Аз ришаш бурида ба мӯйлабаш часпонид. Оид ба
корҳои ноӯҳдабароёна.
Пайравӣ кун раҳрави устодро,
Аз ғалат в-аз гумраҳӣ ёби роҳо.
Нокардакор туро ба ин кор чӣ кор? Яъне корҳои
ҷиддиро бо таҷрибаи кофӣ бояд анҷомид.
Таваккал нар бувад, андеша мода. Дар Самарқанд
аксар таваккал ба маънои «шавад обӣ, нашавад лалмӣ» истифода мешавад, на ба
маънои аслиаш умед ба худо. Ин мақол таъкид ба он дорад, ки танҳо андеша чизе
мезояд ва ба он такя бояд кард.
Санги вазнина об намебарад. Дар ҳама ҳолат инсон
бояд пурбардошт ва собир бошад.
Ба ҷои рафтагет санг шав. Духтарро ба шавҳар
диҳанд, волидон чунин дуо мекунанд. Яъне санг шав ба маънои вазнин, пурбардошт
бош аст.
Гила аз дӯст.
Аз бекор худо безор.
Тухми харбузаи бемаза бисёр мешавад. Ишора ба
одамони нодоне, ки бачаи бисёр доранд.
Одами бадгумон – бозичаи шайтон.
Ба кордон – кор осон.
Кор аз усто метарсад,
Танбал аз кор.
Ба ҳар ош баковул. Сардори ошпазҳо, хонсолорро
баковул мегӯянд. Оиди касе ки ба ҳар ош
қаттиқ мешавад.
Шутур-ба янтоқ лозим шавад, гарданаша дароз мекунад.
То кӯдак гиря накунад, очеш шир наметияд.
Муш ба хонааш намеғунҷаду ба думаш ғалбер мебандад.
Забон дар даҳон посбони сар аст.
Ҳисоби дӯстон – дар дил. Вақте яке таом ё чизеро
дод, дӯсташ ин мақолро мегӯяд ба ин маъно, ки ман инро дар хотир дошта рӯзе
ҷавобаша медиҳам.
Ҳар каса гӯраш ҷудо. Яъне манфиати ҳар касро бояд ба назар гирифт.
Оқибат гургбача гург шавад,
Агарчи бо одамӣ бузург шавад.
Оид ба фарзандони баъди обед бойшудагитҳо.
Бо даҳони саг дарё ҳаром намешавад. Доир ба тӯҳмат
мегӯянд.
Шиками сер чӣ парвои шиками гушна дорад. Агар
пулдоре ба бепул ёрдам надиҳад, чунин мегӯянд.
Саллая биёр гӯӣ, каллая мебиёрад. Оиди нодон.
Ангур аз ангур ранг мегирад,
Ҳамсоя аз ҳамсоя панд.
Аз беамакӣ буза амак,
Аз бенамакӣ санга намак.
Нарасидани кадрҳо.
Дами тавара пахта мегирад. Яъне ба сухани сахт бо
сухани нарм ҷавоб дода пеши арбадаро гирифтан метавон.
То омадани тавар кунда меосояд.
Ангур ало шуд,
чумчуқ боло шуд.
Ҳисоб ҷав-ҷав, бахшиш лак-лак. Ин ҷо ҷав ба маънои
кам, андак ва лак ба маънои ҳазор омадааст . дар Самарқанд аксар ин «ҷав» ба
маънои як дона ҷав меояд. Ин зарбулмасали сарватмандони дерин будагист. Ҳоло
ақси инро мушоҳида мекунем. Яъне даромад лак-лаку бахшиш ҷав-ҷав.
Пир ҳаст – тадбир ҳаст.
Бе пир марав дарбимонӣ,
Гарчанд Искандари замонӣ.
Пир шудӣ, камхун шудӣ, аз маърака берун шудӣ
Пирую сад иллат.
Чумчуқ ки калон шуд, дар лона дидагеша мекунад.
Яъне падару модар, муносибати онҳо ба тарбияи бача таъсири калон дорад ва онҳо
ба волидон тақлид мекунанд. Агар падар маст ба хона ояд, фардо писар ҳамин тавр
мекунад ва агар падар писарашро танбеҳ диҳад, дигар ин танбеҳ таъсир намекунад.
Дӯстон оинаи якдигаранд.
Сухани дӯст шикастана гардани шайтон шиканад.
Худо аз дӯстонам худ нигоҳ дор,
Душманамро худам медонам.
Дӯсти ҳақиқӣ
боигарета зиёд мекунад.
Ишкамба гӯшт намешавад, савдогар дӯст. Баъзан ба
ҷои савдогар сипоҳӣ мегӯянд.
Қарсак аз ду даст.
Заҳри одама одам мегирад.
Марги асп – иди сагҳо.
Аз савоби ошкоро,
Гуноҳи пинҳонӣ беҳтар.
Яъне агар кори савоб кунед, набояд онро овоза кард.
Хайр кун мемурам гуфта,
Иморат кун намемурам гуфта.
Дар Самарқанд иморатро ҳамаҷиҳата мустаҳкам сохта
меҳмонхонаро бо наққошию гачкорӣ оро додан расм аст.
Бузам ба пои худаш меовезанд, гӯсфандро ҳам.
Қассобиро дар назар доранд. Аммо ишора ба он ки ҳар кас масъулияти худро дорад.
Киҳо кашанд
ҷабру ҷафо,
Киҳо кунанд кайфу сафо.
Коргарону сармоядорон.
Дар ҳар як боғ як зоғе,
Дар ҳар як зоғ сад доғе.
Яъне дунё пур аз муаммост.
Ҳар ки нон аз амали хеш хӯрад,
Бори миннати нокас накашад.
Ин ду шохи гов агар хар доштӣ,
Ҳеҷ касро пеши худ нагзоштӣ.
Яъне ба дасти хархислатон набояд чунин силоҳе дод.
Аз гап гап мебурод.
Гапи бисёр ба хар бор.
То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Сабр талх аст,
аммо бари ширин дорад.
Сабр кунӣ аз ғӯра ҳалво мепазад.
Як гап сесаду шаст паҳлу дорад.
Забон тарҷумони дил аст.
Захми теғ равад ҳам, захми забон намеравад.
Бо сухани нағз мор аз хонааш мебурод, бо сухани бад
ханҷар аз ғилоф.
Осиёб бо навбаташ.
Об оварда хору
зор, кӯза шикастагӣ – азиз.
Дузд бошу боинсоф бош.
Нафси боло ва поёнро ҷилав зан. Яъне аз пурхӯрӣ ва
шаҳватпарастӣ худро нигоҳ дор.
Рав тавоқам, биё тавоқам. Ҳамсоятавоқӣ, ба
ҳамдигар таоми сахт фиристодани ҳамсояҳо.
Акси калла ба
шӯрбо задас.
Дили оча ба бача, дили бача ба кӯча. Дили модар ба
фарзанд, дили фарзанд ба фарсанг.
Бачаҳо дар кӯча буданро афзал медонанд, нисбат ба хона. Аммо дар кӯча ба
таъсири бачаҳои ганда афтиданашон мумкин.
Ҷӯрабозӣ кафтарбозӣ не. Дар кабӯтарбозӣ, яъне
кабӯтарпарварӣ кабӯтар ба ҳаво хезад дигар ба лонааш барнамегардад. Ҷӯраҳо бояд
ҳамдигарро дидорбинӣ карда истанд.
Хар аз пода оқиб монад, думаша мебуранд.
Ба ин монанд:
Хоҳи нашавӣ расво,
Ҳамранги ҷамоат бош.
Думро хода кардан. Яъне гурехтан.
Ёри бад бадтар аз ҳамкори бад,
Ёри бад бадтар аст аз мори бад.
Ин ҷо ёр ба ду маъно ҳам дӯсту ҳам ҳамсар омадааст.
Сири мардон пӯшида. Набояд ҳама гапро ба зан гуфт.
Мард бояд ҳаросон нашавад,
Мушкиле нест, ки осон нашавад.
Дӯст-ба зору душман-ба хор макун. Аз дуои хатми
таомхӯрӣ.
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро то
тавонӣ, дил ба даст ор.
Дил, ки ранҷид аз касе хурсанд кардан мушкил аст.
Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст.
Оқибат бадмастӣ мебарад ба пастӣ.
Поёни шаби сиё(ҳ) сафед аст.
Як зану як шӯй,
Калу мурдашӯй.
Бефарзандӣ.
Фарзанд – меваи умр.
Шунидан кай бувад монанди дидан?
Кар дидагеша мегӯд, кӯр шунидагеша.
Мокиёна шаҳваташ зӯрӣ кунад, мезанад минқор бар тоҷи
хурӯс.
То бад нагӯӣ нек наояд.
Худкардаба даво нест,
Вовайлои пинҳонӣ.
Адаба аз беадаб омӯхтаанд. Яъне ҳар чӣ бад намуд,
набояд кард.
Рӯзгор оиная мӯҳтоҷи хокистар кунад.
Садаспая ба якаспа кораш меафтад. Яъне эй бой, аз
худ нарав, рӯзе ба як камбағал корат меафтад.
Бар кӯру кар эрод намегиранд.
Шикамба пӯст намешавад,
Сипоҳӣ дӯст намешавад,
Савдогар дӯст намешавад.
Шикамба пӯст намешавад.
Ҷӯрет, ки бойӯғлӣ шуд, хонет вайрон мешавад. Яъне
дар интихоби дӯст ҳушёр бош. Ин ҷо бойӯғлӣ ҳам ба маънои бум, ки дар вайронаҳо
зиндагӣ мекунад ва ҳам бойбачаҳо омадааст. Дар Самарқанд бумро бойӯғлӣ мегӯянд.
Бо як гул баҳор намешавад.
Агарки мондӣ бекор,
Камон гиру рав шикор.
Меҳмон атои худо.
Ба амонат хиёнат накун.
Ҷигар ҷигар аст, дигар дигар. Ин ҷо ҷигар ба
маънои фарзанд, додару хоҳар, «дигар»-и охирӣ ба маънои нохеш омадааст.
Бишӯй эй хирадманд аз он дӯст даст,
Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.
Аз пулдӯсту занбоз, бадзабону фиребгар дӯст интихоб
накунанд.
Миннат кардан хоси дӯстон нест.
Чашмгурусная дӯсташ нест
Кам-кам хӯру ҳар рӯз хӯр.
Дар ин дунё бо оши кас,
Сер нашудаст ягон кас.
Ошӣ ҳамсоятабақиро дар назар доранд.
Мурғ, ки фарбеҳ шуд, кунаш танг мешавад. Ба он
маъно мегӯянд, ки бойшудагиҳо чӣ қадар зиёдтар сарват ғундоранд, хайру
саховатро ҳамон қадар камтар кардан мегиранд.
Сухандонон сухан дар парда гӯянд,
Даруни парда чун парварда чӯянд.
Ин ҷо мебинем, ки халқ худаш сухандон асту сухан дар
парда мегӯяд.
Якзаная як рӯш сиёҳ,
Дузаная ду рӯш сиёҳ.
Дар байни бойҳои нав дузанагӣ авҷ гирифтааст. Ба ин сабаб
ин зарбулмасали замони феодалӣ аз нав зинда шудааст.
Кулли муғамбир фанд хӯрдас, агар чи дар аввал қанд
хӯрдас. Муғамбир, яъне фиребгар.
Зан кор кунад,
Мард лоф занад.
Мардҳое, ки занҳои худро ба шаҳрҳои дур ба мардикорӣ фиристодаанд.
Дунё-дунёи
қӯтур,
Пишак дар болои шутур.
Оиди камсаводе, ки ба мансаб соҳиб шудааст.
Дӯст дӯсти мост, аммо ҳисоб-китоб бо дасти рост.
Яъне аз дӯст чизе гирӣ, бояд ба ҳисоб
гирифта монӣ ва баргардонӣ.
Аввал иқтисод, баъд сиёсат. Яъне аввал таом баъд калом.
Дар Самарқанд ин ҷо иқтисодро ба маънои ғизо истифода мекунанд. Сиёсат – яъне
корҳои дигар. Тоҷики самарқандӣ ба сиёсат
умуман кор надорад.
Дӯст дӯсту ҳисоб бе каму кӯст. Яъне аз дӯст чизе
гирӣ, баъд бе каму кӯст (кост) баргардонӣ.
Охирсухан
Соли 1993, вақте ки аз Душанбе ба Самарқанд ба зисти
доимӣ бармегаштам, донишманди фолклор Бозор Тиловов хоҳиш карда буданд, ки
зарбулмаслу мақолхои тоҷикони вилояти Самарқандро ҷамъ карда фиристам. Аммо то
ин вақт ба ин кор ҷуръат намекардам, ба он сабаб, ки кори барои ман бегона,
яъне кори донишмандона аст.
Соли 1986 дар Душанбе ҷилди чоруми «Куллиёти фолклори
тоҷик. Зарбулмасалҳо» чоп шуда буд. Чанде пеш онро аз назар гузаронида дидам,
ки қисме аз мақолу зарбулмасалҳои Самарқанд дар он нестанд. Хостам онҳоро
муаррифӣ кунам. Илова ба ин мавзӯъро васеътар кардам, яъне ба ғайри
зарбулмасалу мақолҳои чопшудаю чопнашуда бархе аз ифодаҳои обдори
самарқандиёнро, ки ба назарам арзишнок намуд, аз ёдам навиштам. Баъзе
зарбулмасалҳоро аз диди замони нав шарҳу
тавзеҳ навистан лозим шуд.
Ба фикрам хуб мешуд, агар рӯшанфикрони ҳар маҳал чунин
дурдонаҳои эҷоди шифоҳии мардумро нашр мекарданд. Он гоҳ фикри Турсунзода оиди
он ки мардуми тоҷик шоиртабъ аст, боз як бор тасдиқ мегардид.
Комментариев нет:
Отправить комментарий