суббота, 10 октября 2020 г.

Элита ё худ нухбагон

Миллатро дар сурати як ҷисми биологии одам пеши назар оред.

Сар – рӯшанфикрон яъне аҳли илму адаб, ки нухбагонаш мағзи мавкуравии онанд.

Дар замони бостон дар ҷаҳон  асосан ду империя яъне ду салтанати машҳур буд – салтанати Рум ва салтанати Форс. Ин салтанатҳо доим дар ҷанг буданд. Дар ҷои ҳозираи Туркия давлати Мод буд ва марзи Эрон ҳособ меёфт. Онро билохир Рум соҳибӣ кард. Искандари Макдунӣ омад ва салтанати Порсро ишғол намуд. Искандар аз тоифаи нухбагон буд, ӯ дар роҳбарӣ фикри дигар саркардаҳоро ба инобат мегирифт ва ба ҳамин сабаб дар ҷангҳо ғалаба мекард. Муаллимонаш файласуфони машҳур буданд.

пятница, 9 октября 2020 г.

Қасри сухани форсӣ

Дар таърихи ҷаҳон дар вайронкорӣ нисбат ба бисёр шоҳони золим Ҳерострат ном шахс, ки соли 356-и пеш аз солшумории мелодӣ дар Эфес ном шаҳри Рум ибодатхонаи машҳури Артемидаро оташ  задааст, машҳур аст.

Бинед, ки 24 садсола паси сар шуда бошад ҳам дар таърих, адабиёт ва мақолаҳо аз ӯ ва кирдукораш ёд мекунанд.

Ҳерострат як тоҷири номуваффақ буд, дучори инқироз шуд, сипас як хурӯси ҷангиро ба панҷсад дирҳам харида ба ҷанг тайёр карду ба бозии хурӯсҷанг даромад. Хурӯси Ҳерострат рангаш зарди зӯр буд, аммо хурӯси тарафи муқобил сиёҳи қамқувват. Се дафъа соҳиби хурӯси сиёҳи камқувват аз Ҳерострат илтимос кард, ки вай хурӯси худро ба як паногоҳ бурда ба гӯшаш дуо хондан даркор. Ҳерострат розигӣ дода ҷангро бохт.

вторник, 6 октября 2020 г.

Як масал ё афсона

Яке будас яке набудас Сангистон ном кишваре будас. Дар ин Сангистон ҳама ҷо сангҳои калону теппаҳои баланд будас. Дар он ҷо одам-подам набудасу танҳо мурғобиҳо дар як кӯл зиндагӣ мекарден. Аз ахлот пур шудас ин кӯл, бӯи бад мебуровардас оби ифлосаш. Ин мурғобиҳо парвоз чӣ намедонистаанд. Ба ин сабаб намедонистаанд, ки паси теппаҳои баланд кӯҳҳои осмонбӯс ҳастанду кӯлҳои мусаффои калон ва он ҷо низ диёри онҳост.

Барои парвозро ёд гирифтан рӯи як тахтасанги калон қоидаи он ҳаккокӣ шуда будас. Ба хати морсӣ будас ин қоида.

Аммо мурғобиҳо сад сол пеш хаташонро дигар карда будаанд ва хати морсиро хонда наметавонистанд.

пятница, 2 октября 2020 г.

Талафоти азими фарҳангӣ дар гузариш ба хати кириллӣ

 1. Мардуми тоҷик аз мероси адабиёти ҳазорсолаи худ, ки бо ин хат эҷод шуда буданд, ҷудо шуд. Дар 70 соли шӯравӣ танҳо қисме аз он мероси бузург ба кириллии тоҷикӣ баргардон ва чоп гардид. Мардуми тоҷики Осиёи Марказӣ аз дастовардҳои фарҳангие, ки минбаъд дар кишварҳои дигари форсизабон Эрону Афғонистон ба вуҷуд меомаданд, ҷудо шуданд. Эрон ҳар навоварии илмиву техникие, ки дар Ғарб пайдо мешуд, зуд тарҷимаву нашр мекард ва хонандаи тоҷик аз ҳамаи ин маҳрум гардида буд. Тоҷикон ба умеди он монданд, ки кай русҳо аз забонҳои аврупоӣ баргардон меунанд. Русҳо бошанд, аксар дер ба чунин кор иқдом  менамуданд, чун монеъаҳои идеологӣ буданд.