воскресенье, 30 сентября 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 35


Дил, ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст,
Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст.
Дил аз шиша ҳам нозуктар аст, ба ҳамин сабаб мо бояд суханҳоеро, ки ба дили каси дигар сахт мерасад, ҳафт бор андешида баъд бояд гӯем.

Аз паси ду харгӯш давӣ, яктеша ҳам дошта наметавонӣ.

Дар ду курсӣ нишастанӣ бошӣ бутат медарад.
Ҳар ду ба як маъност.

Беруни бало будана даруни бало бошӣ беҳтар (аст).
Аммо на дар ҳар як маврид. Масалан ибораи «Сиёсат – зани ҷалаб» низ машҳур аст дар Самарқанд. Дар замони шӯравӣ гапи сарварони коммунист бо корашон мувофиқат намекард.

вторник, 25 сентября 2018 г.

Ибораҳои обдори самарқандиён – 34


Манҷалақӣ
Зану духтарони беору беномус. Манҷалақӣ хеле маккор аст. Ба ягон баъди обед бойшудагӣ зани дуюм, саввум ё чорум ва ё маъшуқа мешавад. Аввал маъшуқа мешавад ва баъди ҳомиладор шудан маҷбур мекунад, ки ягон муллоро ёфта хутбаи никоҳро хононад. То ки фарзанди ҳаромӣ ба дунё наояд. Ҳеҷ кас намехоҳад, ки фарзандашро ҳаромӣ гӯянд. Манҷалақӣ нони худро бутуну нони зану бачаҳои ҳалолиро нимта мекунад. Дар Бухоро зани шаттоҳ, беобрӯ, беандеша ва сабукпоро манҷалақ мегӯянд. Самарқандиёни баору баномус манҷалақиро фарқ карда метавонанд. Духтарони онҳоро келин намекунанд, ба писарҳояшон духтар намедиҳанд.

Аз пушти шолӣ курмак об мехӯрад.
Бо ёрдами тағою амак ба мансаб соҳиб шудан.

Эркаи бепиёздоғ.
Оши бепиёздоғ ширин намешавад, яъне фач аст. Бачаро эрка кунед, мисли оши бепиёздоғ «фач» мешавад.

вторник, 11 сентября 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 33


Бе амри он султони бахт,
Барге наафтад аз дарахт.
Фикри омиёна аст, гӯё ҳама рӯйдод бо хости худо ва амри ӯ иҷро мешавад. Ҳол он ки тибқи улуми динӣ худо ба бандагон ҷузъи ихтиёр додааст ва корҳои савобу гуноҳи онон ба амри худо вобаста нест.

Ҳар чизе ки дар вайронаҳо дидӣ, дар ободиҳо нагӯй.
Замоне дар радиои Тоҷикистон кор мекардам ва маро ба Институти такмили ихтисоси соҳа, ки дар Маскав буд, ба таҳсил фиристоданд.
Таҷрибаомӯзӣ дар Радиои Умумииттифоқ буд ва камина фаҳмидам, ки ҳаҷми кори коргарони он нисбат ба муҳаррирони радиоҳои республикаҳои дигар даҳ маротиба камтар, аммо моҳонаашон сад фоиз зиёдтар аст будааст. Дар Ленинград ҳам ҳамин тавр. Азбаски дар замони шӯравӣ оиди адолати иҷтимоӣ, бародарию баробари бисёр ҳарф мезаданд ба ман алам мекард ва боре дар як летучка оиди ин беадолатӣ сухан кардам. Баъди маҷлис муовини раиси кумитаи радио ва телевизион роҳбари радио Мерган Султонов маро боздошт ва гуфт: - Ҳар чизе ки дар вайронаҳо дидӣ, дар ободиҳо магӯй.
Чаро мумкин набудааст?
Дасту дили мардум аз кор хунук мешавад.
Аз усто Амриддин шунидам, ки ин мақол дар байни устоҳои Самарқанд машҳур будааст, яъне агар усто дар хонаи ягон кас кор кунад, оиди он хонавода дар ягон ҷой набояд сухан гӯянд.

воскресенье, 2 сентября 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 32


Мазза аз қайла гурехт.
Дар Самарқанд зирбакро  қайла низ мегӯянд.
«Баъди он ки ҷӯраам С. ба ваъдааш вафо накард, дар вохӯриҳо сӯҳбатамон шира намегирифт, яъне мазза аз қайла гурехта буд.» (Аз дафтари хотира). Баъзе газетаҳоро мехонед, ҳама гапҳои оддӣ, гӯё ягон муаммо дар зиндагӣ нест. Яъне мазза аз қайла гурехтааст.

Ба деги ҷӯшон як сатил оби хунук.
«Аз бом нохост тароша афтидагӣ барин як сухани бӯнок гуфту ба дили ҷӯшон як сатил оби хунук рехтагӣ барин шуд, сӯҳбатамон дигар қӯр намегирифт.» (Аз дафтари хотира).

Бо ҳавои даҳан дар нӯги шохи сафедор оши палав мепазад.
Ба ҷои нӯги сафедор осмони ҳафтӯм низ мегӯянд.
Дар бораи одами аз ҳад зиёд бодӣ.