавад, ки солҳои 1494-95 ба Самарқанд ҳичрат кунад. Зеро бо таъсири ҳамин бадгўёну тўҳматбофон Навои нисбати Бинои кўмаки моддии худро барқарор намекунад.
Бинои дар асари таърихии худ “Футўҳоти хони” ин тавр навиштааст: “Сурати воқеа чунин буд, ки дар санаи тисъа–миа (900-1494-95) ин заифро (яъне Биноиро) аз чафои ҳассад (яъне ҳасудон) ва душманони фузалои замон пушти тоқат ва нотавони хамидан гирифт ва бинои сабр ва шикебои инҳидом (шикаст) оғоз ниҳод.”.
Вақте ки Бинои ба Самарқанд омад, мадрасаву мақбараҳои бошукўҳи темуриёнро дида дар ҳайрат афтод. Ў дар “Футўҳоти хони” ҳам ба насру ҳам ба назм ҳавои форам, боғоти сарсабз, манзараҳои зебои Обираҳмат, Кони гил, атрофи рўди Дарғам, ноҳияҳои Шероз, Анҳор, расадхонаи Улуғбекро тасвир кадааст. Ў навистааст, ки агар умр имкон диҳад, васфи Самарқандро беҳтар аз ин алоҳида ҳоҳад навишт. Аммо замони ба Самарқанд расидани Бинои авзои сиёси дар Мовароуннаҳр хеле ноором буд. Баъди он ки пас аз марги падараш соли 1494 Бойсунғурмирзо ба тахти Самарқанд мешинад, точутахтталаби барҳам намехўрад. Бойсунғур ба сарватмандони Ҳисори зиёдтар имтиёз дода ба аъёну ашрофи Самарқанд эътибор намедиҳад. Дарвешмуҳаммади тархон Султон Алимирзоро аз Қарши оварда ҳокими Самарқанд таъин мекунад. Аммо баъди ду рўз Султон Алиро низ сарнагун мекунанд. Бойсунғур салтанатро гирифта Дарвешмуҳаммадро мекушад. Фармон медиҳад, ки ба чашми Султон Али мил кашида кўр кунанд. Аммо Султон Али гурехта ба хонаи Хоча Яҳёи Аҳрори руст мешавад. Хоча Яҳё Султон Алиро ба Бухоро мегурезонад. Бухоро бо кўмаки Султон Али худро мустақил эълон мекунад. Бойсунғур ба Бухоро лашкар мекашад ва дар чанг шикаст хўрда ба Самарқанд мегурезад. Султон Али ўро таъқибкунон то Самарқанд меояд.
2. Бобур ва Бинои
Дар ин вақт Бобурмирзо ҳокими Андичон буд. Ба ў хабар мерасад, ки ҳукумат дар Самарқанд суст шуда талоши точу тахт ба як дарачаи масхарабози расидааст ва ҳар рўз як ҳоким нав мешудааст. Бобурмирзо бо лашкари худ ба Самарқанд меояд, ки ба ин масхарабозиҳо хотима диҳад. Ҳокими Ҳисор Султон Масъуд низ лашкар кашида то Шаҳрисабз меояд, ки дар вақти мусоид тахти Самарқандро соҳиб шавад. Дар ҳамин вақт Шайбонихон бо мақсади ба даст даровардани Самарқанд бо лашкараш меояд. Самарқанд дар иҳотаи лашкари зиёд дар муҳосира монда ба сабаби ба шаҳр ворид нашудани ғаллаву дигар маводи ғизои мардум ба ҳоли бад меафтад. Бинои шоҳиди ин воқеа ва дар паҳлўи Хоча Яҳё будааст. Хоча Яҳё, Бинои ва аз шоири ўзбек Муҳаммад Солеҳ ба қароргоҳи лашкари Бобурмирзо омада ба ў пешниҳод мекунанд, ки бо Султон Али сулҳ кунад. Сипас, Бобурмирзо дар “Бобурнома” қайд мекунад, ки “Муҳаммад Солеҳро дигар надидам, лекин Мулло Бинои баъдҳо чанде дар хидматам шуд”. Бинои бисёр мехост, ки Бобурмирзои шоир ва фозил тахти Самарқандро ба даст дароварад, зеро дар умри худ чаҳолати ҳокимони аз фазлу одоб дурро дида буд.
Бо кўшиши Бинои ва Хоча Яҳёи Аҳрори Бобурмирзо бо Султон Али сулҳ мекунад. Бойсунғур ба пешниҳоди Шайбонихон бо назари шубҳа нигоҳ карда ёрдами ўро қабул намекунад ва соли 1497 ба Қундуз меравад.
Бобурмирзо ба Самарқанд медарояд ва тахти бобои худ Амир Темурро соҳиби мекунад. Аммо ин ҳукмронии ў ҳамаги сад рўз давом кадааст, аз ноябри соли1497 то марти соли 1498. Зеро мачбур шудааст, ки аз Самарқанд барояд.
Бинои оид ба мулоқоти худ бо Бобур дар маснавии “Беҳрўзу Баҳром” чунин навиштааст:
Шоҳ Султон Заҳириддин Бобур
Ки чаҳон шуд зи сийти адлаш пур.
Сарви навхези боғи султони,
Навгули гулшани темурхони,
Вориси тахти подшоҳи шаҳид,
Шоҳ Султон Абўсаиди саид.
Чун Самарқандро ба нирўи бахт,
Кард тасхиру гашт соҳиби тахт.
Буд мачмўае маро хушхат,
Бар фаворид ҳамин, на хатту нуқат,
Он накўнусха дар миёни аном,
Дошт “Мачмўаи Рашиди” ном.
Кас фиристоду нусхаро талабид,
Банда чуз инқиёд чора надид.
Чун ба чашмаш китоб хуб намуд,
Чанд саҳҳофро талаб фармуд.
То баҳояш кунад, панч ҳазор
Шуд муқаррар зи дирҳаму динор.
Шоҳ бемор шуд дар он фурсат,
Ҳасба шуд ёр бо таби навбат.
То ду маҳ монд бар сари бистар,
З-он сабаб шуд футур дар лашкар.
Ҳар кас аз гўшае фаро рафтанд,
Кас наёмад ба ҳар кучо рафтанд.
Шоҳро кас намонд аз лашкар
Бар дари хона чуз дувист нафар.
Шоҳ Султон Али расид ба Каш,
Ду ҳазораш чавони бо баркаш.
Шоҳро дигар иқтидор намонд,
Чораи кор чуз фирор намонд.
Дар замоне ки хост кард фирор,
Дид ногаҳ китобро дар бор.
Гуфт: “Касро баҳо надода касе,
Гар равам чои хичлат аст басе,
Нест мумкин ки ман фирор кунам,
Хулафи ваъда ихтиёр кунам...”
Қарзро ҳартараф давониданд,
То саманро ба ман расониданд.
Баъд аз он шуд савору кард фирор.
Гуфтам ўро худой бодат ёр...
Баъди он ки Султон Алимирзо соҳиби тахт гардид, яъне солҳои 1498-1500 Бинои яке аз иштирокчиёни мачлисҳои ў будааст. Дар ҳамин вақт ў қасидаи машҳури худ “Мачмаъ–ул–ғароиб”-ро менависад, ки Восифи аз он иқтибосе овардааст. Инак чанд байт аз он қасида:
Дар Самарқанд, агарчи беқадрам,
Чун Умар дар вилояти Кошон,
На ба ирфони ман касеро илм,
На касеро ба илми ман ирфон.
Дар ғариби агарчи беқадрам,
Чун қамар дар авохири мизон.
Беҳ, ки бошам ба мулки худ чун шамс,
Монда дар иқдаи Занаб ҳайрон.
Ин чо Занаб тарафи дунболам галаситораи Аждаҳост. Дар ин қасида Бинои Алишер Навоиро хеле таърифу тавсиф карда ба ў мурочиаткунон дар охир чунин сатрҳоро навиштааст:
Бе ту чун оби Дарғамам дар ғам,
Бе ту чун рўди Кўҳакам гирён.
Шаб зи шавқи ту мекунам то рўз,
Чун шағалони Ғотифар афғон.
Ҳамчу оби ҳаёт мачлиси ту,
Рўҳи чон аст рўҳбахши чонон.
Сўхтам дар ҳавои оби ҳаёт,
Мани хоки ба оташи ҳирмон.
Маълум нест, ки ин қасида ба Навои расид ё не, вале дар Самарқанд воқеаҳо ранги дигари сиёси гирифтанд. Соли 1500 Шайбонихон Самарқандро ишғол кард. Бобурмирзо, ки дар Ҳирот буд, бо лашкари худ ба Самарқанд омада шабохун мезанад ва бо ёрии самарқандиён тахтро соҳиби мекунад. Шайбонихон ба сабаби кам будани аскараш ба Туркистон оқиб мешинад. Азбаски Бобур аз омаду рафти Бинои ба дарбори Шайбонихон хабардор мешавад, ўро муддате аз Самарқанд дур карда ба Шаҳрисабз фиристодааст. Бобурмирзо навиштааст, ки баъди якчанд рўз азбаски фозил ва бегуноҳ буд, ба Самарқанд овардем. Доим қасида ва ғазал навишта мегузаронид. Дар “Наво” ба номи ман як амале баста манзури назар гардонид. Сипас Бобур нақл мекунад, ки Бинои ин рубоиро навишта ба ў дод:
На ғалла, маро к-аз ў тавонам нўшид,
На муҳмали ғалла, то тавонам пўшид.
Онро ки на хўрдан асту на пўшидан,
Дар илму ҳунар кучо тавонад кўшид?
Сипас дар чавоб Бобур як рубои навишта медиҳад ва Бинои ба ин рубоии ўзбекии Бобур рубоии ўзбекии худро навишта мефиристад.
Бадии аҳволи Бинои аз он маълум мешавад, ки барои либос аз Бобур мўҳмали ғалла–чуволи ордро пурсидааст. Муносибати дўстонаи Бобуру Бинои дер давом накард. Барои нигоҳ доштани тахти Самарқанд ба Бобур ёрдами ҳарбии шоҳзодаҳои дигари темури лозим буд. Аммо Султон Ҳусйнмирзо, Бадеъуззамон ва дигар шоҳзодаҳои темури мактубҳои ўро беэътибор гузоштанд. Соли 1501 Шайбонихон дар чанги Сари Пул ба лашкари Бобур шикаст дода Самарқандро муҳосира кард. Вақте ки баъди муҳосираи чормоҳа дар шаҳр хўроквори тамом шуд, Бобурмирзо аз Самарқанд баромада муҳосираро рахна карда ба чониби Тошканд рафт. Баъди дубора омадани Шайбонихон Бинои чанд вақт ба дарбор нарафта бечораҳолона зиндаги карда мегардад. Рўзе Шайбонихон дар Арки Оли ба шарафи аҳли илму адаб зиёфати шоҳона ороста ба он Биноиро низ даъват мекунад. Бинои дар ин чамъомад дар қатори шоирони дигар як шеъри нави худро мехонад. Шеър ба Шайбонихон маъқул мешавад ва ба Бинои навиштани таърихи лашкаркашиҳои худро мефармояд. Соли 1507 Шайбонихон ба Ҳирот лашкар кашида онро забт кард. Ҳамчун таърихнависи дарбори Бинои дар ин чанг иштирок дошт. Шайбонихон ба сарватчамъкуни ҳарис буд ва ў доим бо роҳи зўри моли ҳарифони худро кашида мегирифт. Шайбонихон фикр мекард, ки шоирони Ҳирот аз шоҳони темури ва Навои тилловории зиёде ҳадя гирифтаанд. Ба ин мулоҳиза ба Бинои фармон дода шуд, ки аз шоирони Ҳирот бо тангаҳои тилло андоз бигирад. Шоирони Ҳирот, ки дар байнашон душманону ҳасудхўрони собиқи Бинои кам набуданд, дар бораи Бинои ба ин муносибат ҳачвияи қабеҳе навиштанд. Бинои зодгоҳи худро дўст медошт, мехост охири умр дар Ҳирот бимонад. Шайбонихони зирак мехост, ки ў то охири умр дар хизмати ў бошад. Ба ҳамин сабаб андозгириро аз шоирони Ҳирот ба ў супорида оташи нифоқро аланга дод.
Вақте ки соли 1510 дар чанги зидди Исмоили Сафави Шайбонихон кушта шуд, Бинои қарор медиҳад, ки хидмати ягон ҳукмдорро намекунад. Ў ба Қарши меравад, вале соли 1512 сафавиён ба Қарши ҳучум карда мардуми онро ба чурми сунни мазҳаб буданашон қатли ом карданд. Бинои низ шаҳид гардид. Ў ҳамаги 59 сол дошт.
Таърихномаҳое, ки оиди лашкар кашии Шайбонихон навишт – ”Шайбонинома” ва “Футўҳоти хони” то ҳанўз чоп нашудаанд. Аммо шеърҳои пурмазмун ва асарҳои пур аз панду андарзи ў вирди забонҳост. Аз қасидаҳои дар мадҳи касон навиштаи ў танҳо порае аз қасидаи ба Алишери Навои бахшидааш то ба имрўз расидааст, ки намунааш ин аст:
На ба давлат туро касе ҳамсар,
На ба дониш туро касе ҳамсон.
Дар сухан беҳтари зи Хоқони
Дар ҳукумат наи кам аз хоқон.
Фазли ту азҳару мин-аш шамс аст,
Ҳамчу хуршед дар чаҳон тобон.
Ман чи гўям, ки аз фазоили ту,
Ҳарчи гўянд, ҳаст сад чандон.
Гар ба тадвин расад фазоили ту,
Натавон забти ў ба сад девон.
На ҳамин дар замона мислат нест,
Ки набудаст ҳам ба ҳеч замон...
Он чи рондам зи давлати ту сухан,
В-он чи додам зи дониши ту нишон,
Нест иғроқи шоирона дар ин,
Нест тахйили муншиёна дар он.
Бегумон воқеъ асту ҳаст яқин,
Бе яқин собит асту нест гумон.
Ҳеч як шоир ба шоири дигар то ба имрўз ин хел баҳои баланд надодааст!
Вале бубинед, ки нотавонбинон ба сари чунин як дўстии дўстони самими чи тавр об рехтанд. Асрҳои бисёре гузашта бошад ҳам чун М.Салье ном донишманд шахсоне пайдо шуданд, ки боз ҳам Навои ва Биноиро дар асарҳояшон душманони ҳамдигар карда нишон медиҳанд. Эҳтимол ба кадом тоифаҳое, ки ба таърихи муносибатҳои намояндагони точику ўзбек соя андохтан мехоҳанд, чунин корҳо лозим шудааст. Тарчумаи ҳоли Бинои ҳоки ба он аст, ки бо вучуди беилтифотии Навои шаҳр ба шаҳр сарсону саргардон шуда бошад ҳам заррае меҳри ин устоди бузурги сухан дар дилаш кам нагардидааст. Номи пурраи ин шоир Камолиддин Шерали Бинои аст, номи пурраи Мир Алишер Низомиддин Алишер Навои. Оё диққат кардаед, ки ҳатто номҳои онҳо дар оҳангу мазмун қаробати зиёде дорад?
Чунин будааст фазилати бузургони илму адаб, ки ба сабаби ранчиш аз ҳамдигар ҳаргиз пой ба арсаи душмани намемонданд. Зиёда аз ин Навои ҳар чое, ки аз Бинои сухан кардааст, ба паст задани ў ҳаракате нанамуда ба қобилияти ў баҳои баланд додааст. Бинои низ бузургтарин шоир, фозил ва инсони асри худ будани Навоиро таъкид мекардааст.
Ба муносибатҳои ин адибони бузург, ки ҳар ду дар масъалаи ахлоқ хеле покиза будаанд, аз рўи амалашон, асарҳояшон бояд баҳо дод, на аз рўи асарҳои ҳарифони ҳасадхўре, ки дар он замон доштаанд.
Бинои ба забони ўзбеки шеър навиштааст ва ба адибони ўзбек барои дуруст кардани ғалатҳои шеър маслиҳатҳо медодааст. Вале ба баъзе муҳаққиқон ўро душмани забону адабиёти ўзбек карда нишон додан лозим шудааст. Худо шоҳид, имрўз рўҳи човидонаи Навои дар кучое, ки бошад, рўҳи Бинои низ он чост.
Бинои тариқи сўфиёна пеш гирифта будааст, аммо пираш кист, ҳаргиз ошкор намекардааст. Дар ин бора низ Навои боре эрод гирифтааст, ки Бинои дасти пиреро нагирифтааст. Аммо асарҳояш бо забони хеле равшану гўё баёнгари онанд, ки пири тариқати Бинои Алишер Навои аст.
Тариқати Бинои тариқати покизагиву хушахлоқи аст.
Вақте ки зиндагиномаи Биноиро аз назар мегузаронед, мебинед, ки тамоми зиндагии ў аз азоби ҳичрат иборат будааст. Вақте ки Бинои панчсола будааст, Пирбудоқ ном лашкаркаш ба Ҳирот ҳучум карда сад нафар аҳли ҳунарро ба Шероз меорад. Дар байни он сад нафар падари шоир ва меъмори ў устод Муҳаммадхони Сабз низ буд, ки бо писарчаи дўстдоштаи худ – Камолиддин Бинои дар Шероз чандин сол азоби ҳичратро кашид.
Падари Бинои баъди се сол аз Шероз мегурезад ва ўро ба Ҳирот меорад.
Ҳамин тавр зиндагии Бинои аз оғоз бо кулфату азоб сар шуда бо саргардониҳо дар шаҳрҳои гуногун идома ёфта оқибат дар Қарши бо дасти сарбози қизилбошҳои шоҳ Исмоили Сафави хотимаи хунин ёфт. Бо вучуди чунин зиндагии нобасомон тавонистааст, ки се девони ғазал тартиб диҳад, се маснави нависад, чандин оҳангҳо ва рисолаҳои мусиқи тасниф кунад ва таърихномаҳо эчод намояд. Ба ҳамин сабаб Бинои дар таърихи адабиёти форсу точик яке аз симоҳои пурмаҳсул ва намоёни адабиёти классики эътироф гардидааст.
Ачобат дар он, ки байни саргузаштҳои давраи бачагии Навои ва Бинои монандие ҳаст.
То ба Ҳирот лашкар кашидани Шайбонихон Бинои дар Самарқанд зиёда аз сенздаҳ сол зиста бисёр асарҳои худро дар ин шаҳри бостони эчод намуд, дар тарбияи шоирони Самарқанд саҳм гузошт. Дар таърих номи Бинои ҳамчун малик–ул–шуарои Самарқанд бо хати заррин нақши абади ёфт.
Комментариев нет:
Отправить комментарий