воскресенье, 2 сентября 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 32


Мазза аз қайла гурехт.
Дар Самарқанд зирбакро  қайла низ мегӯянд.
«Баъди он ки ҷӯраам С. ба ваъдааш вафо накард, дар вохӯриҳо сӯҳбатамон шира намегирифт, яъне мазза аз қайла гурехта буд.» (Аз дафтари хотира). Баъзе газетаҳоро мехонед, ҳама гапҳои оддӣ, гӯё ягон муаммо дар зиндагӣ нест. Яъне мазза аз қайла гурехтааст.

Ба деги ҷӯшон як сатил оби хунук.
«Аз бом нохост тароша афтидагӣ барин як сухани бӯнок гуфту ба дили ҷӯшон як сатил оби хунук рехтагӣ барин шуд, сӯҳбатамон дигар қӯр намегирифт.» (Аз дафтари хотира).

Бо ҳавои даҳан дар нӯги шохи сафедор оши палав мепазад.
Ба ҷои нӯги сафедор осмони ҳафтӯм низ мегӯянд.
Дар бораи одами аз ҳад зиёд бодӣ.


Одами зӯр.
- Телевизиони Тоҷикистона монам, имрӯз зодрӯзи нависандаи машҳури тоҷик, фантазиянавис Адаш Истад аст. Ин устоди суханро самимона табрик мекунем, гуфт. Адаш, ту ҳамин хел одами зӯр-ми?
- Мана Телевизиони Самарқанд ҳар рӯз табрик мекунад одамҳоя. Ман ҳам дар қатори ҳамонҳо-дия, гуфтам ба он мӯйсафеди ҳамқишлоқӣ.
- Не, не. Инҳо пул дода табрик мехаранд. Аммо он табрики ба ту кардагӣ қадршиносии истеъдод буд,- гуфт мӯйсафед Зоҳир-бобо.
Бисёр касон чунин фикр мекунанд, ки ягон касро дар телевизион ва рӯзномаҳо бештар ном гиранд, ҳамон одами зӯр аст.
Ин гуна шӯҳрат популизм, яъне шӯҳрати рӯякӣ ҳисоб мешавад. Шӯҳрати ҳақиқӣ он аст, ки масалан ба адиб олими адабиётшиносӣ, танқиди адабӣ баҳои баланд диҳад.

Бар гӯши хар танбӯр навоз.
Ба ҳар талабае, ки  сазовори дашном мешавад, муаллими фанни адабиёт, ки бо як по мелангиду ба духтарон бо чашми дигар менигарист, инро мегуфт.
Бачаҳо дар бораи ӯ ин дубайтии ҳаҷвиро бофтанд:
Фалон Фалонов – модабоз,
Як пот кӯтоҳ, як пот дароз.
Гапзаниҳот монанди ғоз,
Бар гӯши хар танбӯр навоз.
Чунин шеърҳоро дар адабиёт эпиграмма мегӯянд.

«Очет дар автобус семичка мехӯрд».
Дар мактаби мо аз эшонҳо Ҳодизода муаллими биология буданд. Боре дар дарси эшон як нафар бача мағал кардан гирифт. Он гоҳ муаллим ба ҷои дашном гуфт: - Ман дар автобус очета дида будам. Вай семичка мехӯрд.
Талабаи авбош баъди шунидани ин гап хомӯш шуда монд. Доим фикр мекард, ки ин гапи муаллим чӣ маъно дорад.

Ба гузашта салавот.
Ин ифода дар гуфтор бисёр истифода мешавад. Дар он маврид мегӯянд, ки гузаштаро зиёд ба ёд наовар, баракс дар фикри рӯзи фардо бош.

Чашмаш дар хоб, кунаш дар гирдоб.
Дар бораи одаме, ки аз ҳаёти сиёсии кишвараш тамоман хабар надорад.

Нафас – ях.
Натақаш набуромад низ мегӯянд. Яъне ба посух чизе гуфта натавонист.

Чашмам туба напаридас.
Яъне туро интизор набудам.

Онета аз Учқӯрғон нишон митиям.
Модаркалонро дар Самарқанд она мегӯянд. Яъне ду самарқандӣ муноқиша кунад баъзан ин суханро яке ҳамчун таҳдид ба забон меорад. Чаро аз Учқӯрғон нишон доданист, касе намедонад. Ин ҳам аз вижагиҳои самарқандиҳост.
Устод Ф.Муҳаммадиев боре гуфта буданд, ки дашном додан хоҳед, калимаи таҳқир не, балки «Сабил монад, фаранҷӣ» барин чизи бигӯед.
- Ин абракадабра, яъне сафсата нест?
- Абракадабра беҳтар аст аз ҳақорат.


Комментариев нет: