суббота, 10 октября 2020 г.

Элита ё худ нухбагон

Миллатро дар сурати як ҷисми биологии одам пеши назар оред.

Сар – рӯшанфикрон яъне аҳли илму адаб, ки нухбагонаш мағзи мавкуравии онанд.

Дар замони бостон дар ҷаҳон  асосан ду империя яъне ду салтанати машҳур буд – салтанати Рум ва салтанати Форс. Ин салтанатҳо доим дар ҷанг буданд. Дар ҷои ҳозираи Туркия давлати Мод буд ва марзи Эрон ҳособ меёфт. Онро билохир Рум соҳибӣ кард. Искандари Макдунӣ омад ва салтанати Порсро ишғол намуд. Искандар аз тоифаи нухбагон буд, ӯ дар роҳбарӣ фикри дигар саркардаҳоро ба инобат мегирифт ва ба ҳамин сабаб дар ҷангҳо ғалаба мекард. Муаллимонаш файласуфони машҳур буданд.

Дар салтанати Форс бошад, шоҳаншоҳ  сояи худо дар рӯи замин буд, худро аз ҳама донишмандон донотар меҳисобид, ба мисли Искандар бо нухбагон маслиҳат намекард ва дар натиҷа артиши Форс бо вуҷуди дар силоҳ ва теъдоди сарбозон бартарӣ доштан ҷангро бохт. Баъди вафоди Искандар салтанати ӯ пора-пора шуд. Бо вуҷуди ин дар Аврупо салтанати Рум бузургтарин сохти давлатдорӣ буд. Корҳои давлатдорӣ бо маслиҳат дар парлумон, ки Сенат ном дошт пеш мерафт. Сенат аз элита, яъне нухбагон иборат буд. Аммо бо муруро замон дар Сенат одамони рӯшанфикр кам шуданд. Шоҳоне ба майдон омаданд, ки сухани Сенатро ба як пули пучак намегирифтанд. Ва билохир яке аз онҳо аспашро ба Сенат овард ва гуфт: ин ҳам сенатор аст.

Ва сар шуд инқирози салтанати Рум.

Дар Рум ҳодисае рух дод, ки дигар нухбагони он сабабашро дарёб карда наметавонистанд. Аз элита дигар фарзанд таваллуд намегардид, зеро ки дар зарфҳои қӯрғошим об менӯшиданд, ғизо мехӯрданд. Заҳри қӯрғошим намегузорад, ки фарзанд шавад. Аммо дигар дар Сенат донишманде набуд, ки дар ин бора мулоҳиза  кунад, ҳушёр диҳад.

Ҳамин тавр дар салтанати азимтарини олам Рум нухбагон пир шуда мурданду давлат низ хароб гардид.

Нухбагони миллатҳои Осиёи Марказиро мадрасаҳо олии шаҳрҳои бостонии он тайёр мекарданд.

Рӯзе, ки лашкари Русия (соли 1868) лашкари Самарқандро шикаст дода ба шаҳр даромад, афсарони он фармон мегиранд, ки ба қасри ҳоким не, ба мадрасаҳои Регистон ҳуҷум кунанд ва ҳамаи мударрису муллоҳоро кушанд.

Инро бинед, дар ҳамон давр ҳокимонамон элитаро ба ҷанг намефиристодаанд, чӣ хеле ки сарро зери каскаи оҳанӣ мегиранд, онҳоро эҳтиёт мекардаанд.

Дар он рӯз ҳар касе, ки дар мадрасаҳои Регистон буд, кушта мешавад. Ҷӯи хун дар Регистон равон мешавад.

Баъд нухбакушӣ дар замони амир Олимхон ва режими сталинӣ – болшевикӣ давом кард. Ҳазорҳо муллоҳои дар мадрасаҳо таълимгирифта бадарға ва парронда шуданд.

Миллионҳо китобҳои бо хати форсии арабӣ навишташуда сӯзонда шуданд. Мавҷудияти нухбагоне чун Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Садриддин Айнӣ, Абдуқодир Муҳиддинов ва чанде дигар асоси элитаи ояндаи тоҷик шуданд. Нухбагони миллатсоз.

Ленин даъво мекард, ки ҳар як ошпаззан давлатро идора карда метавонад.

Таърих исбот кард, ки ин тавр нест. Агар танаи инсонро миллат гӯем, пас дастон коргарону деҳқононанд. Дастро чӣ хел ба ҷои калла гузошта метавонед?

Барои мисол мегӯям.

Ҳамин тавр элитаи камхиради шӯравӣ салтанати болшевикҳоро ба завол овард, ки худ шоҳид будем.

- Маро накушед, ман халачӯби шумоям!- мегуфт Суқрот.

Порлумоне, ки бояд ҳукми марги бузургтарин файласуфи олам Суқротро мебаровард, аз одамони бесаводи оддӣ иборат буд. Онҳо ба куштани Суқрот овоз доданд.

Гуноҳаш он буд, ки дигарандеш буд.

Дар Тоҷикистон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бисёре аз рӯшанфикрон кушта шуданд. То ҳол қисме аз онҳо дар кишварҳои бегона умр ба сар мебаранд.

Хушбахтона Интернет ҳасту онҳо имкони баёни фикри худро доранд.

Моро мебояд онҳоро эҳтиёт кунем. Онҳо низ инсонанд, баъзан хато мекунанд. Набояд хатоҳои онҳо боиси беобрӯ кардан ё таъқиб гардад.

Генералу профессору доктору ҳокимони зиёде ҳастанд, ки мутафаккир не.

Нухбагони тоҷик дар теъдод зиёд не, зеро мутафаккирони ростин каманд!

Онҳоро эҳтиёт кунем!

 

Комментариев нет: